17-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилотҳое, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардааст, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
Пешбурди масъалаҳои вобаста ба маориф яке аз самтҳои афзалиятноки кори шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ин самт ба ҳисоб рафта, як қатор барномаву лоиҳаҳо анҷом дода шудаанд.
Дар доираи қамкорӣ ҳамасола аз ҷониби ЮНЕСКО дар дохил ва хориҷи кишвар конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо доир карда мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои мазкур намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он даъват мегарданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст, ки бо мақсади боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм ва татбиқи Ҳадафи 4-уми Рушди Устувор Ёддошти тафоҳум миёни ин созмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.
Суннатуллоҳи Мирзо
Иловакунӣ
Иловакунии фикр