21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андешаронӣ карда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.
Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
“Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем” таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Баъд аз суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ҷавонони кишвар - Фахриддинзода Фирдавс - муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Насриддинзода Раъно - ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020, Ҷамолзода Беҳрӯз - омӯзгор, Мӯсоҷонзода Ҷамила - омӯзгор, Хушқадам Хусравов - Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ду карат чемпиони Ҷоми ҷаҳон, Пирмаҳмадзода Руҳангез - донишҷӯ, Носирзода Гулшанбону - донишҷӯ, Парвиз Қосимзода - роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳадяи меҳр”-и вилояти Суғд, Нозимбек Нозимбеков - омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аюбзода Шоҳхусрав - роҳбари маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, Ниёзӣ Сироҷиддин - омӯзгор, Гулмирзозода Идибек - муҳандис-геологи НБО “Роғун”, Неъматуллои Холиқ - афсари калони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмонзода Ёсуман - узви Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва Филина Олга - донишҷӯйи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ баромад карда, ба Пешвои миллат ва роҳбари ҷавонпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳо баҳри таъмини шароити созгори зиндагӣ ва илмомӯзӣ изҳори сипос карданд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр