Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол хушбахтист

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 829        Шарҳ: 0

 

Халқи тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлол ба давлатдории  миллӣ  ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Бо итминони комил метавонем бигӯем, ки истиқлол сароғози рушд ва  шарти бақои давлатдорӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо давлати ташаккулёфтаву пешрафта  аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан дасти созанда ва қалби сулҳовару ваҳдатпарвар доранд, дар замони соҳбистиқлолӣ тавонистанд, дар як муддати кӯтоҳ дар  Тоҷикистон сулҳу саодатро абадӣ гардонанд. Сарвари кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки бояд дар Ватани соҳибистиқлол  мардум бо ҳамдигар дӯсту бародар ва эҳтиромсози ҳамдигар бошанд.

Мо, занони соҳаи маориф, ҳамеша шодмонем, ки  ҳанӯз аз оғози истиқлол дар ҷумҳуриамон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии зану мард қарорҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ки ба беҳтар намудани вазъи рӯзгори занону бонувон мусоидат намуданд. Имрӯз занони Тоҷикистон  бештар дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд. Мо бояд шукргузор аз он бошем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ  дар ҷомеа мақому нақши арзанда дорем. Воқеан ҳам, нақши  бонувони омӯзгор  дар рушду нумуи  маориф, яъне тарбияи насли наврас ва ҷавонон баланду созанда аст.

Ман солҳост, ки ба сифати омӯзгору сарвари муассисаи таълимӣ  фаъолият мекунам  ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ додаам, ки шогирдонамро  дар рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия намоям. Медонам, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавонон ба сифати як кувваи бузурги созанда ва  бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Аз ин лиҳоз дар дарсҳои худ ҳамеша аз хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо ифтихор нақл мекунам, то шогирдонам бештару беҳтар бидонанд, ки мо ҳамин гуна Сарвари оқилу доно ва дурандешу миллатпарвар дорем.

Ҳамчун сарвари муассиса метавонам бигӯям, ки мо ҳамвора аз  дастгирии ҳукумати кишвар ва шаҳрдории шаҳри Душанбе бархӯрдорем. Дар муассиса шароити хуб барои шогирдон фароҳам оварда шудааст.

Бо назардошти “Барномаи фаъолияти тарбиявӣ” зуд - зуд чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ баргузор менамоем. Ман аз омӯзгорони мактаб ҳамеша тақозо  мекунам, ки шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсонпарварию башардӯстӣ тарбия намоянд. Метавон гуфт, ки  тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтирому садоқат ба халқу Ватани хеш дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як омӯзгори мост. Оре, дар ин ҷаҳони муосир бояд  ба шуур ва мафкураи ҷавонон он гуна таъсир гузошт, ки  ҳеҷ гуна қувваҳои ифротӣ натавонанд онҳоро ба доми худ бикашанд ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд.

Озмуни  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки се сол боз дар ҷумҳурӣ  баргузор мешавад, барои тарбияи насли наврас иқдоми муфид мебошад. Шогирдони мактаби мо  дар ин озмун фаъолона ширкат меварзанд. Муҳим он аст, ки дар ин замина доираи фаҳмиш ва идроки онҳо васеътар шуда, рӯй ба луғатомӯзӣ, суханварӣ ва шеърнависӣ овардаанд, ки ин боиси хушҳолии волидайн ва устодони мактаб мебошад.

Адабиёт зебоӣ  меофарад,  инсонро одамият омӯхта, аз ба роҳи бад рафтан эмин медорад. Ба вижа, ҷаҳони маънавии  кӯдаконро зебову мутаҳҳар карда, баъзе иллаташонро  аз байн бурда, донишу одобашонро тақвият мебахшад.

Бояд гуфт, ки дар мактаб хонандагон таҳкурсии инкишофи шахсият ва ояндаи хешро мегузоранд. Бо хондани асарҳои бадеӣ  нутқи онҳо инкишоф ёфта, ҷаҳонбиниашон   комилтар мегардад, шавқу ҳавасашон  ба ҳунаромӯзию ихтироъкорӣ бештар мешавад. Яъне, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чароғест дар раҳи ояндаи шогирдони  мо.

Як фарди ҷумҳурӣ бояд шукргузор бошад, ки ин ҳама неъматҳо бо шарофати истиқлол насиби мо шудаанд. Дар давоми 30 соли истиқлол  дар кишвар корҳои бузурге ба анҷом расиданд. Истиқлол василаи  хушбахтию халқи мо  ва шукуфоии Тоҷикистони азиз гардид.

Мавҷуда Қосимова,

директори мактаби № 87-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш