Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори он, академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар хусуси фаъолияти донишгоҳ дар шаш моҳи аввали соли равон маълумот дода, аз ҷумла, зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ оғоз ёфта, раёсати донишгоҳ вобаста ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ нақшаҳои таълимиро барои 36 ихтисоси шакли таҳсилоти фосилавӣ омода намуд. Вобаста ба иҷрои талаботи мазкур шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2017-2018 таҳсил тавассути низоми таҳсилоти фосилавӣ оғоз гардида, тибқи нақша 653 донишҷӯ ба курси якум қабул карда шуданд. Ректори донишгоҳ дар идома афзуд, ки дар Шӯрои илмию методии донишгоҳ дар ин давра 142 маводи таълимиву илмӣ, аз ҷумла, 68 барномаи таълимӣ, 60 адад васоити таълимиву дастури методӣ, 8 адад китоби дарсию 6 адад монография муҳокима ва ба чоп тавсия гардиданд.
Ҳамзамон, дар нимсолаи аввал раёсати донишгоҳ барои густариши робитаҳои байналмилалӣ чораҳои муассир андешида, бо 19 муассисаи таълимӣ ва маркази илмии хориҷи кишвар тариқи бастани созишномаву тафоҳумномаҳо ҳамкорӣ барқарор намуд. Айни ҳол донишгоҳ бо 231 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад. Дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Ворид намудани таҳсилоти аврупоӣ дар Тоҷикистон» бо Донишгоҳи Дрезден (Олмон), барномаи муштараки магистрии «Муносибатҳои байналмилалӣ»-ро амалӣ менамояд. Муҳассилини донишгоҳ дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Олмон, Қазоқистон, Беларус ва Ҳиндустон дар доираи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ барои таҳсил сафарбар гардидаанд. Ректор, ҳамчунин, дар хусуси корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, фаъолияти иқтисодӣ – иҷтимоии муассиса ва корҳои анҷомдодаи кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ иттилои пероста бо арқому далелро пешниҳоди рӯзноманигорон гардонд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр