Нашрияи Омӯзгор

«Фазилати Пешво»

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 843        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин низ мавқеъ ва манзалати баландро соҳиб гардидаанд. Роҳбари давлат бо сиёсати оқилонаву хирдамандона, иқдому ташаббусҳои созанда, истеъдоди суханвариву давлатдорӣ ва афкору андешаи сулҳофариву хайрхоҳӣ дар байни  шахсиятҳои шинохтаи олам, роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун  низ маҳбубият ва эҳтироми сазовор пайдо кардаанд. 

 

То имрӯз дар бораи ин шахсияти таърихӣ  мақолаву гузориш, очерку публитсистика,  асарҳои пажӯҳишӣ ва филмҳои мустанади  зиёде  таълиф гардидааст.

Аз ҳамин силсила тавассути нашриёти «Эр – граф» асари доктори илмҳои ҳуқуқ, узви ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ бо номи «Фазилати Пешво» аз чоп баромад. Асари мазкур аз хусуси фазилатҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунад.

Ҳар як навиштаи ин асар бо интихоб аз  суханони роҳнамои худи Пешво шурӯъ гардида, ҳамчунин, бо гуфтори шахсиятҳои шинохтаи арсаи сиёсати ҷаҳонӣ дар ситоиши ин шахсияти маъруф бо номи «Андешаҳо дар бораи Пешвои миллат» хотима ёфтааст. Аз он дар қатори дигарон,  ҳамчунин,     омӯзгорони  таърихи мактабҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  метавонанд дар дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ  ба таври фаровон истифода баранд.  

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш