Нашрияи Омӯзгор

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Муҳимтарин ва самарбортарин давраи омӯхтан ва дониш гирифтан кӯдакию наврасӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин давра заминаи  кохи дониши ҳар фард гузошта мешавад ва ин замина бояд ҳар чӣ бештар устувору қавӣ бошад. Аҳли хирад наврасонро самимона даъват намудаанд, ки ҳар лаҳзаро ғанимат дониста,  пайваста ва бо ҷидду ҷаҳд дониш омӯзанд, китоб хонанд, соҳиби хиради воло бигарданд. Ба ин маънӣ Фирдавсии ҳамосасаро гуфтааст:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад…

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,

Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

Унсуралмаолии Кайковус, адиби маъруфи тоҷик ва андарзгӯйи соҳибхирад, ба насиҳати фарзанд асари махсусе бо номи «Қобуснома» («Насиҳатнома») навишта, аз ҷавонону наврасон, пеш аз ҳама, дониш омӯхтану босавод будан ва оқилона рафтор карданро тақозо бинмудааст. Ин абёти Низомии Ганҷавӣ, ки андарзи барҳақу судманд аст, хеле машҳур мебошад:

Ғофил манишин, на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист.

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз…

Басо хушоянду нишотбахш аст, ки аксар шогирдони мо дар таълимгоҳҳо дар заминаи дарсу сабақу ҳидоятҳои устодон ин нуктаи муҳиму тақдирсоз-донишомӯзиро дуруст дарку қабул кардаанд ва аз ин рӯ, бо ҷидду ҷаҳд таҳсил мекунанду дониш меафзоянд. Зумрае аз онҳо ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданду шарафи мактабашонро ҳимоя мекунанд, боиси ифтихори устодонашон мешаванд. Дар таълимгоҳи мо низ, хушбахтона, чунин шогирдони фаъолу шарафманд таҳсил доранд ва сафашон сол то сол меафзояд. Хонандаи синфи 11-ум Муҳаммад Мадвалиев аз ҷумлаи хонандагони пешсафу пурмутолиа ва ҷӯяндаи мост. Гарчи ҳамаи фанҳоро бо иштиёқу таваҷҷуҳи баланд меомӯзад, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар майл дорад.

Махсусан, ду соли охир барои Муҳаммади мо бобарору натиҷаовар гардид. Ҳамчун хонандаи фаъол дар даври ноҳиявии олимпиадаи хонандагон, ки моҳи декабри соли 2020 дар литсейи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гашт. Ин комёбиашро ӯ дар даври минтақавии олимпиада такрор намуд ва дар сафи беҳтарин хонандагони забондони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир шуд.

Дар даври ниҳоии олимпиадаи мактабиёни кишвар, ки аввали моҳи январи соли равон дар бинои мактаби №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баругузор гашт, Муҳаммад Мадвалиев аз забони англисӣ дониши баланд нишон дода, мақоми дуюмро соҳиб гашт. Ин хонандаи кӯшо дар олимпиадаи шогирдони фаъоли шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки вобаста ба забондонию забономӯзӣ моҳи январи соли 2020 дар шаҳри Ҳисор ҷараён ёфт, боз ҳам ҷойи якумро ба даст овард ва соҳиби ҷоизаҳои махсус гардид.

Барои фаъолияти фарогираш дар таҳсил ва иштироки натиҷабор дар олимпиадаю озмунҳо Муҳаммад Мадвалиев бо дипломи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мукофотонида шудааст. Ӯ ният дорад, ки имсол таълимгоҳро бомуваффақият хатм карда, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии пойтахт шавад ва забони англисиро ҳар чӣ амиқтар биомӯзад. Ба ин шогирди фаъоли мактаб комёбиҳо таманно дорем.

Ҷамила Бурҳонова,

омӯзгори мактаби №128,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш