Нашрияи Омӯзгор

Иттилоия

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

 

Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Сафорати Фаронса дар Душанбе доир ба ҷудо намудани бурсияи таҳсилӣ дар соли таҳсили 2021-2022 5 ҷои стипендиятӣ  барои таҳсил дар зинаи магистратура эълон намудааст.

Маълумот оид ба стипендия, тартиби қабул ва қоидаҳои таълимии аз ҷониби муассисаҳои тасдиқшуда дар вебсайти онҳо мавҷуд аст. Довталабонро зарур аст, ки сараввал дар вебсайти донишгоҳҳои давлатии Фаронса аз рӯӣ ихтисосҳои муайяннамудаашон худро ба қайд гирифта, баъдан пас аз бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои лозимаро (бо шакли PDF) ба почтаи электронӣ bourse.tadjikistan@mail.ru ҷониби Сафорати Фаронса дар Душанбе ирсол намоянд.

Шарти иштирок дар озмун барои гирифтани стипендияи барномаи магистрӣ:

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

- бемаҳдудияти синну сол;

- интихоби ихтисос озод аст;

- бартарӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар барномаҳои дудиплома (программы двойного диплома) таҳсил мекунад;

-  донишҷӯёне, ки аллакай дипломи дараҷаи магистриро соҳиб шудаанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Стипендияҳои  Ҳукумати Фаронса ҷиҳати хароҷотҳои иҷтимоӣ имтиёзҳои зеринро фароҳам меорад:

- озодкунӣ аз пардохти ҳаққи сабти ном дар донишгоҳҳои давлатии тобеи Вазорати таҳсилоти олӣ,тадқиқоти илмӣ ва инноватсияи Фаронса;

- озод кардан аз пардохти солонаи донишҷӯён (CVEC 1);

- ҷуброни хароҷоти иловагии суғурта дар ҳаҷми 264 евро дар як сол;

- мусоидат дар пайдо намудани манзил дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои минтақавии марказии кор бо донишгоҳҳо ва мактабҳо ( CROUS 2);

- меъёрҳои имтиёзнок барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии ташкилшудаи Campus France;

- кафолати ройгони манзил” VISALE - раводид барои манзил ва кор” (VISALE 3);

- мусоидат дар пардохти маблағ  барои манзили “Фонди кумак ба оила” (CAF 4);

- замимаи ройгон ба системаи амнияти суғ уртаи иҷтимоии Фаронса;

- додани раводиди ройгон.

1.https://cvec.etudiant.gouv.fr/

2.https://www.etudiant.gouv.fr/fr/les-crous-1984

3.https://www.visale.fr

4.https://www.caf.fr

Донишҷӯён уҳдадор мешаванд, ки дар ҳама дарсҳо иштирок кунанд, вагарна онҳо аз стипендия маҳрум хоҳанд шуд.

Ҳуҷҷатҳои лозима барои пешниҳод:

1. Муаррифии лоиҳаи омӯзиш дар хориҷа бо шакли озод (ба забони фаронсавӣ);

2. Резюме бо забони фаронсавӣ;

3. Мактуби ҳавасмандӣ (мативационное письмо) ба забони фаронсавӣ ( 1 саҳифа, танҳо яктарафа);

4. Нухсаи шиноснома – саҳифаи аввал;

5. Тасдиқи қабули пешакӣ ба донишгоҳ ё ташкилоти тадқиқотӣ. Дар сурати ба итмом нарасидани тартиби қабул замимаи ариза пешниҳод карда шавад;

6. Нусхаи тасдиқшудаи диплом бо замимааш, шурӯъ аз зинаи бакалавриат;

7. Ҳуҷҷате, ки сатҳи дониши забони фаронсавӣ ҳадди аққал B1(DELF, DALF, TCF ё шаҳодатномаи дониши забон)-ро тасдиқ мекунад. Ин талабот ба шахсоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо забони фаронсавӣ таҳсил намуданд, тааллуқ надорад.

Тартиби ирсол намудани ҳуҷҷатҳои шахсии номзад:

- Муҳлати охири супоридани хуҷҷатҳо  15 июни соли 2021 то соати 24:00.

 Ҳуҷҷатҳои номзад бо формати PDF (макс 10 мб) ба суро- ғаи  электронии дар зер овардашуда ирсол карда шавад:   bourse.tadjikistan@gmail.com

Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар як файл бо номи: Барои барномаи магистратура: 2021Master_NOM_PRENOM нигоҳ дошта шавад.

Ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи зикршуда мувофиқат намекунанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Ҳангоми қабул гардидани ҳуҷҷатҳо ба шумо огоҳинома фиристода мешаванд.

Комиссияи озмун:

Номзадҳо аз ҷониби комиссияи мустақил интихоб мегарданд.

Эълони натиҷаҳо:

Натиҷаҳои озмун баъди рӯзи 02.07.2021 дар сомонаи Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон https://tj.ambafrance.org эълон мегарданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш