Нашрияи Омӯзгор

Сайёҳӣ самаровар аст

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Сайёҳӣ дар замони муосир соҳаи муҳиму сердаромад маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушд додани иқтисодиёт ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат нақши бузург гузошта метавонад.

Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ба ин самт зиёд гардида, ҳоло ба ҳиссаи он  тақрибан 7%-и  сармоягузориҳои ҷаҳонӣ рост меояд. Мувофиқи таҳлили коршиносон ва созмонҳои фаъолияташон ба ин соҳа махсус гардонидашуда, дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ,  сайёҳӣ аз рӯи даромад дар зинаи сеюм қарор дорад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бошад, дар соли 2015  дар саросари ҷаҳон шумораи сайёҳон ба 1,2 млрд нафар баробар  гардида, ба кишварҳои қабулкунанда 1,5 трлн доллари америкоӣ  даромад овардааст. Инчунин, ҳудуди 9%-и ҷойҳои корӣ дар ҷаҳон ба ташрифоти сайёҳон рабт дода мешавад. Бояд гуфт,ки дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ  ду навъи он фарқ карда мешавад: Байналмилалӣ ва дохилӣ.

Аз  инҳо навъи туризми дохилӣ  талабгорони зиёд дошта, бештар рушд намудааст.  Албатта, маълум аст, ки барои туризми байналхалқӣ вақт ва маблағи  зиёдтар лозим аст, вале  туризми дохилӣ бошад, ҳам аз ҷиҳати вақт ва ҳам аз ҷиҳати маблағ камхарҷтару дастрастар аст. Бинобар ин, ҳар кишвар метавонад вобаста ба имкониятҳои худ онро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ҳавасмандкунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид рушд диҳад. Дар ин самт мо  метавонем  ҳамсоякишвари худ Ҷумҳурии мардумии Чинро намуна орем. Дар ин кишвар аз 60 млн ҷои корие, ки шомили сайёҳист, 73% ё худ 40 млн-аш  ба сайёҳии дохилӣ рост меояд. Яъне сайёҳии дохилӣ низ метавонад ҳамчун омили мусоидаткунандаи даромади иловагӣ ва коҳишдиҳии сатҳи бекорӣ бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванди тайи даҳсолаи охир босуръат рушдкунанда қафо монданӣ нест.

Дарвоқеъ, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун як кишвари рӯ ба рушд имкониятҳои зиёди истифоданагардида дорад.  Истифодаи имкониятҳои мавҷуда  метавонад Тоҷикистонро ба кишвари сайёҳӣ  табдил дода,  рушди иқтисодиро устувор  ва динамикаи  сафи бекорию муҳоҷиратро ба ҷониби мусбат  коҳиш диҳад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба ин соҳа бештар гардида, барои ноил гардидан ба рушди он чораҳои судманд  андешида истодааст.  Аз ҷумла, аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда то қабули санадҳои нави  марбути соҳа.  Ҳамчунин, намунаи олии ин таваҷҷуҳро дар эълон гардидани соли равон  ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  дидан мумкин аст.

Сайёҳӣ як роҳи самаранок буда, фоидаи зиёд меорад:

1. Ворид гардидани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ (дар навъи туризми байналмилалӣ).

2. Баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум.

3. Ба вуҷуд омадани ҷойҳои кории нав ва бо ин восита коҳишёбии сатҳи бекорӣ.

4. Муаррифии  табиат, расму оин ва фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён дар навъи туризми байналмилалӣ ва шиносоӣ  бо табиат, расму оин ва фарҳанги  маҳаллӣ  дар навъи туризми дохилӣ

Аз ин рӯ, иқдомоти пешгирифтаи Давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззам бисёр наҷибона мебошад ва мо, ҷавонон, ҷонибдори ҳамешагии чунин амалҳои созанда буданамонро иброз медорем.

 

Ёдгори САИДАМИРХӮҶА,

омӯзгори мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш