Сулҳ неъмати бебаҳост ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои кишварамон мебошад. Мо хуб медонем, ки дар нахустсолҳои Истиқлоли давлатӣ кишварамон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид ва хисороти зиёде ба иқтисоду иҷтимоиёти мамлакатамон ба бор овард.
Дар ин марҳалаи хатарзо фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии мамлакат тамоми талошу ҷаҳди хешро баҳри таъмину таҳкими сулҳу ваҳдат равона карданд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф тадбирҳои хирадмандона андешида шуд ва 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид, ки он паёми ваҳдату ягонагии миллати тоҷик буд ва марҳилаи навро дар таърихи навини Тоҷикистон боз намуд. Дар ин давраи ҳассос бори аввал шахсе дар маснади олии кишвар нишаст, ки аз ормонҳову дарди миллат воқиф буд. Ин шахсият, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба садри мамлакате бо дастгоҳҳои давлатии фалаҷ, иқтисоди ба буҳрони жарф афтода ва бо мардуми аз сиёсатбозиҳои тӯлонӣ ва аз ҷангу хунрезӣ басутуҳомада ва аз зиндагӣ навмедшуда қарор гирифтанд. Дар иҷлосияи мазкур Сарвари давлат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ чунин гуфта буданд: «Ман ё дар Тоҷикистон сулҳро барқарор менамоям, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Вале дар ҳамон лаҳзаи хатарзо бисёр касон бовар надоштанд, дар кишваре, ки ҷангу хунрезӣ ба авҷи аъло расидаву навмедию ҳарос рӯҳияи мардумро фаро гирифтааст, ин суханон амалӣ шавад. Сарвари давлат бо ваъдаи худ содиқ монданд ва тавонистанд дар Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро таъмин намоянд. Собит шудааст, ки дар таърихи инсоният ҳамон халқу миллатҳое рушду такомул ёфтаанд, ки тақдир ба онҳо шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст. Барои миллати мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти тақдирсоз гардиданд ва тавонистанд мардумро дар атрофашон муттаҳид кунанд. Маҳз ба шарофтаи раҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарам имрӯз дар сарзамини мо созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад.
Ҳамин сулҳу ваҳдат ва оромист, ки ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, бо чашми сар мебинем, ки мардуми сарбаланди тоҷик даст ба дасти ҳам дода, баҳри шукуфоии бештари давлатмон хидмати шоиста анҷом дода истодаанд. Имсол 30-солагии Истиқлоли кишварамон дар сатҳи баланд таҷлил хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди тадрис ба хонандагон пайваста таъкид намоем, ки ба қадри сулҳу ваҳдат бирасанд ва ҳамчун насли ватандӯстӯ хештаншинос хидмати ин миллату Ватанро содиқона баҷо оранд.
Қурбонгул АСРОРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр