Нашрияи Омӯзгор

Тӯфонзамир

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 837        Шарҳ: 0

 

Аз рӯзгору осори бузургворе чун зиндаёд устод Лоиқ саҳфа рангин намудан коре басе гарон аст. Марг дар айни камолоти эҷодӣ суханвари ормонгарои миллатро аз миёни мо рабуд.

Ҳамон шабу рӯз бо дӯсти донишманде аз бармаҳал рафтани устод Лоиқ сухан кушода, афзудам, ки эй дареғо, шоири халлоқу ошиқи ин марзу хоки аҷдодӣ ормонҳои миллии хешро бо худ бурду бо хомӯшон пайваст. Он дӯст бадоҳатан посух дод, ки устод Лоиқ рисолати фарзандии хешро дар пешорӯи ҳамватанон бо шоистагӣ анҷом дод ва ин хидмати ӯ, то одаму олам ҳаст, ба имрӯзиёну пасояндагон чун зангӯлаи бедорӣ ифои вазифа хоҳад намуд. Ин қазовати мунсифона маро хуш омад, каме ҳам бошад, таскини қалбам гардид.

Он лаҳза маро панҷоҳумин солрӯзи мавлуди устод Лоиқ ёд омад, ки дар кохи шукӯҳманди Борбад бо ҳузури теъдоди бешумори ҳаводорони ашъори шӯрангезаш баргузор гардида буд. Ҳатто роҳравҳои толор пур аз дилбохтагони шеъру сухан буд. Роҳбари вақти кишвар Қаҳҳор Маҳкамов бо аъзои ҳукумат дар ин шабнишинии хотирмон иштирок доштанд.     Устод Лоиқ бо як тамкинии ба худ хос шеър қироат мекарду ташнагони шеъри нобаш бо тамоми ҳастӣ гӯш ба садои фараҳбахши шоир фаро дода буданд. Шунидани шеъри шоир аз забони худи гӯяндаи он кайфияти дигаре доштааст. Ин ҷо ба орият суханони мунаққиди маъруфи рус Александр Михайловро меорем, ки фармудааст: «Ҳатто бузургтарин нотиқон ва ровиёни шеър ҳам қодир нестанд шоирро, дар ҳангоме ки ӯ шеъри худро мехонад, иваз бикунанд». Воқеан ҳам, бо лаҳни шоир хондани шеър аз ҳиссиёти дарунии шоир шунаванда огоҳии комил пайдо намуда, аз чашмаи шодобкунандаи он нӯш мекунад. Осори ба таърихи пурифтихори диёр бахшидаи шоир касро беихтиёр ба сайри таърихи куҳани ниёгон мебарад. Шоир фахр аз он мекунад, ки бо ҳама ҷабри аҷнабиён ва аз миёни он ҳама кӯриҳои нотавонбинонаи таърих миллати азияткашидаи тоҷик амон ёфт ва дар идомаи насли аҷдод раҳнамову раҳкушо гардид.

Шеъри «Оли Сомон» муассиртарин офаридаи шоири қодирсухан маҳсуб меёбад, ки аз рӯзгори нишотбори аҳди дурахшони Сомониён, ин сулолаи ғурурофарину бо нангу номуси ниёгонамон ҳикоят мекунад.  Дар фарҷоми шеър шоир бо андуҳи гарон меафзояд:

Оли Сомон!

Давлати навкисаву навхонагон,

Давлати навдавлату навхоҷагон,

Кӯдаки якрӯзаи таърихи тоҷик,

Зодрӯзат ёд бодо,

Ғӯрамарго, ғӯрамарго!..

Ғояти иқболи мост, ки пас аз ҳазору анд сол боз ба истиқлолияти комили давлатӣ даст ёфтем. Ин фархундарӯзро Лоиқи меҳанпараст бо хушҳолӣ истиқбол намуд ва ин рӯзро ба шодихорони миллат таҳният хонд.

Маҳфили шеъру сухан бо камолу ҷамол ҷараён дошт. Пас аз хатми ҳар шеър кафкӯбиҳои гарми мухлисони каломи шоир дар толор ғулғула меафканд. Дар вопасин лаҳзаҳои маҳфил суханони як суханшиноси эронтабори сокини Амрико бо ҳаяҷон баён дошт: «Солиён аст, ки дар кишварҳои Аврупою Амрико дар маҳфилҳои шеъру суруд ҳузур менамоям. Маро бори нахуст иттифоқ афтод, ки барои ба дидори шоир расидан ва аз ашъори намакини ӯ суд бардоштан ин қадар одамони бисёр бо ҳам омада бошанд. Дуруст аст, ки барои як сарояндаи мумтоз шефтагони он ҳунарманд бо теъдоди афзун ҷамъ меоянд. Вале аз баҳри шунидани шеъри шоир бо миқдори беадад ғун омадани тӯдаи одамонро акнун ба чашми сар дидам. Зиҳӣ, Лоиқи ширинсухан! Зиҳӣ шоири фарҳангсолори миллати тоҷик!»

Ростӣ, бардошти ин меҳмон аз он маҳфили ёдмон аз шоири фавқулода шуҳратёр будани устод Лоиқ гувоҳӣ медиҳад.

Моҳи майи соли 2006 шаступанҷумин солгарди зодрӯзи шодравон Лоиқ дар шаҳри бостонии Панҷакент бо иштироки аҳли илму адаби кишвар, меҳмонони хориҷӣ ва сокинони ноҳия мунтантан таҷлил гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз сомондиҳандагони ин ҳамоиши адабӣ- фарҳангӣ буд, ки он дар сатҳи олӣ ташкил ва баргузор ёфт. Нахуст парда аз рӯйи муҷассамаи устод Лоиқ бардошта шуд. Аҷиб он буд, ки ёдбуди шоир на дар қасри фарҳанг, балки дар фазои кушод рӯ ба рӯи муҷассамаи шоир гузашт.

Он замон мулки бостонии Панҷакент ҷашн дошт, рӯзи гиромидошти шоири тавонои худро бо камоли фархундагӣ таҷлил мекард. Ҳама ҷо сухан аз Лоиқ буд ва муҳитро шеъри рӯҳпарвари Лоиқ ғулғула меафканд. Чандин баҳорест, ки бе ҳузури мубораки сарояндаи баҳору шукуфоӣ мегузарад ва ба фармудаи ғамолудаи шоираи нозукхаёл Гулрухсор:

Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун,

Бо таронаи борон ёди шоири мо кун.

Асру лаҳза яксон аст дар радифи бемаргӣ,

Эй ҳарифи бемаргӣ, лаҳзаро таманно

кун!

Эй баҳори бе Лоиқ,

Гулнисори бе Лоиқ!

Пиру барнои диёр бӯю таровати шеъри Лоиқро мешамиданд ва ровиёну сарояндагони ашъори шоир бо санъати нотакрорашон ба муштоқони шеъру сухан армуғон ҳадя медоштанд. Бардошти ҳамагон аз ин маҳфил он буд, ки Лоиқи бузург бо шеъри оламгираш, бо рӯҳи барозандааш, бо номи некаш зиндаву масарратбахши қалбу дидаи ҳар яки мост.

Солҳо пас ҳафтодумин солгарди шоири шуҳратёри миллат дар Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо иштироки аҳли адабу соҳибназарони суханшинос муҳтавоманду муассир баргузор гардид. Рӯзи мавлуди устод Лоиқ  ҳамеша рӯзи шеъру суруд аст. Муҳаққиқони шеъри шоир осори пурғановати ӯро ба маърази андеша гузошта, аз бозгӯкунандаи дарду ормонҳои миллат бо алоқамандӣ ёд мекарданд. Воқеан ҳам, бозтоби дарди миллат дар ашъори ӯ ҷойгоҳи хоса дошта, ба ифодаи саҳеҳи академик Шакурии Бухороӣ: «Лоиқ шоири миллист. Шоирест, ки ҳастии миллии тоҷикони Варорӯдро ба ғояти барҷастагӣ нишон додааст. Тоҷикони Варорӯд як ҷузъи ҷаҳони тоҷикон, ҷаҳони эронитаборонанд. Шеъри Лоиқ низ як ҷузъи адаби ин ҷаҳони бекарон аст».

«Илҳом аз «Шоҳнома»-и зиндаёд Лоиқро метавон аз шоҳкорҳои адабиёти муосир ба шумор овард. Агар бо назари ҳақиқат ин силсилаи ашъори шоирро холисона арзиш диҳем, дармеёбем, ки ба фармудаи адабиётшиноси фозил Фотеҳ Абдулло: «Лоиқ Шералӣ парваришёфтаи донишгоҳи адабии Фирдавсист» ва ин боргоҳи маънавибунёд ҳамагонро ба манзалаи «донишгоҳи миллиест, ки илми меҳандӯстӣ, мардонагӣ, сарфарозӣ ва номусдорӣ меомӯзад». Ҳар пораи ин осори нотакрор моро ба сӯи ҳувияти милливу худогоҳӣ ва ватандориву барозандагӣ ҳидоятгар аст. Кофист, ки танҳо ҳамин байти башархоҳонаи шоирро аз шеъри «Писари ҳаждаҳуми Кова»  гӯшзад ба ҳамзамонон намоем, ки «Кова зиндаасту нахоҳад мурдан» аз ин рӯ, шоир Коваи оҳангарро ситуда, сулҳу сафоро ба аҳли башар умед медорад:

Кова як Коваи Фирдавсӣ нест,

Кова исёнгари ҳар даврон аст,

Шеъри Лоиқ аз гузаргоҳи одамият ҷониби маънавият ҳамвора роҳ ҷустааст. Суханвари инсонгаро бо лаҳни ба худ хос шарики ғаму дарди абнои башар буда, дар шеъри «Дар шаби борон» бо ҳасрат мефармояд:

Модарам! Модари биҳиштиям!

Осмон боиси чӣ гирён аст?

Ашки ту бас набуд, ки дар дунё

Боз борону боз борон аст?...

Осори насрии устод Лоиқ низ қобили таваҷҷуҳ ва шоистаи мулоҳизаи хос аст. Шоир дарди миллатро фақат дар қолаби шеър баён надоштааст, балки дар мақолаҳое чун пешгуфтор ба китоби пурмояи «Хуросон аст ин ҷо»-и академик Муҳаммадҷон  Шакурӣ ва муқаддима ба китоби «Таърихи тоҷикон бо муҳри «комилан сиррӣ»-и таърихнигори ҷасури миллат Раҳим Масов бозгӯ намудааст, ки мутолиаи он ҳар соҳибназареро ба жарф андешидан гирифтор мекунад. Моро ҳушдор аз он медиҳад, ки дар шинохти аслу насл ва аз сарнавишти миллати хеш огаҳии пухтатаре дошта бошем, то ба саҳву хатое роҳ надиҳем. Муҳофизи виқору ғурури тоҷиконаи хеш, посдори расму оин ва нигаҳбони арзишҳои моддиву маънавии миллат бошем. Ба қазовати саҳеҳи фозили эронӣ Алиризо Қазва, «бидуни иғроқ, он наср яке аз беҳтарин ва равонтарин ва ҷондортарин насрҳои муосири тоҷик буд, ки дар посдошти забони порсӣ ва хаму чамҳои он тавфиқи бисёр дошт, вагарна ангуштшуморанд нависандагоне, ки ба ин поя аз муваффақият расидаанд».

Сол аз паи сол барқосо мегузарад. Бовар намеояд, ки шодравон Лоиқ дирӯз бо мо буду имрӯз дар канори мо нест. Шукӯҳу шаҳомати даврони истиқлолро, ки рӯзафзун пешраву мумтоз аст, намебинаду намеситояд. Гумони ғолиб ба он дорем, ки аз ин шукуфтанҳову иқболи накуи Ватану давлат рӯҳи шоири шаҳири миллат шоду мамнун мебошад, зеро ӯ маҳз ҳамин гуна сарсабзии Ватани азияткашидаашро мехост. Ғояти фараҳмандист, ки 80- солагии зиндаёд устод Лоиқ ба 30- юмин солрӯзи истиқлолияти давлатамон тавъам омад ва ин фоли хуҷаста аст.

Перомуни мақоми адабии устод Лоиқ сухансанҷони ватаниву хориҷӣ мақолаву осори зиёде навишта бошанд ҳам, ҳанӯз появу мояи ин фарзонаи равшанзамир ва мақому манзалаташ дар пешбурди афкори ҷомеаи мо муҳаққиқони хешро интизор аст. Месазад, ки ҳамчунин атрофи офаридаҳои шоир таҳқиқоти густурдае анҷом пазирад, розҳои нокушодаи ашъори шоир барои имрӯзиёну ояндагон ошкор гардад. Воқеан, ашъори асили шоири тӯфонзамир бо тамоми ҷилваҳояш дар зеҳну шуури шеърдӯстони рӯзгори мо маскан ёфт ва бидуни тардид соҳиби ин осори пурғановатро дар сафи бузургони олигуҳари шеъру адаби тоҷик ҷовидон пайваст. Шоири бузург ҳаққи рӯҳонӣ дошт, ки ба ҳаммеҳанони адабпарвари хеш қотеона таманно кунад:

Туӣ буду набудам, миллати ман,

Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

Суруди умри ман поён пазирад,

Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Ниҳоят, мехоҳем порае аз сӯгномаи шоири тавонои миллат Искандари Хатлонӣ, ки пас аз марги устод Лоиқ иншо ёфтааст, поёнбахши ин гуфтори мо бошад: «Устоди бузургворам! Ном ва корнамоии инсонӣ ва шоиронаи Шумо дар ёдҳо, дар дилҳо ва дар забони ҳар форсизабон зинда ва ҷовид хоҳад буд».

Ҳасан Ҷӯраев,

номзади илмҳои педагогӣ,

Меҳринисо Гулонова,

устоди коллеҷи омӯзгории ба номи

Хосият Махсумоваи ДДОТ

ба номи Садриддин Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш