Нашрияи Омӯзгор

Шоирони маъруфи тоҷик

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

“Маводи конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар адабиёти навини тоҷик” зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба нашр расид. Ин китоби ҷашнӣ ба хотири гиромидошти 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таълиф гардидааст.

Китоби мазкур тавассути нашриёти “Нури маърифат” ба нашр расид, ки дар он анқариб 60 мақолаи аҳли таҳқиқи ватаниву хориҷӣ дар заминаи масъалаҳои турсунзодашиносӣ ва лоиқшиносӣ ҷой гирифтаанд.

Дар ин замина дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он адабиётшинос Тоҷибой Султонзода ва раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ширкат ва суханронӣ карданд.  Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи мавқеи шоирони тоҷик Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар садаи бист андешаҳояшро баён дошт. Дар суханрониҳои илмии профессорон Матлубаи Мирзоюнус ва Замира Ӯлмасова муҳимтарин нуктаҳои шинохти ҷойгоҳи адабии Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ бозгӯ шуданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш