Нашрияи Омӯзгор

Шукрона бояд кард!

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Таҳлили набзи кунунӣ ва ноороми сайёра гувоҳи он аст, ки имрӯзҳо падидаҳои номақбули ҷаҳолат, таассуб, хиёнат, терроризм, экстремизм, хушунат, зӯроварӣ алайҳи арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили меҳр, вафо, садоқат, ватандорӣ, худогоҳӣ, инсонпарварӣ, некӣ қасди майдонталабӣ доранд.

Барои ба мақсадҳои олии инсонӣ ноил гардидан, ба шоҳроҳи тарбияи асил ҳидоят намудани насли наврас ба фоидаи кор аст. Инқилоби технологияи муосир дар пайомади хеш ҳам суд дораду ҳам зиён. Баҳру уқёнуси бекарони илму маърифат буданаш бешак суди он аст. Зиёни ҷуброннопазираш он аст, ки анкабути заҳрогини қувваҳои иртиҷоию хиёнатпеша, фаҳшу фуҷур, макру ҳилла дар сомонаҳои он ошён доранд. Ин сомонаҳои иғвоангез мақсаду маромҳои хабису палиди худро зери пардаҳои хайру сахо, ғамхорию меҳрубонӣ пинҳон намуда, дар асл мақсадҳои тамаъҷӯёнаи худро доранд ва насли наврасро бо ҷилваю назарфиребиҳои буқаламунонаи худ ҳар лаҳза метавонанд аз роҳ зананд, дар пойдевори бинои навбунёди тафаккури ӯ рахнаҳои илоҷнопазир падид оранд.

Барои миллати ҷафокашидаи мо фоҷиаи солҳои 90-ум дарси ибрат аст. Вале душманони маккору хоин аз ин хулосаҳои даркорӣ набаровардаанд. Онҳо пайваста алайҳи Модар-Ватан бозори туҳмату иғворо гарм медоранд. Насли ҷавони ҳанӯз гармию сардии рӯзгорнодида, зуд сайди доми макри онҳо шуда метавонад. Минбаъд ин таъсир ӯро ба кӯйи орзую хаёлҳои сарвати муфт мебараду ба аъмоли нобахшиданӣ даст меёзад.

Бозигарони сиёсати дунёи муосирро одатест, ки мақоли халқии «Як бому ду ҳаво»-ро мемонад. Онҳо на якроҳу якрӯ, балки барои пиёда кардани хостаҳои худ стандартҳои дугонаро ба кор мебаранд. Амале, ки боиси суди онҳост, касифтарин бошад ҳам, он ҳамаро устокорона савоб вонамуд месозанд. Хубтарину мақбултарин кореро, ки бар зарари хостаҳои онҳост, ба арсаи ҳастӣ ва назари инсоният бо ранги сиёҳу ҳазор иллат муаррифӣ менамоянд. Воқеаҳои Сурия, Ироқ, Либия, Тунис ва дигар инқилобҳои ранга гувоҳи ин аст.

Тарбия нахуст масъулияти аслию ҷонии ҳар як хонавода, сипас, ҳар як кӯдакистон, билохира, ҳар як муассиса ва макотиби олӣ аст. Ин равиши кор дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии маорифи шаҳри Исфара хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Чун тарбия, дар маҷмӯъ, амали ҳамагон аст, дар ин самт ҳамаи сохторҳои мавҷуда ба соҳаи маорифи шаҳри Исфара ҳамкории зич дошта, ёрии беғаразонаи худро дареғ намедоранд. Захми хурду ночиз бо қадре марҳам мудавво мегардад, вале чун ҷароҳат бузург мегардад, дар илоҷаш табиб оҷиз мемонад.

Шукр, ки хуршеди истиқлол ҳамвора маъвои моро нуру зиё мебахшад. Файзи истиқлол ба тадриҷ домони кишварамонро ба гулистони ҳақиқӣ бадал месозад. Аз маъниҳое, ки истиқлол илҳом мебахшаду талқин менамояд, хулосаҳо бояд баровард ва дар ободии Ватан камари ҳиммат бубаст. Ин анъанаро чун нахустин ҳарфу ҳиҷои ватандорӣ барои насли наврас бояд омӯхт.

Исматуллоҳи Абдуллоҳ,

директори мактаби №25-и

шаҳри Исфара       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш