Нашрияи Омӯзгор

Ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ таваҷҷуҳ мебояд

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти супоришу дастурҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сару либоси хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ҳанӯз 03.07.2007, №14/3 бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» ва 19.09.2009, №13/5 бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ» ба тасвиб расида буд ва такроран соли 2018 «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фиристонида шуд. Ҳуҷҷати мазкур бо назардошти аҳамияти калони либоси мактабӣ дар инкишофи маънавӣ ва тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои миллӣ, ҳисси зебопарастӣ ва хулқу атвори ҳамида қабул карда шудааст:

Сухан дар бораи он меравад, ки садаи ХХ ва ХХI зуҳуроти бегонагиеро бо номи (Экспансия подобие) «Ғасби мудохилавии сару либос»-ро рӯи кор овард. Моҳияти ин зуҳурот аз он иборат аст, ки кишварҳои муайян ҳадафҳои идеологӣ ва геополитикии хешро ба ҳар восита, ҳатто ба воситаи сару либос роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Дар ин ҳолат зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либосдории мо, тоҷикон, пеш омад. Вазорати маориф ва илм ба хотири пешгирӣ кардани ҳамин зуҳуроти бегонапарастӣ сару либоси ягонаи мактабиро ҷорӣ кардааст.

Таҷрибаи чандсолаи амалӣ намудани дастурамали мазкур нишон дод, ки либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон ва махсусан, падару модари онҳо хуш пазируфта шуда, ба либоси расмии муассисаҳои таълимӣ табдил ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки соҳаи маориф калонтарин соҳаи иҷтимоии кишвар ва аз дигар соҳаҳо сернуфустар маҳсуб шуда, зиёда аз 2 млн. хонандаву донишҷӯ ва зиёда аз 120 ҳазор омӯзгорро фаро мегирад. Ба замми ин, афзоиши нуфуси хонандагон ҳамасола зиёда аз 15-20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Танҳо соли таҳсили 2019-2020 шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар нисбат ба соли гузашта 75 ҳазор нафар зиёд шуда, ба 2 млн. 33 ҳазору 900 нафар расидааст.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар ҷумҳурӣ 50 корхонаю коргоҳ ва соҳибкорони инфиродӣ бо иқтидори 3 ҳазору 524 дастгоҳи дӯзандагӣ ба истеҳсоли маҳсулоти мактабӣ машғул мебошанд. Аз шумораи умумии корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти мактабӣ машғуланд, 2 корхонаи калон бо иқтидори 850 дастгоҳи дӯзандагӣ ба шаҳри Душанбе (5% аз теъдоди умумии корхонаҳо ва 24,1% аз теъдоди умумии дастгоҳҳои дӯзандагӣ), 2 корхона бо иқтидори 18 дастгоҳи дӯзандагӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (5% аз теъдоди умумии корхонаҳо ва 0,5% аз теъдоди умумии дастгоҳҳои дӯзандагӣ), 10 корхона бо иқтидори 919 дастгоҳи дӯзандагӣ ба вилояти Хатлон (21% аз теъдоди умумии корхонаҳо ва 26,1% аз теъдоди умумии дастгоҳҳои дӯзандагӣ), 27 корхона бо иқтидори 1032 дастгоҳи дӯзандагӣ ба вилояти Суғд (54% аз теъдоди умумии корхонаҳо ва 29,3% аз теъдоди умумии дастгоҳҳои дӯзандагӣ) ва 7 корхона бо иқтидори 705 дастгоҳи дӯзандагӣ ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (15% аз теъдоди умумии корхонаҳо ва 20% аз теъдоди умумии дастгоҳҳои дӯзандагӣ) рост меояд.

Мутаассифона, дар аксар маврид хонандагон ва ё падару модари онҳо сару либосеро харидорӣ менамоянд, ки дар хориҷи кишвар истеҳсол шудааст.

Ба андешаи мо ин чанд сабаб дорад:

1. Сифати либосҳои мактабии дар дохили кишвар омодашуда на ҳама вақт ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Бо дарназардошти фаъолияти хоси хонандагон, беқарор ва «шӯх» будани онҳо, либоси хонандагон ба замми зебову шинам будан бояд бадошт, босифат ва ранги диққатҷалбкунанда дошта бошад. Маълум аст, ки нисбат ба либоси калонсолон ба маротиб либоси кӯдакон ва наврасон бештар шустушӯ мешавад. Таҷрибаи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ, ки либосҳои якхела аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ намудаанд нишон медиҳад, ки махсусан, ранги ин либосҳо тез тағйир меёбад.

2. Дар аксар маврид арзиши маҳсулоти аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пешниҳодшуда аз арзиши маҳсулоти ҳамсони хориҷӣ фарқ дорад. Дар чунин шароит харидорон, албатта, ба маҳсулоти хориҷӣ бештар афзалият медиҳанд.

3.  Инфрасохтори зарурии дастрасии хонандагон ва падару модарони онҳо ба маҳсулоти аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ истеҳсолшуда вуҷуд надорад. Пӯшида нест, ки падару модар сару либоси мактабиро барои фарзандон бештар аз бозорҳои марказӣ харидорӣ менамоянд. Ба истилоҳ, соҳибкорон ва ё «фурӯшандаҳо» дар ин бозорҳо маҳсулоти худро бештар аз бозорҳои хориҷи кишвар дастрас менамоянд.

4. Таҳлили маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки мутаассифона, дар дохили кишвар ҳаҷми зарурии маҳсулоти саноати дӯзандагӣ истеҳсол намешавад.

5. Таҳлили вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ аз он дарак медиҳад, ки қобилияти харидории мардум дар маҳаллаву деҳаҳои дурдаст хеле паст аст. Дар чунин шароит волидайни хонандагон кӯшиш мекунанд, ки бештар маҳсулоти синтетикии камсифату арзони, ба истилоҳ, яккаратаи чиниро харидорӣ кунанд.

6. Истеҳсолкунандаи ватанӣ, ки хеле ҷавон ва дар рақобати бозори савдои дохилӣ ва хориҷӣ нотавон аст, зидди мошинаи пуриқтидори ширкатҳои хусусию давлатии истеҳсолкунанда ва тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, хусусан, Чин, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муқовимат карда наметавонанд. Бинобар ин, дар истеҳсол, фурӯш, сифат ва нархи маҳсулот бетаҷрибагӣ зоҳир мекунанд. Моли худро ба фурӯш бароварда наметавонанд ва ба дастгирии сектори давлатӣ, кумаки идеологияи давлат эҳтиёҷ доранд.

7. Дар Тоҷикистон истеҳсоли матои ватанӣ вуҷуд надорад. Матоъ барои дӯхтани либосҳои хонандагон аз хориҷи кишвар, Хитой, Туркия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ворид мешавад. Нархи матоъ вобаста ба баландшавии асъори хориҷӣ зуд-зуд тағйир меёбад. Бо сабаби қимат будани нархи матоъ нархи дӯхти либоси мактабӣ ва арзиши истеъмолии он қимат мешавад. Дар натиҷа истеҳсолкунандаи ватанӣ маҳсулоти худро фурӯхта наметавонад.

Ба назари мо, барои пурра ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва хонандагонро бо либосҳои шинаму арзон ва хушсифат таъмин намудан чунин амалҳоро роҳандозӣ бояд намуд:

1. Ташвиқу тарғиби пӯшидани либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар байни аҳолии кишвар ба воситаи телевизион, радио, рӯзнома, маҷаллаҳо, суҳбат, нишастҳо ва ғайра.

2. Дизайнери гуногун, зебо, шинам ва замонавии либосҳои мактабӣ, инчунин, истеҳсоли сару либоси мактабӣ бо дарназардошти талаботи Дастурамали тавсиявии сару либоси мактабӣ ба роҳ монда шавад.

3. Тамоми маҳсулоти барои хонандагон аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ истеҳсолшаванда ва ё аз хориҷи кишвар воридшаванда бояд ба талаботи стандарти давлатии сифат ва қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ мувофиқат намояд.

4. Бисёр хуб аст, ки ширкатҳои истеҳсолкунанда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд. Вале набояд ба он роҳ дода шавад, ки роҳбарони мактаб ё роҳбарони синф ба фурӯши сару либос машғул шаванд. Ин омил барои ба вуҷуд омадани ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ асос шуда метавонад. Директори мактаб танҳо ҳуқуқи дизайнери либосро мувофиқа ва андозаи либосро назорат кардан дораду халос. Пардохти маблағ вазифаи падару модари хонандагон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ аст. Волидайни хонандагон бояд ба корхона ё ин ки ярмаркаҳои фурӯш рафта, либоси фарзандонашонро харидорӣ намоянд.

5. Зарур аст, ки дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва деҳаҳои калон ярмаркаҳои маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватаниро бо ҷалби бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ташкил намоянд. Дар ярмаркаҳо на танҳо либосҳои мактабӣ, балки ашёи хониш, аз қабили қалам, ручка, китоб, сумка, хаткуркунак, ширеш, ҷадвал, паргор, қалами ранга, рӯзнома, дафтари умумӣ, китобҳои бадеӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шавад. Таъкид мекунем, ки барои муассисаҳои томактабӣ низ истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз қабили бозичаҳо, лавозими рахти хоб (таҳпӯш, болопӯш, чодирхоб, ҷилди болишт ва дастпоккуну дастархон) зарур аст.

6. Ба андешаи мо, дастгирии сектори хусусӣ дар масъалаи истеҳсоли ватании сару либоси мактабӣ дар замони муосир бар манфиати кор аст. Бонкҳо (аз ҷумла, Бонки миллӣ) бояд ба истеҳолкунандагони сару либоси мактабии ватанӣ қарзҳои дарозмуҳлат бо хизматрасонии фоизаш паст ҷудо намоянд. Истеҳсолкунандагони ватании либосҳои мактабӣ бояд қарзҳои гирифтаро самаранок истифода бурда, сари вақт ба хазинаи давлат бозпас гардонанд.

7. Тавре ҳисобу рақамзаниҳо нишон медиҳанд, вақти он фаро расидааст, ки истеҳсоли 20 млн. дафтари 24 саҳифа, 3 400 000 адад ҷадвал, 3 400 000 ручка, 3 400 000 қалами сиёҳ, 500 000 қуттӣ қалами ранга, 500 000 адад дафтари умумӣ, 500 000 адад ширеш, 500 000 адад паргор, 1 750 000 рӯзнома, 8 500 000 нусха китоби бадеӣ, 3 400 000 ҷуфт пойафзол, 2 000 000 адад миёнбанд ва ғайра дар дохили кишвар ба роҳ монда шуда, талаботи хонандагон бо маҳсулоти худӣ қонеъ гардонида шавад. Ҳамаи ин маҳсулотро метавонанд дар маркази шаҳру ноҳияҳо, дар ярмарка-фурӯшгоҳҳои ашёи мактабӣ ба фурӯш гузоранд.

8. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва МТМК, МТОК-ро зарур аст, ки дар нақшаҳои қабули солҳои минбаъда ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ихтисосҳои тарроҳ, мудирият, менеҷмент, менеҷер, устои дастгоҳҳои дӯзандагӣ, дизайнери компютерии соҳаи дӯзандагӣ ва даҳҳо ихтисоси соҳаи саноати сабук, хоса, истеҳсоли матоҳои замонавиро дар муассисаҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар вобаста ба минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гиранд.

9. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии кишвар кушодани ихтисосҳои дӯзандагӣ ва тарроҳ аз мушкилоти мубраму доғи рӯз гардидааст. Вазорати маориф ва илм инчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки нисбат ба омода кардани мутахассисони касбҳои коргарии дӯзандагӣ ва тарроҳ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

10. Ба андешаи мо дар Тоҷикистон зарурати эҳёи сектори давлатии савдо масъалаи доғи рӯз гардидааст. Дар кадом шакл ташкил шудани сектори давлатии савдо кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аст.

 

Бадриддин

МУЗАФФАРЗОДА,

сардори раёсати иқтисод,

банақшагирӣ дар соҳаи

маориф  ва илми Вазорати маориф ва илми ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш