Нашрияи Омӯзгор

Риёзидонӣ гарави комёбист

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Математика ҳаргиз бо зӯрӣ азёд намудани ҷадвали зарб, қоидаю қонун ва формулаҳои математикӣ набуда, балки мантиқан моҳияти ҳисобҳои гуногунро чуқур дарк намуда, дар амал истифода бурдан аст. Агар хонанда фанни математикаро дӯст дорад, ӯ дар шахсияти худ мустақилият, ташаббускорӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, суботкорӣ, тартибу низом ва сарфаю сариштакорӣ, бартараф кардани душвориҳо ва дигар хусусиятҳоро пайдо мекунад.

Вазифаи асосии омӯзиши математика дар синфҳои ибтидоӣ дар хонандагон ташаккул додани малакаҳои ҳисобкунии шифоҳӣ ва хаттӣ мебошад.

Дар синфи якум хонандагон ададҳои хурдро меомӯзанд ва аз ин рӯ, ҳисобкуниҳо асосан бо усулҳои шифоҳӣ иҷро карда мешаванд.

Ҷамъу тарҳи хаттӣ аз синфи дуюм сар шуда, дар синфҳои сеюм ва чорум малакаҳои ҳисобкунии хаттӣ инкишоф меёбад ва баробари ин, қобилияти ҳисобкунии шифоҳӣ такмил мепазирад. Ҳисобкунии шифоҳӣ бояд ҳар дарс мунтазам гузаронида шавад. Хонандагон бояд ҳисобкунии  ҳадафмандонаро истифода бурда, ба тариқи шифоҳӣ дуруст ва зуд ҳисоб карда тавонанд. Дар синфи якум масъалаҳои якамала оид ба ҷамъ ва тарҳ дар доираи ададҳои аз 10 то 20 иҷро карда мешаванд. Дар синфи дуюм масъалаҳои якамала ва дуамала ҳал карда мешаванд, ки ин нисбат ба синфи якум мураккабтар аст. Хонанда бояд аз расму ашёи гуногун истифода бурда, масъалаҳо тартиб дода тавонад. Оид ба масъалаҳои тартибдодааш саволҳои шифоҳӣ дарёфта, тариқи ҳалли амалҳоро гуфта, масъалаҳоро бо мавзӯъ ва ҳаёти ҳаррӯза алоқаманд карда тавонад. Хонандагони  синфҳои сеюм ва чорум бояд матни масъалаҳоро дар нақша ва ҷадвал тасвир карда, саволҳоро аниқ ифода ва ҳал карда тавонанд. Ҳамин тавр, вобаста ба омӯзиши математика (риёзӣ) хонандагон дар зинаи аввали таҳсилот бояд:

-хондан, навишвтан, ҳисоб ва муқоисаи ададҳоро донанд;

-мақсад ва фикри худро саҳеҳ ифода намоянд;

-ҳисоби даҳӣ, хондани ададҳои натуралӣ ва сифрро донанд;

-иҷрои чор амали арифметикиро аз худ намоянд;

-ҳисоби шифоҳӣ ва хаттии ададҳои бисёррақама ва хосияти амалҳоро донанд;

-ифодаҳои ҳарфӣ ва ададиро фарқ карда, қимати онҳоро ёфта тавонанд;

-унсурҳои маводи геометриро донанд ва дар ҳаёт татбиқ карда тавонанд;

-дарозиро чен карда тавонанд;

-намудҳои хатро донанд (хати рост, хати каҷ, хати шикаста…) ва тасвир карда тавонанд;

-бузургиҳо ва воҳидҳои онҳоро донанд (дарозӣ, вақт, масса, ҳаҷм, арзиш, миқдор, нарх…);

-бо бузургиҳо масъалаҳо тартиб дода, дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намоянд;

-унсурҳои физикиро донанд (масофа, вақт ва суръати ҳаракат);

-аз уҳдаи тартиб додан ва ҳалли баъзе муодилаҳои сода бароянд.

 

Насиба Маллаева,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш