Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба ҷавонон меафзояд

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қишри асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва саҳми онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва сохти давлатӣ бараъло ҳис карда мешавад.

Бо дарназардошти ин, роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои созандагӣ ҳамчун неруи фаъолу асосӣ, бунёдкорони фардои дурахшон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ташаккулёбии ҳамаҷонибаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, тамоми шароитҳои мувофиқро фароҳам овардааст. Зеро имрӯз таваҷҷуҳ ба ҷавонон кафолат ба фардои дурахшони Ватан буда, тамоми барномаҳои давлатию миллӣ бо такя ба ҳамин неруи созанда тарҳрезӣ ва дар меҳвари сиёсати давлат ҷой дода шудааст.

Яке аз самтҳои асосию афзалиятноки таваҷҷуҳ ба ҷавонон, масъалаи таъмини дастрасии онҳо ба таълиму тадрис ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълими миёнаву олии касбии кишвар мебошад. Имрӯз бо истифода аз ҳукуқҳои конститутсионии худ ҷавонон дар ҳазорон мактабу донишгоҳ, коллеҷу литсейҳо таҳсили илм мекунанд. Агар дар солҳои шуравӣ ҷавонон ҳамагӣ дар 8 мактаби олӣ, якчанд техникуму ОКТ касбомӯзӣ дошта бошанд, пас, имрӯз дар беш аз 40 муассисаи олӣ, даҳҳо коллеҷу литсейи гуногунсоҳа ҳазорон ҷавонон таҳсил намуда, ҳазорон ҷавонони болаёқати дигар дар муассисаҳои беҳтарини таълимии мамолики пешрафта таҳсил илм менамоянд. Баъди донишу касбомӯзӣ, ба зиммаи ҷавонони болаёқат роҳбарии аксарияти бахшҳои асосии хоҷагии халқ бовар карда, вогузошта мешавад.

 Дигар самти асосии таваҷҷуҳ ба ҷавонон, таъмини иштироки онҳо дар ҳифзи Ватан аст. Маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо ҳифзи давлату ҷомеа ва марзу буми кишвар ба зиммаи ҷавонон вогузошта мешуд. Имрӯз ҳам, тибқи қонун ҳифзи Ватан ва музаффариятҳои истиқлолият, таъмини сулҳ, амнияти давлат ва зиндагии мардум қарзи муқаддас ва вазифаи ҷавонон буда, онҳо бо дарки ҳамин масъулияти бузург ҳамчун ворисони сазовори аҷдоди хеш ин рисолати фарзандиву ҷавонмардиашонро содиқона иҷро менамоянд. Фахри мост, ки ҷавононамон Ватанамонро самимона дӯст дошта, бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, бо зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҷавонмардӣ рисолати фарзандиашонро ба ҷо оварда, дар рушди меҳани аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоиштаи мардум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусҳои созанда баҳри баланд бардоштани обрӯю эътибор ва мақому манзалати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон саҳм мегузоранд. Хизмати содиқонаи онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои давлативу миллиамон мисоли равшани ин гуфтаҳо буда метавонад.

Ҳадафҳои стратегии миллиамон дар сохтмонҳои асосии замони истиқлол; НОБу нақбҳо, роҳу пулҳо, корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ низ маҳз тавассути неруи тавонои ҷавонӣ амалӣ мегарданд.

 Имрӯз мо аз фаъолияти созандаи ҷавононамон ифтихор мекунем. Охир, ҷавононамон ояндаи давлату миллат, идомадиҳандагони амалҳои беҳтарини ниёгонамон мебошанд. Маҳз бо дарназардошти саҳми боризи ҷавонон дар ҳифзи Ватан, рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи созандаашон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи ҷавонон бовариву эътимоди қавӣ доранд. Мо насли куҳансол аз ҷавонон умеди калон дошта, ҳамзамон, мехоҳем ҳикмати муҳими зиндагиро таъкид созем: зиндагӣ ба инсон як маротиба дода шуда, онро бояд тавре зист, ки баъди гузашти айём аз рӯзҳои бесамари умри гузашта пушаймонӣ накунӣ. Аз ин лиҳоз, ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда, аз онҳо даъват менамоем, ки аз имкониятҳои ҷавонӣ сазовору бамаврид истифода намоед, хизмати Ватан-Модарро фарзандвор ва ба таври шоиста иҷро карда, бо таҳсилу касбомӯзӣ, меҳнати ҳалолу созанда ба рушду нумуъ, ободу зебо шудани Ватанамон саҳм гузоред.

Ҷамила ҶӮРАЕВА,

устоди ДТТ ба номи

академик М.Осимӣ,

Ҳайдар ХУДОЙҚУЛОВ,

раиси Шӯрои

собиқадорони ВМ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш