Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо волидон самаровар аст

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои муҳимест, ки имрӯз на танҳо диққати падару модар, устодон, балки кулли ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст. Муҳаббати асил нисбат ба ҳамдигар доштан, рӯҳияи ватандӯстӣ  метавонад то ба мактаб расидан меҳри хирадро дар дили кӯчаки онҳо ҷой кунонад. Баробари ба остонаи мактаб қадам гузоштан аллакай нахустин ҳарфи устод ва рафтору гуфтори ӯ ба дили хонандаи хурдсол роҳ меёбад. Дар лаҳзаи дарс ва дар мактаб назорати устод ва берун аз мактаб дар кӯчаву хона назорати волидайн метавонад фарзандро ба роҳи дуруст дарорад.

Имрӯз рафтору гуфтори ношоистаи баъзе хонандагон боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Ин ҳама бесабаб нест. Як қисми хонандагони хурдсол дар роҳҳо ба кори савдо машғул гардида, аз одобу хониш дур мондаанд. Бештар ба фикри пулу мол шуда, саводнокиро аз даст медиҳанд. Бар замми ин, аз кӯча «забон» омӯхта, дашномҳои қабеҳро ёд мегиранд. Аз қиёфаи ин нафарони камсавод танҳо озурдахотириву  ахлоқи коста ба чашм мерасад. Кӯдакон мисли химчаҳои тар мебошанд- кадом тарафе тоб диҳед, ба ҳамон тараф майл мекунанд. Барои ин мураббияҳои кӯдакистонҳоро зарур аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба таълимгоҳ  омадан ба муомилаву забону рафтори онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Чунонки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад». Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд Парчами давлатамонро дилпурона ва ба сӯйи   ояндаи ободу осуда баранд.

 

Гулчеҳра  ХУДОЙНАЗАРОВА,

мудири ширхоргоҳ – кӯдакистони

№152, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш