Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолият

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои омода намудани мутахассисони зинаи миёнаи соҳаи тиб муваззаф гардидааст.

Он дорои се бинои таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, маркази тестӣ ва майдончаи варзишӣ буда, бо синфхонаҳои лексионӣ, ҳуҷраҳои корӣ, тахтаҳои электронӣ, проектор ва компютерҳо, ҳамчунин,  толори машғулиятҳо дар бинои асосии коллеҷ ва базаи таълимии Маркази бистарикунонӣ ва КАТС – и ноҳия таъмин мебошад. Дар коллеҷи тиббӣ, ки  соли шашум аст дар минтақа  амал мекунад, аз рӯи 3 ихтисос - кори ҳамширагӣ (пас аз хатми синфи 9) ва (баъди хатми синфи 11), кори момодоягӣ ва дорусозӣ муҳассилин таълим мегиранд. 

 Бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди  таълим  солҳои охир дар коллеҷ аз тарафи раҳбарияти он теъдоди зиёди васоити техникӣ – компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо  харидорӣ  шудааст. Дар коллеҷ айни замон 100 нафар омӯзгор фаъолият дорад. Бо мақсади беҳтар намудани раванди машғулиятҳои амалии донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорату малакаи педагогии омӯзгорон маркази таълимию табобатии стоматолог (дандонпизишк) ба истифода дода шудааст. Марказ бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ таъмин буда, ба шаҳрвандон хизмати стоматологӣ мерасонад. Воридсозии низоми кафедравӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорон ва равнақ бахшидан ба корҳои илмӣ - татқиқотӣ имкон дод, ки солҳои охир сифати таҳсил дар коллеҷ баланд гардад.

 Дар коллеҷ 5 кафедра фаъолият менамояд, ки роҳбарии аксари онҳоро мутахассисони дорои дараҷаи тахассуси олидошта ба уҳда доранд. Донишҷӯён ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Аз ҷумла, донишҷӯ М.Қураматзода дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳия ҷойи якум, дар вилоят ҷойи сеюмро соҳиб гардида, дар озмуни  ҷумҳуриявӣ бо мукофоти хотиравӣ  қадр карда шуд.

 Таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи намунавӣ оид ба таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ, ки бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2020, №2 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Айни замон шартномаи ҳамкорӣ оид ба таълими амалӣ ва ҷудо намудани кабинетҳои таълимӣ ба беморхонаи ноҳиявӣ ва КАТС ба имзо расидааст.

 Ҳамчунин, китобхонаи  коллеҷ дорои 1027 ҳазор адад адабиёти  таълимӣ ва китобхонаи электронӣ буда, зиёда аз 250 номгӯй адабиёти таълимиро  дар бар мегирад. Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки коллеҷ ба шумор меравад.

Фаъолияти тарбиявӣ низ дар коллеҷ хуб ба роҳ монда шудааст, ки онҳо бо амалисозии мақсадҳои консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

 

Паригул ТАБАРОВА,

омӯзгори  коллеҷ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш