Нашрияи Омӯзгор

Фидоии роҳи сухан

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Ба таъбири халқ, дар як мижа задан аз вафоти нобаҳангоми шоири беназир устод Лоиқ Шералӣ бист сол гузашт. Воқеан, вақт бошитоб мегузарад. Адиби ҷавонмарг Ҳабиб Юсуфӣ бо ин эҳсос гуфтааст:

Ҳаёт медаваду меравад,

Ба аспи ҳаёт ҳазор тез ҳам

давад,

Намерасад самалёт...

Инак, мехоҳам чанд пора ёддоштамро дар бораи ин эҷодкори асил, ин адиби хушқариҳа ва басо нуктасанҷ, ин суханвари мумтоз ва ниҳоят, ин шахсияти боҷасорату якрӯйи арсаи сухан баён намоям. Дар робита бо нақли баъзе лаҳзаҳо ва ҷузъиёти вокунишҳои ӯ дар баробари мушоҳидаи носаҳеҳӣ дар навиштаҳову номулоимот дар гуфтору рафтори алоқамандони сухан, ҳамзамон, аз ёру дӯстон, ҳамсинфону ҳамкурсон, ҳамкорону шогирдонашон, ки, шукри Худо, бисёри онҳо ҳоло дар қайди ҳаётанд, хоҳиш доштем, ки ҷиҳати такмили зиндагиномаашон хотираҳои худро рӯйи сафҳа биёранд, то дар мавриди саргузашти устод нуктаи таҳти суол боқӣ намонад.

Ҳамин мавқеъ мехоҳам ба арз бирасонам, ки Лоиқ Шералӣ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгорӣ (акнун ДДОТ ба номи устод Садриддин Айнӣ) мебошад. Таҳсилро аввали солҳои шастуми садаи бист ба поён расондааст. Шарафи донишҷӯйӣ дар ин факулта ба мо (ман, нависанда Абдулҳамид Самад, шоири зиндаёд Султон Шоҳзода, устоди донишгоҳ, адабиётшинос, шодравон Шоҳвалӣ Сайидҷаъфаров ва чанде дигар) нимаи дуюми солҳои шастум насиб гашт. Аммо гуфтугузор дар бораи фаъолияти донишҷӯйӣ ва эҷодии Лоиқ дар фазои факулта ҳанӯз танин дошт. Аз ҷумла, аз забони донишҷӯёни курсҳои болоӣ, чун Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ (шоири маъруф, ёдаш ба хайр), Саломатшоҳ Нилобеков (баъдан Салом Нуриёни Баравнӣ, устоди донишгоҳ, муҳаққиқи бахши адабиёт, рӯҳаш шод бод), дар бораи қобилияту ҷасорати Лоиқ ва дӯсти ҳамсабақаш Ғоиб Сафарзода бисёр чизҳоро фаҳмида будем: бархӯрдҳояшонро бо муаллимоне, ки дар дарс онҳоро қонеъ намекарданд, бо ғурур буданашонро ва ҳоказо. Ҳатто ба гӯши мо ин овоза ҳам расида буд, ки гурӯҳи Лоиқшон нисбат ба дарси муаллими соҳибунвоне аз муассисаи илмии дигар эътироз баён карда будаанд ва... Дар воқеъ, баъди тадриси устодони пешсафи ҷодаи илму маориф, донишмандони забардасти бахши забон ва адабиёт Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Тилло Пӯлодӣ, Носирҷон Маъсумӣ, ки мо худ шоҳиди баёни мустанади илмӣ, сеҳри сухан ва ҷиддияти онҳо дар таълим шудем, ба ҳақиқат доштани он овоза шубҳа накардем. Хусусан, дарси устоди арҷманд Абдулғанӣ Эшонҷонов ангезанда буд. Чун муаллим пасопеш бо адибони бузурги ҳамсоли худ Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода дар дорулмуаллимин таҳсил карда, пас аз як-ду соли омӯзгорӣ барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург роҳхат гирифтаву соли 1940 бахши форсии факултаи филологияи он донишгоҳро бо баҳои аъло ба итмом расонда ва бо дониши мукаммал ба кишвар баргаштаву ба таълиму тарбият машғул шудааст, табъан, дарсаш ба донишҷӯён писанд воқеъ мегардидааст ва шогирдони ӯ машғулиятҳои омӯзгорони камсавияро таҳаммул намекардаанд. Ҷуз ин, ӯ чанд соли умри хешро дар ҷабҳа сипарӣ карда буд ва бо таҷрибаи кофӣ бо шогирдон “бархӯрд” мекард, бо камоли эҳтиёт ба ҷиҳатҳои масоили фарҳангиву миллӣ равшанӣ меандохт, ҷавонони дилогоҳ бо тамоми ҳастияшон ба гапҳои муаллим гӯш фаро медоданд...

Дар заминаи манзури назари мо устод Лоиқ гуфтаҳои ниҳоят бисёр дорад, аммо ҳамин акнун барои тақвияти фикр як сатрро аз ғазалеаш, ки бо радифи «нашуд» анҷом мепазирад, далел хоҳем овард:

Соҳибунвоне фузун дидам, яке

фозил нашуд.

Ин мисраъ ниёз ба тафсир надорад, аммо ҳини ифтитоҳи толор ба ифтихори бузургдошти муаллимамон, номзади илми филология, дотсент Абдулғанӣ Эшонҷонов пас аз дидани матнҳои пурнуқсон, баргардонҳои таҳтуллафзӣ эҳсоси нороҳатӣ кардани устод Лоиқро шоҳид шуда, ба ин дидгоҳҳои ӯ яқин ҳосил кардем. Аз ҷумла, ӯ навиштаҳои носуфтаро дар поёни суратҳои ашхоси намоёни бахши маорифи ватаниву хориҷӣ хонда, оҳи сард кашидаву гуфт:

 - Дунёра бинед, Эшонҷонов дотсенту... профессор (мутасаддии таҷҳизонидани толорро дар назар дошта).

Устод Лоиқ бо бахшҳои таърихи забон, лаҳҷа ва фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамкорӣ дошт ва аз марказҳои эроншиносиву забоншиносии Санкт-Петербургу Маскав бо кӯлабори дониш омадани ходимони ҷавони институт Додихудо Саймиддинов ва Бобоназари Ғаффорро хуш истиқбол кард. Маводи таҳиякардаи онҳоро доир ба таърихи забон бе диранг дар маҷалла (“Садои Шарқ”) ба табъ мерасонд. Пасон ҳар ду чун узви Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ, ки раёсати онро устод Лоиқ бар дӯш дошт, пазируфта шуданд.

Лоиқ дар маҷлисҳои марбут ба масъалаҳои суханшиносӣ ҳатман ширкат меварзид.

Боре дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ мегузашт ва Додихудо Саймиддинов, забоншиноси маъруф гузориш медод. Вақти муқарраршуда ҳоло ба охир нарасида буд, ки раиси маҷлис сухани ӯро бурид:

- Рафиқ Саймиддинов, боз чанд дақиқаи дигар ба шумо лозим аст?!

Раис ҳис кард, ки ин сухани ӯ ба Лоиқ, ки дар паҳлуяш нишаста буд, хуш наомад, боз афзуд:

- Ба Саймиддинов имконият диҳед, гап задан мегирад.

Устод Лоиқ фавран посух дод:

- О, имконият диҳед-да!

Болотар ба таваҷҷуҳи устод Лоиқ ба ганҷинаи забон, аз ҷумла, ба маводи лаҳҷа, гӯийши мардум андаке ишорат рафт. Ин воқеият, ки ҳафтаномаи “Сомон”, нашрияи Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ, вожаномаи лаҳҷаҳоро пайиҳам ба табъ мерасонд, фикр мекунам, ҳоло дар ёди алоқамандони шахсияти ӯ ҳаст. Аммо дар ин замина мехоҳам далели дигарро баён намоям.

Соли 1997 бо устод ҳамсафарӣ иттифоқ афтод. Дар як ҳайати бузург барои таҷлил аз панҷоҳумин солгарди Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад озими ноҳияи Ховалинг шудем. Дар толори фарҳанги ноҳия ҷамъомади бошукӯҳе баргузор гардид. Чун навбати сухан ба устод расид, Абдулҳамидро ба бари худ кашид, дасташро рӯйи шонааш гузошту “ин додараки хушқалами ман аст” – гуфту афзуд:

- Ман ҳамроҳи Ғоибу Ҳабибуллоҳ Кӯлоб бисёр омадаам. Ҳар вақт ки ба Қурбоншаҳид мерасидем, раҳматии Ҳабибуллоҳ беихтиёр ва бо овози баланд:

- Эй Кӯлоб, хокта булапум, - мегуфт. Инак, ман ҳам мегӯям, ки, эй Кӯлоб, хокта булапум бо ин ҷавонмардҳои хубу бонангу орат! (Лапидан дар гуфтори мардуми ҷануби кишвар маъмул аст. Масалан, талқон ё шакарро мелапанд, яъне бе дасту қошуқ хӯрдан. Муш ордро мелапад).

Дар ҷараёни маҳфили шеъри устод Муъмин Қаноат низ, ки дар толори Иттифоқи нависандагон мегузашт, дар симои Лоиқ Шералӣ як адиби далеру неруманд ва нисбат ба рӯйдодҳо бопарворо дидем.

Дили аҳли толор аз қироати шеъри устод ва аз шеваи басо муассири баёни эшон гӯё об шуда буд, ки ҳама моту мабҳут ба сухани устод гӯш фаро медоданд. Аммо ҷунбуҷули майхорае ба фазои орому сокити толор халалҳои ҷонгазо меовард. Ҳозирон аз ин вазъ дилтангӣ мекарданд, лекин ӯ “нағмаҳо”-и худро давом медод. Ҳамин вақт устод Лоиқ боқаҳр аз ҷояш хесту аз дасти он маст гирифта, то даҳани дари баромад бурда, аз толор берунаш кард.

Ин байт:

Аҳли байташ гурусна ҳам

мирад,

Мехӯрад боз ҳам ғами байте, -

бозгӯйи ниҳояти ишқу алоқаи устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба забон, сухан, аҳли сухан ва ҳаводорони шеъру адаб хоҳад буд.

Сулаймон АНВАРӢ,

устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш