Нашрияи Омӯзгор

«Кӣ» чӣ вазифа дорад?

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

 

Ҷумла воҳиди асосии забон аст, зеро фикр бо ёрии он ифода меёбад ва мубодилаи афкор дар байни одамон имконпазир мегардад.

Дар ифодаи алоқамандии фикр забони тоҷикӣ имконияти зиёд дорад. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ яке аз ин воситаҳо ба шумор меравад. Ҷумлаҳои содаи дохили ҷумлаи мураккаб ду хусусият доранд: якум, аз ҷумлаҳои сода чандон фарқ намекунанд, мисли ҷумлаҳои содаи мустақил дутаркиба ё яктаркиба, хуллас ё тафсилӣ мешаванд, сараъзо ва аъзои пайрав доранд. Дуюм, ҷумлаҳои сода дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ хусусияти сохторию маъноии худро нигоҳ дошта, фикри тамомшударо ифода карда наметавонанд. Воситаи асосии алоқаманд гардидани ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб пайвандакҳои тобеъкунанда ба шумор мераванд. Дар забони адабии тоҷик аз исм, ҷонишин, зарф, пайвандак ва ё пешонядҳо бо пайвандакҳои сода, хусусан, пайвандаки «ки» пайвандакҳои таркибӣ ё мураккаби зиёд сохта мешаванд (вақте, ки, агарчи, чунки, то ки, ҳамчунон ки, аз барои он ки ва ғайра). Ҷузъҳои номии пайвандакҳои таркибӣ маънои луғавии худро як андоза нигоҳ медоранд ва ба ин васила муносибатҳои ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла равшантар ифода мегардад. Дар забони тоҷикӣ барои ифодаи тобеияти ҷумлаи пайрав ба сарҷумла ҳам пайвандакҳои сода ва ҳам пайвандакҳои таркибӣ кор фармуда мешуд. Пайвандакҳои таркибӣ ба сабаби равшан будани маънои луғавии ҷузъи номияшон, махсусан, дар наср серистеъмол мебошад. Агар дар давраҳои аввал пайвандакҳои сода хеле серистеъмол ва миқдори пайвандакҳои таркибӣ хеле маҳдуд бошанд, ҳоло миқдор ва дараҷаи истеъмоли пайвандакҳои таркибӣ хеле зиёд гардида, доираи истеъмоли пайвандакҳои сода як андоза маҳдуд шудааст. Ба ақидаи олимони забоншинос Шарофиддин Рустамов ва Баҳриддин Камолиддинов, азбаски пайвандаки «ки» вазифаи комилан синтаксисиро иҷро мекунад, барои равшан кардани маънои он пайвандакҳои таркибии зиёд ба вуҷуд омадаанд. Пайвандакҳои таркибӣ аз рӯйи маъно ва вазифаашон хоси ҷумлаҳои пайрави муайян мегарданд. Дар ташаккули пайвандакҳои таркибии сершумори забони тоҷикӣ мақоми ишораҷонишинҳо хеле бузург аст. Онҳо ҳатто маъно ва вазифаҳои пайвандакҳоро таъкид мекунанд. Ишораҷонишинҳо дар таркиби баъзе пайвандакҳо ҷузъи ҷудонопазир бошанд (барои он ки, барои ҳамин ки, пеш аз он ки…), дар дохили пайвандакҳои дигар маҳз барои таъкид ҳамроҳ мешаванд (ба шарте  ки ба шарти он ки). Ҷумлаҳои пайрав одатан ё ба тамоми талоши сарҷумла тобеъ шуда меоянд. Агар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрави баъзе ҷумлаҳои мураккаби тобеъ пайвандакҳои пайваст пайдо шаванд, муносибат равшантар ифода мегардад:

 

Назмия Қулматова,

омӯзгори мактаби №72, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш