Нашрияи Омӯзгор

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 844        Шарҳ: 0

 

Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои асосии имрӯзаи ҷомеаи муосир ва дунявӣ ба ҳисоб меравад. Таҳия ва қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, Қонун дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои соҳавӣ, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод, стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаҳои Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», грантҳо дар самти ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ ва меъморӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда сол ба сол афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун нишонаи ғамхориҳои пайвастаи роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд. Аз ҷумла, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 давоми ин иқдоми некбинона ба ҳисоб меравад.

Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон ҳамкории иҷтимоӣ, фарҳангӣ, рӯҳию динӣ ва варзишӣ, роҳ надодан ба тафриқаи синну солӣ, омода намудани шароити мусоид ҷиҳати инкишоф ва интихоби роҳи дурусту муайяни ҳаётии насли ҷавон, истифодаи қувваи пешбарандаи ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, муайян намудани вазифаҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Албатта, имрӯз зарурате пеш омадааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби коршиносон, олимону муҳаққиқон омӯзиши сиёсати давлатии ҷавононро мавриди таҳқиқ, ҳаллу фасл ва пешниҳод қарор диҳанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби нигоҳдошту эҳтироми он дар ниҳоди ҷавонону наврасон ва дар маҷмӯъ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи дуруст ба роҳ мондани тарбияи маънавию сиёсӣ, фарҳангию ахолоқӣ, аз қабили эҳтироми арзишҳову суннатҳои миллӣ, эҳтироми таърихи гузаштагон ва дар ин замина бунёди ҷомеаи мутамаддин имконпазир мегардад. Ва барои татбиқи ин андешаву иқдомот фаъолияти муштараки самарабахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои дахлдори вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт муҳим аст.

Дар муддати 24 соли таъсиси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи нақша 23502 ҷой (14595 ҷой барои духтарон ва 8907 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст, ки 22209 нафар (13388 нафар духтар ва 8821 нафар писар) хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифта шуданд.

Дар муассисаҳои таълимӣ агар соли 1992 1835 нафар номзади илм ва 226 нафар доктори илм фаъолият намуда бошад, пас, имрӯз дар ҷумҳурӣ 4421 нафар номзад ва докторони илм фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 839 нафар доктори илм (аз ин миқдор 122 нафар зан) ва 3582 нафар номзади илм (аз ин миқдор 1089 нафар зан) мебошанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии магистрантони ба таҳсил фарогирифташуда 8948 нафар ва миқдори умумии докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 1419 нафарро ташкил медиҳад, ки ояндаи илм ва иқтисодиёти кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад.

Шакли нави таҳсил, яъне донишгоҳҳои шабакавӣ бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода шудаанд. Инчунин, гурӯҳи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай созмон дода шудааст, ки аксарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин гурӯҳ шомил буда, соле ду маротиба ҷаласаҳо доир мегардад. Ҳамасола вобаста ба шартномаҳои аъзои СҲШ ба донишгоҳҳое, ки ба ин гурӯҳ шомиланд, бурсияҳо ҷудо мегарданд.

Ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ин муассисаҳо грантҳои хурд ҷудо карда мешаванд, ки вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва технология дар бахши илмҳои табиӣ-риёзӣ, техникӣ ва технологӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешаванд.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (3.05.2010, №216) дар заминаи муассисаҳои илмию таълимӣ коргоҳҳои хурду миёнаи озмоишӣ таъсис дода шуданд, ки ҳадаф аз он дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, пажӯҳишӣ ва инноватсионӣ мебошад.

Бинобар ин, дар ҷаласаи аввалини Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.09.2020, №1610), ки санаи 15 апрели соли равон доир гардид, аз ҷониби раиси Шӯро, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супориш дода шуд, ки ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурии инноватсионӣ, яъне марказҳои инноватсиониву технологӣ, инкубаторҳои технологӣ, технопаркҳо, марказҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои махсусгардонидашуда яке аз омилҳои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст.

Вобаста ба омодакунии кадрҳои илмии дорои дараҷа ва унвони илмӣ ва рақобатпазир дар бозори меҳнат Ҳукумати кишвар корҳои муайянеро ба иҷро расонид.

Дар ин раванд оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 ба тасвиб расида, барнома ва нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шуд.

Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 54 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз тарафи Комиссияи мазкур ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 145 ихтисоси анъанавӣ ва 122 ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD) рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба ҳимоя қабул карда истодаанд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз зиёда аз 829 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ки аз ин миқдор қисматеро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ва вазифаимуқаддаси мо ин тарбия кардану ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ҷавонон мебошад. Зеро, ҷавонон ободгари Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 расонида шуд. Шумораи донишҷӯён аз 36900 нафар ба 247638 нафар расидааст.

Дар давраи солҳои 1991-2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 3020 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 645336 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 4 млрд. 664 миллиону 140 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Мавриди қабул ва иҷроиш қарор ёфтани зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ аз муваффақиятҳои дигари соҳа дар ин муддат мебошад.

Бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, воридшавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ «Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ» тасдиқ гардида, соли таҳсили 2015-2016 ҳамаи коллеҷҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои соҳаи фарҳанг (6) ва тиббӣ (16)) ҳамаи ихтисосҳои амалкунанда ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуданд.

Аз оғози соли таҳсили 2015-2016 тамоми ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд.

Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар самти қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои асосии соҳаи маориф дар шароити кунунӣ мебошад.

Танҳо дар соли таҳсили 2020-21 дар ҷумҳурӣ 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба фаъолият оғоз намудаҷавононро ба таҳсил фаро гирифтанд. Инҳо Коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Леваканд, Коллеҷи омӯзгорию муҳандисии ноҳияи Ҷайҳун, Коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ, Коллеҷи тиббиӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар, Коллеҷи тиббӣ-хусусии шаҳри Бохтар буда, оиннома ва нақшаҳои таълимӣ ин муассисаҳои таълимӣ дар Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва фаъолияти таълимии онҳо зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Айни замон, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар  78 ададро ташкил дода, нисбат ба давраи Шӯравӣ теъдоди онҳо 36 адад афзудааст.

Солҳои 1990-1991 дар кишвари тозаистиқлоли мо 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият намуда, аз ин шумора 9-тоаш омӯзишгоҳи омӯзгорӣ буд, ки дар онҳо танҳо аз рӯи ихтисоси муаллими  синфҳои ибтидоӣ мутахассис омода карда мешуд.                 

Дар солҳои таҳсили 2020 - 2021 дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ хонандагон аз рӯи 97 ихтисос ва 4 маркази таълимии касбомӯзии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 5 маркази таълимии калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касби ба талаботи бозори меҳнат ва ҷомеаи навин ҷавобгӯ ба таълим фаро гирифта шудаанд.  

Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 7 равия (тиббӣ, омӯзгорӣ, аграрӣ, фарҳанг, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқ) донишҷӯён ба таълим ҷалб гардида, аз рӯи 166 ихтисос мутахассис омода карда мешавад. Дар ин муассисаҳо 93531 нафар донишҷӯ ба таҳсил ҷалб гардидааст

Танҳо соли 2020 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 муассисаи таълимии миёнаи касбӣ, аз ҷумла, Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар (22.09.2020), Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Восеъ (24.09.2020) ва бинои таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе (01.09.2020) мавриди истифода қарор гирифтанд.   

 Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 6380 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул мебошад.

Ҷорӣ намудани дигаргуниҳо дар сохтори муассисаҳои касбомӯзии ибтидоӣ низ таваҷҷуҳи бонувонро ба ихтисосманд гардидан торафт афзун намуд

Соли 2012 ҷиҳати дастрасии ҷавонони боистеъдод ба таҳсил имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ин имкон дод, ки ҷавонони боистеъдод тавонанд сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардида, баъди соҳибмаълумот гардидан ба халқу ватан ва миллати худ хизмат намоянд.

Вобаста ба таъсиси Маркази миллии тестӣ мо ба Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣтағйиру иловаҳо ворид кардем ва ба тамоми довталабоне, ки дорои имтиёзанд, ятимони кул, маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, довталабони хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда имтиёз дар шакли бонус, пас аз гирифтани холҳои асосӣ, дода шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҷавонони кишвар парчамбардори миллату давлати хеш дар арсаи ҷаҳон мебошанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷавонон дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Чунонки шоир мефармояд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал

хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз

дарахти навбар аст.

Носир Сайдализода,

сардори раёсати илм

ва инноватсияи

Вазорати маориф ва илми ҶТ, номзади илми сиёсатшиносӣ,

Обидҷон МАҲМУДЗОДА,

сармутахассиси ҳамин раёсат,

номзади илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш