Пешрафти илму техника ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ аз хонандаи имрӯза заковат, борикбинӣ, мушоҳидакорӣ ва дарки амиқи воқеоти рӯзмарраро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, раванди таълиму тарбия дар мактаб бояд бомақсад, рангину пурмазмунтар ва демократитар ба роҳ монда шавад.
Ин ва дигар заминаву омилҳо боиси он шуданд, ки дар фазои таълиму тарбия ба ғайр аз усулҳои анъанавии таълим усулҳои ғайрианъанавии таълим-усулҳои фаъоли таълим арзи вуҷуд намоянд.
Татбиқи усулҳои фаъоли таълим имрӯз дар бисёре аз мактабҳои ҷумҳуриямон сурат мегиранд ва яке аз пурсамартарин роҳҳои демократикунонии ҷараёни таълиму тарбия ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷараёни татбиқи таълими фаъол муаллим ва хонанда дар муҳити муносибатҳои нав-якҷо фаъолият мекунанд, шавқманд мешаванд, хонандагон барои изҳори ақидаи шахсии худашон ҳавасманд мегарданд. Татбиқи усули фаъоли таълим аз омӯзгор эҷодкории пурсамар, мушоҳидакории амиқ ва дигар рафторҳои наҷиби педагогиро талаб мекунад.
Ба як сухан, дар ҷараёни татбиқи усулҳои фаъоли таълим, омӯзгор коргардонеро мемонад, ки саҳнаҳои ҷолибу пурмазмун эҷод намояд ва хонандагон ҳунармандонеро мемонанд, ки дар саҳна нақшҳои назаррабо меофаранд. Ба мисли он ки ҳунарманд дар мавриди нақшофарӣ мехоҳад бо нутқи буррою равон, маҳорату малакаи касбӣ ва фалсафаи амиқи эҷодӣ диққату эътибори тамошобинонро ба худ ҷалб созад, хонанда ҳам мехоҳад бо тариқи баёни озод, фикрронии ҷолиб, дарки амиқ, малакаҳои мушоҳидакунӣ диққату эътибори омӯзгор ва шарикдарсонашро ба худ ҷалб созад. Дар раванди татбиқи таълими фаъол хонанда метавонад аз шарикдарсонаш биёмӯзад ва ба онҳо биёмӯзонад. Татбиқи усулҳои фаъоли таълим хонанда ва мавқеи ӯро дар раванди таълиму тарбия ниҳоят боло мегузорад, хонанда дар ин раванд худро шахси озоду комилҳуқуқ меҳисобад.
Дарси татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар зинаҳои кори гурӯҳӣ, нақши иҷрокунӣ, ҳуҷуми фикрӣ, муҳокимаронӣ, бозӣ, инкишофи малакаҳои мушоҳидакунӣ ва хулосабарорӣ амалӣ мегардад.
Усулҳои фаъоли таълим маҳорату амалҳои гӯш кардан, хондан, навиштан, баҳс кардан, ба саволҳо ҷавоб додан, саволҳо додан, бозӣ кардан, истифодаи мавод ва хулосабарорӣ, малакаҳои дарк кардани хубию бадӣ, ҳамкорӣ ва кор дар гурӯҳ, фикрронии танқидӣ ва эҷодӣ, худназораткунӣ, равобит, аз зери фишор баромада тавонистан, аз ҳолати шадид ва ҳаяҷон баромадан донистани қобилиятҳои шахсӣ, мулоҳизаҳои хуб, боварӣ ба аҳамияти арзишҳои фарҳангӣ, гуфтушунид, барқарорсозии муносибатҳои дутарафа, тақсимоти вақт, боварӣ ба аҳли ҷомеа пайваста инкишоф мебахшад.
Гулнора Ҳалимова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №75-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр