Нашрияи Омӯзгор

Неъмату сарвати миллат

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам насиби ҷумҳуриамон гашт. Ин ҳодисаи фараҳбахш соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои мо муқаддас аст ва дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Истиқлол ба мардуми тоҷик нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият эҳдо кард.

Дар паҳнои замонҳо миллати мо ба шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин бархӯрда бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд. Ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Ғазолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил... садҳо нобиғаи илму адабу фарҳангро ато кардаанд. Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои   таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд. Ба шарофати истиқлол соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди          миллӣ гардидем. Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр ҳадафҳои стратегии худ дастрасӣ пайдо кард: ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ниҳоят, зина ба зина расидан ба рушди соҳаи саноат, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат. Ба шарофати истиқлол мо, ҳамчунин, соҳиби пули миллӣ     ва        шиносномаи            миллӣ гардидем. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис додем ва ба ин васила ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва далатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

Суханрониҳои Президенти мамлакат дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории           Сарвари        давлати         мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задан ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар арсаи ҷаҳон обрӯю эътибори шоиста доранд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастоварҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад. Мо бояд аз миллати барӯманди худ биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Мунира ЮЛДОШЕВА,

омӯзгори забони русии

мактаби №116  ба номи А.Одинабеков, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш