Нашрияи Омӯзгор

Баҳр дар пиёла

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ашъори устод Лоиқ уқёнусест, ки аз қаъри он ҳанӯз на ҳама лаълу марворидҳоро дарёфтаем. То имрӯз басо гавҳари ноёб паси пардаи ниҳон дар интизори кашфанд. Лоиқ тавассути ашъори  баландпояаш инсонҳоро даъват мекунад, ки дар шаби зулмонӣ машъал бишаванд. Дар ҳамин асос ба ҳама роҳравон роҳи сафед мехост. «Модар яктост, Тоҷикистон яктост», - гуфтанаш, ҳар санги Ватанро мисли ҳайкал тавсиф кардану пиндоштани шоир аз маҳбубияти ватанпарастонаи ӯ дарак медиҳад. Кош, дар ин рӯзҳои шукуфоии кишвар устод мебуданду ин ҳама пешрафт ва ободии диёрро ба риштаи назм мекашиданд.

Имрӯз   садои махмалини ӯро ёд мекунем. Симои хирадмандонаи ин шаҳбози дунёи шеър дар «Хонаи чашм» ҳувайдо мегардад. «Ангораҳо» моро ба «Рӯзи сафед» мепайвандад. «Хонаи дил» аз «Офтобборон» мунаввар мегардад. «Резаборон» ба «Хоки Ватан» файз мебахшаду ба наво меояд. Аз танини ин наво садои «Нӯшбод» ба саҳми «Марди роҳ» мерасад. Ва ӯ масрурона фарёд мезанад, вале «Фарёди бефарёд-рас» дорад. «Ману дарё» мегӯяду моро ба «Соҳилҳо» мехонад ва ҳушдор медиҳад, ки ҳама бахту кушоиш ва «Сари сабз» аз «Дасти дуои модарон» аст. Ӯ меояд аз дуриҳои дур, дар даст «Ҷоми Хайём» ва аз ин ҷо нӯш карда ба «Илҳом» меояд. Шеъри «Девони дил»-и худро зам-замакунон дар «Варақи санг» ҳаккокӣ менамояд. Аз «Аввалу охири ишқ» нақл мекунад.

Лоиқ аз ҷумлаи шуароест, ки бо шеъри нави нимоӣ ба дурустӣ ошно буд. Вай огоҳона ба зарфиятҳои забонӣ ва вазни шеъри нимо расида буд. Медонист, ки ин забон ва шикастани афоъили арӯзӣ ва наздик шудани шеър ба наср ва зеҳнҳо аз зиндони авзони арӯзии классик озод мекунад ва ба зеҳну забони шоир иҷозаи авҷ гирифтани уқобвор медиҳад.

 

Некрӯз ТУРСУНЗОДА,

омӯзгори мактаби

Президентии шаҳри Кӯлоб,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш