Нашрияи Омӯзгор

Истироҳати хушу хотирмон

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Мактабиёни шаҳри Душанбе имсол баробари анҷоми соли хониш, шурӯъ аз моҳи июн ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шарора», «Орзу», «Зимчрӯд» ва «Гулхан» ба истироҳат ҷалб карда шуданд. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан», ки дар мавзеи зебоманзари «Варзоб» ҷойгир шудааст, яке аз фароғатгоҳҳои беҳтарин мебошад. Ин фароғатгоҳ дар мавсими тобистони имсола дар чор баст бо барномаҳои рангини фароғатии худ хонандагонро ба истироҳат фаро гирифт. Дар ин истироҳатгоҳ барои фароғати шогирдон хобгоҳу ошхонаи замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ омодаи хидмат мебошанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани истироҳати кӯдакону наврасон роҳбарияти истироҳатгоҳ барномаи махсус таҳия намуда, маҳфилҳои ҷолибро, ба монанди шеъру сурудхонӣ, хониши бадеӣ, тарзи ҳаёти солим, сайёҳию куҳнавардӣ, дастони моҳир, мусобиқаҳои гуногунии варзишӣ ба роҳ мондаанд. Баробари ба истироҳатгоҳи «Гулхан» ворид шудан кас аз дидани манзараҳои зебо, дарёчаи шӯх, дарахтони бузургу сояафкан, гулу буттаҳо ҳаловати аҷиб мебарад. Бо садои шайпур сардорони дастаҳо бо аъзоёни худ ба майдон ворид шуда, бо тартиб саф мекашанд. Ҳайати истироҳаткунандагон аз ҳашт даста  «Истиқлол», «Ифтихор», «Ғунча», «Ваҳдат», «Дӯстӣ», «Ориё», «Сулҳ» ва «Сомониён» иборатанд.

 

Наҷиба ИБРОҲИМОВА,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

ибтидоии №83, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш