Нашрияи Омӯзгор

Ба Ватан содиқона хизмат мекунем!

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷиҳати дастгирии фаъолияти ҷавонони кишвар тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи чунин иқдомҳои шоистаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Истиқлол роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки намояндагони ин қишри ояндасоз дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Имрӯз ҷавононро ҳамчун “неруи пешбари ҷомеа”, “такягоҳи боэътимод”, “ояндаи миллату давлат” ном мегиранд. Мо-ҷавонон хуб дарк менамоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши мо гузошта мешавад. Ин, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузургест ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Маҳз бахти неку толеи баланди ҷавонони мамлакат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи марбут ба ҳаёти ҷавононро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳия ва амалӣ гардидани Стратегия, Консепсия ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар риштаи илм, стипендияҳои номии Президентӣ ва “Дурахшандагон” барои донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон, квотаҳои Президентӣ барои донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, баргузории конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ, нашри маҳсули илмии олимони ҷавон ва амсоли инҳо аз он дарак медиҳанд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд.

Дар ин росто, дар кишвар “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст, ки ба фаъолияти олимони ҷавон таъсири назаррас хоҳад гузошт. Ин олимони ҷавонро водор менамояд, ки бо масъулияти бештар ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пардохта, дар рушди илми тоҷик саҳми муносиби худро гузоранд.

Хушбахтии мо-ҷавонон аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувору босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва кафили саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем. Раванди давлатдориву давлатсозӣ ва дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда аз ҳар яки мову шумо тақозо менамояд, ки рисолати бар дӯш гирифтаи худро дуруст анҷом диҳем. Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ изҳор менамоем, ки дар идомаи пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати халқу Ватани азиз бо тамоми ҳастӣ, бо дасту дили пок, умеду ҳадафҳои созанда саҳм мегузорем. Мо, ҷавонон аҳди ҷавонмардӣ медиҳем, ки ба қадри сулҳу субот дар кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат менамоем!

 

Шодмон НУРМАТОВ,

докторант (PhD)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш