Нашрияи Омӯзгор

Лоиқи дилҳо

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Дар мактаби рақами 54 – и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе бахшида ба 80 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таҳти унвони «Лоиқи дилҳо» ҳамоиши фарҳангӣ барпо гардид. Меҳмонону дӯстон ва ҳамқаламони  шоир, Нависандагони халқии Тоҷикистон Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, адибони шинохта Мирзо Шукурзода, Акбари Абдулло, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода, фарзандони шоир, дӯстдорони адабиёт, омӯзгорону роҳбарон ва устодони як қатор мактабҳои ноҳияи Сино осорхонаи мактабии устод Лоиқ Шералиро тамошо карданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш сарвари муассиса Дилбар Худойназарова аз ташаббусҳои доимии аҳли мактаб доир ба гиромидошти хизматҳои шоистаи аҳли илму адаб сухан гуфта, чорабинии мазкурро идомаи чунин ташаббус номид.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон аз  давраҳои ҷавонӣ ва ҳамкориву дӯстӣ, ҳунари шоирӣ ва шахсияти устод Лоиқ ба ҳозирин қисса кард. Адиб ва пажӯҳишгар Мирзо Шукурзода аз шинохти шоир дар байни муҳаққиқони форсизабон изҳори андеша намуд. Шогирдони мактаб аз ашъори Лоиқ Шералӣ намунаҳо қироат карданд. Ҳунарнамоии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ба ҳамагон писанд омад.

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»         


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш