Нашрияи Омӯзгор

Забони ноби шеър

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Муҳаққиқон ба паҳлуҳои гуногуни ашъори Лоиқ Шералӣ баҳои сазовор дода, ӯро яке аз шоирони ширинкалому навҷӯю навовари кишвар ҳисобидаанд, ки дар рушду нумуи шаклҳои шеърӣ – ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва ғайраҳо хидмати шоиста кардааст. Шоир, воқеан, дар ашъори хеш беҳтарин, шевотарин, гӯшнавозтарин вожаю ифодаҳоро мавриди истифода қарор додааст ва дар калимасозию ибораороӣ ва бамавқею бамаврид истифода бурдани воситаҳои забонӣ эҷодкориҳои ҷолиб кардааст. Ба ифодаи дигар, хулоса карда гӯем, таркиби луғавии осори шоир басо ғаниву серпаҳлу мебошад.

Устод Лоиқ аз тамоми сарчашмаҳои пурфайз – осори адибони бузурги пешину муосири кишвар, аз эҷодиёти шифоҳии халқ, шеваҳои забони тоҷикӣ, зарбулмасалу мақолҳо, таҷрибаи адибони рус ва халқҳои дигар моҳирона истифода бурдааст. Ҳамчунин, калимаҳои гуфтугӯӣ, адабии китобӣ, вожаҳои арабии маъмул ва луғатҳои русӣ – байналмилалӣ низ ғизобахши осори адиб мебошанд. Устод Лоиқ бар асоси қолабҳои калимасозии дар забон мавҷуда ва баъзан худ вожаҳое сохтааст, ки хоси услуби ӯянд. Фақат устод Лоиқ метавонист калимаю ифодаҳое офарад, ки нав ва ҷавобгӯи назариёти калимасозӣ мебошанд.

Устод Лоиқ дар калимасозиву ибораороӣ тозакориҳои зиёде дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар нуктаҳои ишорашуда шоир бозёфтҳои фаровоне дорад. Ӯ нисбат ба адибони ҳамкору ҳамсолонаш дар ин кор қадамҳои устувор гузоштааст ва шоҳкориҳо кардааст. Намунае чанд : наҳри сухан, чашми сӯзан, кӯраи ташвишҳо, ғамшарик, оҳанраҳ, шаббош, дубара, пасочини боғҳо, ризқпаймо, кирои боз гуфтан, дуроҳ, барчош, ҳота, тармим, сабча, дарбачча, роҳи мумӣ, мавҷгир, шалпар, кӯлӣ, канду, фалахмон, латма задан, фармони мошин, мағзи дил, тирамоҳи заркокул, бофидаи кунгура, фанд, зиндадаргӯр, аъмоқ, фарёди таболуд, рағм, асвод, меъод, мазҳар, матрук, хомталош, тақсир, мақсур, тарозубаркаш, ғиром, маътал, лайс, мута, вожун, ворун, матрук, навошиқ, кайҳонкушо, донишписанд, гӯрҳамсоя, қонунгар, хушкистон, користон ва ғайраҳо.

Зимни мутолиаи «Куллиёт»-и устод Лоиқ Шералӣ диққати моро вожаҳои русӣ - байналмилалӣ ба худ ҷалб кард.

Аз рӯи шумори мо дар «Куллиёт»-и шоири намоён Лоиқ Шералӣ дар ҳудуди 48 вожаи русию байналмилалӣ истифода шудааст. Аз миқдори зикршуда 23 калимаи он дар шакли асл, яъне бе иштироки воситаҳои калимасозии тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифтааст: артист, поезд, вокзал, атом, бомба, балкон, «Белаз», тролейбус, комунист, КМБЮРО, журналист, газета, телефон тунел, буфет, ресторан, баллада, кино, диплом, радио, бирка, комунизм. Таъкид кардан бамаврид аст, ки баъзе аз ин калимаҳо чандин маротиба (масалан, дар шеъри «Меҳвари дунё» вожаи камунист 13 маротиба такрор шудааст, вале якто ҳисоб карда шуд) такрор гаштаанд.

Аз миқдори умумии вожаҳои истифодашуда 20 калима мутобиқи талаффузи тоҷикӣ ва ё тибқи тақозои вазни шеър ё бо илова гаштани воситаҳои калимасозии забони тоҷикӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ ба назар расидаанд, ки инҳоанд: гиторӣ, рокетҳо, лазерӣ, мошин, тонк, милён, МЭЛС Уктобир, Уктябр, телефон, тилфон, телефонӣ, битонӣ, вагонӣ, пилон, румоннавис, милиса, ренген, медол, синтетик, посгоҳ.

Як нуктаро зикр кардан лозим аст, ки аксаран истифода шудани ин ё он вожаи русию байналмилалиро мавзӯи ашъор талаб кардааст. Бо мурури замон устод кӯшидааст, ки аз истифодаи вожаҳои мазкур худдорӣ намояд. Масалан, ба ҷойи вожаи «чамадон», «поезд», «портфел», «сумка» шакли тоҷикиаш «ҷомадон», «қатора», «ҷузвдон» ва «киф»-ро истифода кардааст.

Дар шеъри «Бонги ожир», ки соли 1973 бахшида бар асари рӯйдодҳои Чили таълиф гардидааст, вожаи «гиторӣ» истифода шудааст, ки онро наметавон ба шакли дигар гуфт ва навишт. Чун сухан дар бораи аҳли санъат аст, аз ин хотир вожаи мазкур бамавқеъ корбаст гардидааст:

Аҳли санъатро ба куштор оваред,

Панҷаи марди гиториро буред?!

Вожаи «артист» ҳам дар шеъри «Дар девори театр» вобаста ба мавзӯъ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки бамавқест. Азбаски «ҳунарманд», «бозигар» маънои «артист»-ро пурра инъикос намекунанд, бинобар ин, шоир ифодаи «артист»-ро мувофиқ донистааст.

Ҳама артист андар зиндагонӣ,

Ба сад оҳанг санъат менамояд.

Калимаҳои «вокзал», «поезд», «атом», «бомба», «балкон», «Белоз» «журналист», «газета», «тунел», «буфет», ресторан», «баллада», «кино», филм «тонк» ва амсоли инҳоро наметавон номи дигар гузошт. Ин аст, ки шоир калимаҳои русӣ - байналмилалиро дар шакли аслӣ ва баъзан тибқи талаффузи тоҷикӣ бо тақозои қоидаҳои авзони шеър ва ё бо иловаи воситаҳои калимасозии тоҷикӣ мавриди истифода қарор додааст.

Калимаҳои «тунел», «радио», «мошин», «балкон», «буфет», «ресторан», «камунизм», «комунист» ва амсоли инҳо аз рӯи зарурат ва мувофиқ ба мавзӯи шеър дар ашъори шоир истифода шудаанд:

 …Шумо шоҳид, ки ҳозир омадам ман,

 Дар он дунё буфету ресторан нест.

 ххх

 Як сӯ тунелҳо

 К-омадаанд Вахшро яксар фурӯ баранд,

 Фардо паёми нурро чун муждаи саҳар

 Қад-қадди сим ба манзили ҳар нурҷӯ баранд.

 ххх

  Чу гӯяд радио «вақти Душанбе»,

 Набинам бурҷи соатхонаашро.

 ххх

Ҳақ ба ҷониби адабиётшинос, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст, ки дар сарсухани «Куллиёт»-и Лоиқ Шералӣ менависад: «...ҳанӯз шеъри Лоиқ ва шахсияти эҷодии ӯ ба дурустӣ ва тамомӣ шинохта нашудааст».

 

Хуҷабӣ КАРИМОВА,

дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав,

Дилбар НУРИДДИНОВА,

омӯзгори мактаби №16,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш