Нашрияи Омӯзгор

Ману «Саргузашти Собир»

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 1124        Шарҳ: 0

 

Синфи сеюмро тамом накарда будам, ки модарам аз дунё гузашт. Ҳавлии як замон сермеҳмону ободи мо, ягона ҳавлии канори рӯди Тоҳир (номи қадимиаш Бурдон), бинои похсагии дуқабатаи деҳаи Нурбахш сарои бесоҳибу вайронаеро мемонд.

С

е тан аз азизони хеш – ману додари ҳафтсола ва падарамро бузургбародари модарам Алихони Ҳайдарбой соҳибӣ кард ва ба ҳавлии худ – деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара оварда дар ҳуҷра (меҳмонхона) – аш ҷой дод.

Аз ҳамин сол рӯзгори бемодариам сар шуд. Аз нав ба синфи сеюми мактаби миёнаи №24 – и ҳамин деҳа раҳ гирифтам. Нағз мехондам, муаллим Ҳалим Муҳаммадӣ ва падарам аз таҳсил ва интизомам қаноатманд буданд. Чорякиҳоро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст мекардам.

Шурӯъ аз синфи чорум узви фаъоли китобхонаи мактаб шудам. Нахустин китобе, ки ба даст гирифтам, «Саргузашти Собир» унвон дошт. Ин китоби муқовағафс (картонӣ) бо ҳарфҳои хоно ва аксҳояш диққатамро ҷалб кард. Китобро боэҳтиёт ба сумкаи латтагиям ҷо карда, ба хона шитофтам. То омадани падар аз кор чанд саҳфаи аввалро хондам. Агар хато нашавад, китоб соли 1954 чоп шуда буд.

Болои намад дароз кашида, китоб мехондам. Саргарми мутолиа омадани падарро нафаҳмидам. Аз ҷо ҷаста дар бухорӣ оташ гирондам. Чой дам карда, хон густурдам, нони гарми гандумиеро, ки янгаам Қурбоной чанд лаҳза пеш оварда буд, бо як лаълӣ қанди сафеди похса наздашон монда, чой гардондам.

Пурсиданд, «чӣ мехонӣ?» Гуфтам, «Саргузашти Собир» - ро ва каме ҳикоятшон кардам.

- Хон, писарам, батаъкид гуфтанд қиблагоҳӣ. – Ман аз 5 – солагӣ сағера мондам. Бобоят вафот карданду момаат ба шавҳар баромада ба дигар ноҳия рафтанд. Маро бобокалонат ба тарбияи худ гирифтанд. Аз наврасӣ, аз субҳи содиқ то дами шом корҳои хона мекардам. Буду шуд як «коридор» (як синф – сол) хондаам. Он замон имкони хондан надоданд… Хон, писарам, хон. Илоҳо, ба мартаба бирасӣ…

Ин нахустин ифшои дарди бачагии падарам буд, ки дар ёздаҳсолагӣ шунидам. Ӯ аз сағерагии худ дида нам карду ман аз беочагӣ талх гиристам. Падар дар 5 – солагиву ман дар 9 – солагӣ аз меҳрубониҳои модар маҳрум монда будем.

Китобро варақ мезадаму аз саргузашти Собир гаҳе шод мешудаму гаҳе андуҳгин. Ба гуфте, аз ҳамон рӯзҳо бо Собири Сотим Улуғзода қарин гаштам. Ин китобро батакрор мехондам. Он саргузашти ғарибу ҷолиб тасаллобахши мани сағера шуд.

Баъди вафоти модарам додарчаи хурдсолам (ҳанӯз яксола набуд) дар «Доммалютка» - и шаҳри Душанбе вафот кард, ки ин боз як зарба барои хонаводаи мо шуд…

Ба сари Собири навҷавон мушкилиҳои зиёде пеш омаданд. Падару модар олами фониро тарк гуфтанд. Ӯ дар мактаби типи нави шӯравӣ ба хондан оғоз кард. Ин рӯзҳоро устод Улуғзода чун субҳи ҷавонии қаҳрамони асараш қаламдод намудааст, ба маънии оғози умри ҷавонӣ ва ҳам ибтидои давлати нави Шӯравӣ.

Ман низ мисли Собир баъди фавти бармаҳали модар ва додарчаи хурдсол, бо маслиҳати падарам ба интернати давлати Шӯравӣ раҳ гирифта, бо ёриву ғамхории ҳукумати нав бе харҷи маблағ нахуст мактаби миёна ва баъд донишгоҳро поён бурдам. 

Мисли Собир, аз бозе ки ёд дорам, дар сарам кокулча доштам. Ҳини бозӣ дар кӯчаву мактаб бачаҳо бо шӯхӣ аз мӯям мекашиданд. Аз шиддати дарду ғазаб чӣ гуфтанамро намедонистам. Баҳорон, вақти иди сари сол, дар гӯштигирӣ ҳарифон ба кокулам чанг мезаданд. Гирён ба хона омада, аз очаҷонам илтимос мекардам, ки кокуламро қайчӣ занад. Модарам илтиҷо мекарданд, камтараки дигар тоқат кун, вақташ расад, мебурем. Модар дар кокули писари «нухсин» (нахустфарзанд) - и худ чӣ ириме доштанд, ки ман он вақт сарфаҳм намерафтам. Хайрият, ки дар 7 - солагӣ бобоям Нурхон – раис аз булукоти Кангурт омада, гӯсфандеро забҳ карданд ва кокулчаи маро қайчӣ заданд. Он рӯз, ба назарам, дар олам аз ман дида хушҳолтар касе набуд.

Ба эҷоди адиби мумтоз ва мутарҷими пухтакор Сотим Улуғзода муҳаббат пайдо намудам. Китобҳои «Навобод», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Фирдавсӣ», китоби дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»– ро мутолиа намудам. Аз асарҳои тарҷимакардаи устод «Занбӯр» Э. Л. Войничро бо завқ хондаам.

Аз он ифтихормандам, ки адиби вафодори Ватан, нависандаи дӯстдоштаам Сотим Улуғзода ба унвонҳои Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ сазовор гардидааст. Хушоянд буд, ки романи «Фирдавсӣ» - и устод соли 1996 дар озмуни байналмилалии «Китоби сол» - и Эрон мақоми аввалро касб кард.

Моҳи июни соли 1997 устод Сотим Улуғзода дар 86 – солагӣ дар шаҳри Москва аз олам даргузашт ва наъши ӯро бо супориши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёра ба Душанбе оварданд. Оромгоҳи адиби номвар дар «Мазористони Лучоб» - и шаҳри Душанбе воқест.

Ҳамин хел аз чопи аввали китоби дӯстдоштаи ман 67 сол ва аз ҷӯрагии ману Собир 53 сол пур шуд.

 

Умари ШЕРХОН


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш