Нашрияи Омӯзгор

Тафаккури техникӣ - омили рушд

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Фаҳмидану донистани математика, хусусан, чор амали арифметикӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа зарур аст. Банақшагирӣ ва таҳияи буҷети оилавӣ, сарфаю хароҷоти лавозимоти оиладорӣ-хоҷагидорӣ, хариду фурӯши маҳсулот дар бозор, сохтани ҳар гуна асбобу анҷом, бунёди бинои истиқоматӣ ва ғайраҳо донишҳои математикиро талаб менамоянд.

Таҳлилҳои чандсолаи ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки майли довталабон ба равияҳои табиӣ-техникӣ чандон зиёд нест. Довталабон, махсусан, ба кластерҳои 1-ум кам ҳуҷҷат месупоранд. Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” омили муҳими рушди тафаккури техникии хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот мегардад. Дар ҳақиқат, бе азхудкунии донишҳои фанҳои мазкур пешравӣ имконнопазир аст. Барои дар хонандагон парваридани тафаккури риёзӣ, химия, физика, геометрия ва нақша бояд аз тарафи омӯзгорон бодиққаттар омӯзонида шавад. Ғайр аз ин, мо бояд хонандагонро водор намоем, ки ғайр аз китобҳои дарсӣ адабиёти бадеии ба ин фанҳо алоқамандро мунтазам мутолиа намоянд.

Математик, олими намоёни рус С. Ковалевская қайд кардааст, ки “То табиатан шоир набошӣ, математик шуда наметавонӣ”. Аз ин лиҳоз, мо бояд хонандагонро водор намоем, аз натиҷаи мутолиаашон бохабар шуда, саволҳои худро пешниҳод намоянд, ҳамзамон, ҳар як саволро босаброна гӯш карда, таҳлил ва объективона фаҳмониданамон лозим аст, зеро ки омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад.

 

Абдушафӣ ХОКИЕВ,

омӯзгори мактаби №59,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш