Нашрияи Омӯзгор

Шеър монду меҳр монд

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

(Аз рӯи ёддоштҳои шодравон устод Убайд Раҷаб)

Нақл мекунанд, ки нисбат ба марги бемаҳали устод Мирзо Турсунзода аз ҳар гӯшаву канори олам таъзияномаҳои зиёде ворид шуданд. Бархе аз онҳоро дар саҳифаҳои «Садои Шарқ» (№12-1977)  ҷо доданд ва номаҳои дигари таслият аз  нашр монданд зеро дер дастрас шуданд. Яке аз ҳамин номаҳои сӯгворӣ аз Нодири Нодирпур будааст. Он тавассути Муҳаммад Осимӣ пас аз ду моҳ дастрас мегардад ва устод онро маҳфуз дошта, баъдан соли 2001 ба китоби ёддоштии худ «Зинда ба ишқ» ҷо додаанд. Инак, номаи Нодирпур:

«Ба ёди шодравон Мирзо Турсунзода. Чеҳрааш сурхии  офтобро дар бар хостан дошт ва шигифто, ки бар ин офтоб барф борида буд. Дар андоми кӯтоҳаш ва фарбеҳаш қонуне аз нишот  нуҳуфта буд ва ин нишоти ҷӯшон то чеҳрааш боло мерафт ва бо хонда бадал мешуд ва дар фазои пиромунаш мавҷ меафканд. Дар шеъраш равонӣ бар  устуворӣ чира буд ва отифа бар андеша фармонравоӣ мекард.

Ҳузури инсонии ӯ бар вуҷуди шоиронааш фузунӣ дошт ва бад-ин сабаб буд, ки наздикон аз дурон дӯсттар доштанд.

Медонист, ки ҷавонони хомтабъи имрӯз устодони пухтаи фардоянд ва аз ин рӯ, пуштибонашон буд. Ӯро борҳо дар ҳазор ва як бор дар сафар дида будам: тафовуте дар ҳолаташ набуд ва нишот ва ёдеро аз ҳазар ба сафар мебурд. Дӯсташ медоштам, чаро ки чун ӯ марде дар рӯзгори мо бисёр набувад ва бисёр нохоҳад буд.

Акнун он офтоби сурхи хезанда фурӯ нишаста ва он барф ҳам, ки бар ӯ борида буд, об шуда ва дар хок фурӯ рафтааст. Аммо фазоро бингаред:

Ҳанӯз аз нишоти ӯ сершор аст. Равонаш шодмон бод!» Деҳлӣ, чаҳоршанбеи дуюми ноябри 1977, Нодири Нодирпур.

Ифшокунандаи олами ботинӣ ва зоҳирии устод аст сӯгвории Нодирпур.

Устод Убайд Раҷаб дар китоби ёддоштӣ аз меҳрубонӣ, дурбинӣ, мӯшикофӣ, таҳаммулпазирӣ ва дигар хислатҳои умда ва ҳамидаи шодравон Мирзо Турсунзода қисса карда буданд.

Гап аз солҳои шастум меравад. Иттифоқи нависандагон аз пули Хазинаи адабиёт се бинои чорхонадор мепӯшонад, аммо ба Қутбӣ Киром аз рӯи тақсимот намерасад. Он замон шоир аёлманд буд ва дар курси дусолаи адабиёт мехонд дар Москва. Аз ин ноадолатӣ, (яке соҳиби чанд хонаю дигаре бебаҳра) Қутбӣ Киром ба номи устод ариза навишта мефиристонад. Мирзо Турсунзода ҳамон шабу саҳар дар Маскав қарор  доштанд ва Қутбӣ Киром ба дидорбинӣ меравад. Қутбиро гӯш мекунанду дар ҳамон ҷо гӯё маҷлиси раёсат меороянд. Ноадолатии тақсимот ошкор мегардад ва шоири аёлманд соҳиби хона мешаванд. Устод ҳамин хел инсонпарвару адолатхоҳ буданд.

Замоне ки Убайд Раҷаб сармуҳарририи маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро ба уҳда доштанд, номаи шикоятии бахилонае ба ташкилоти ҳизбии Иттифоқи нависандагон нисбат ба он кас ирсол мегардад. Дар рафти таҳлилу муҳокима устод ба суханронии зумрае эрод мегиранд: «Мегӯянд, ки маҷаллаи мо минбари зарафшониҳо қарор гирифтааст». Устод Турсунзода мардонавор, оромона мегӯянд:

«Файзулло Ансорӣ, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Сорбон, Ӯрун Куҳзод ва дигарон? Оё шоиру нависандаи бад ҳастанд? Дар ҳошияи аризаи шикоятӣ устоди якрӯю якмаром мегӯянд, ки «Гап дар зарафшонӣ будан ё набудани муаллиф нест, гап дар сифати асари  ӯст… Бигзор, як шумораро пурра эҷоди зарафшонӣ ё кӯлобӣ ё хуҷандӣ ташкил кунад. Асари хубу хоно бошад, кифоя…»

Ин аст фаҳмиш, биниш ва дарки масъулияти роҳбарию ба ояндаи адабиёт нек нигаристани шоири худшинос, миллатдӯсту ватанпарвар, аллома Мирзо Турсунзода.

Гуфта буданд, ки «Аз назари маҳалгароӣ ба адабиёт баҳо додан хатост». Аз ин дарди бедаво рӯзе халосие бошад?!

Устод зикр карданд, ки «-Ман Убайд Раҷабро ба вазифаи сармуҳаррирӣ тавсия кардаам ва ӯро беш аз дигарон санҷидаам ва хуб медонам, ки коргузори хуб аст, ман ба кори ӯ пурра бовар мекунам.»

Убайд Раҷаб ёд карда буданд, ки оид ба рафтори Лоиқ Шералӣ аз ҷонишини додситони ноҳия мактуб гирифта будам. Лоиқ мошинашро дар ҷойи мамнӯъ ногоҳ доштааст. Ҳамчун вайронкунандаи тартибот ҳуҷҷат тартиб медиҳанд ва аз ҷойи кор тавсифнома талаб мекунанд. Устод Турсунзода воқифи ҳол мегарданд ва мегӯянд: «Лоиқро бадном карданиянд, ҳаргиз имкон додан лозим нест. Лоиқ ҷавони умедбахш аст, адабиёти мо аз ӯ умедҳо дорад. Ёд доред, муҳокимаи шеърҳои ба Зарафшон бахшидаи шоирони зарафшониро, беҳтаринаш аз Лоиқ буд.

…Устод дар шинохти Лоиқ Шералӣ хато накарданд… хотира аз соли 1973 буд.

Ба ҷавонони эҷодкор ҳусни таваҷҷуҳ доштанд устод Турсунзода. Барои  тарғиби адабиёти классикию муосир тадбир меҷустанд. Аз ҳар кишвар тарҷумон меҷустанд, то бо ин роҳ адабиёти моро дигарҳо хонанду шиносанд.

Убайд Раҷаб ёдрас менамоянд, ки устод ба мутарҷим Семён Липкин фармуданд, ки дар муҳокимаи осори Муъмин Қаноат, Мавҷуда, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Юсуф Акобиров, Масъуд (нависандаю мунаққид) иштирок карда, баҳои шоиста диҳад. Ин буд, ки соли 1963  дар маҷлиси чаҳоруми умумииттифоқии ҷавонон намунаҳои осори адибони мазкур барои чоп лар нашриётҳои Маскав тавсия шуданд. То дами марг устод Мирзо Турсунзода дар хизмати адабиёту халқу Ватан буданд.

Ин буд шаммае аз хотираҳои шоири зиндаёд Убайд Раҷаб доир ба устоди адибон, вассофи дӯстии халқҳо, инсони муътабар, устод Мирзо Турсунзода.

Шоири намакшиносу ҳақпараст Убайд Раҷаб пас аз марги устод Турсунзода шеъри пурсӯзе навишта, ки ин қитъа аз он аст:

…Рафт ӯ,

Дар дили гарми Лучоби шодмон,

Дар баландӣ,

Чун уқобе,

Монд зебо ошён,

Рафт ӯ…

Шеър монду меҳр монд.

Қисса монду достон       

Маъруфи Ҳисом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш