Нашрияи Омӯзгор

Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 80-солагии зодрӯзи шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ ва мавлуди дӯсти шоир - собиқадори меҳнат Раҷаб Шарифов  дар ноҳияи Мастчоҳ  ҳамоиши бошукӯҳи илмию адабӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, роҳбарияти ноҳия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода, дӯстону ҳамсабақони шоир, донишмандон ва шоирону нависандагон, аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, доктори илмҳои тиб Саидилҳом Аҳмадзода, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон, хунёгарони мумтоз, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Муродбек Насриддин, Афзалшоҳи Шодӣ, пайвандони шоир иштирок намуданд. Дар ҳамоиши илмию адабӣ  паёми шодбошии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба ҳозирин қироат гардида, адибон доир ба шеъри Лоиқ ва фаъолияти ибратомӯзи ӯ сухан карданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш