Нашрияи Омӯзгор

Он чӣ ки дар дег бошад…

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

(Гузориш аз раванди  имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ дар ҷумҳурӣ)

Дар ҷумҳурӣ имтиҳоноти дохилшавӣ тариқи низоми тестӣ дар  тамоми марказҳои таъсисдодаи Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бо мақсади огаҳии бештар ҳосил  намудан аз раванди имтиҳонот аз маркази имтиҳонии №06/15, ки  дар мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур воқеъ гардидааст, дидан кардем.

Дар саҳни  муассисаи таълимии мазкур падару модарони довталабон ҷамъ омадаву мунтазири оғоз гардидани имтиҳон буданд. Мо бо намояндаи ваколатдори маркази имтиҳонӣ Нигина Бузрукова ҳамсуҳбат гардида, перомуни раванди баргузории имтиҳонот  аз ӯ пурсон  шудем. Номбурда зикр намуд, ки имрӯз рӯзи охирини даври асосии имтиҳонот  ба шумор  меравад. Ҳоло дар имтиҳони даври асосӣ  тибқи  ҷадвали  ММТ 367 нафар довталаб иштирок мекунанд.

- Бо падару модарони довталабон дар робитаи  доимӣ қарор дорем. Нофаҳмӣ ва проблемаю мушкилот аслан ҷой надорад. Аз ҷониби довталабон ва падару модарон шикоят ё норизоӣ нашудааст. Волидон раванди баргузории имтиҳонҳоро мустақиман дар толори махсус тавассути мониторҳо мушоҳида мекунанд, - гуфт Н. Бузрукова.

Сарнигаҳбони маркази имтиҳонӣ аз муассисаи таълимии «Сипар» Зуҳал Ҳафизова  иброз  дошт, ки тӯли 12 рӯз  мешавад, ки қоидаҳои ба имтиҳонҳо ҳозир шудан ва иштироки довталабонро ба ҳайси  муҳофиз  назорат мекунанд. Қабули довталабон, сарулибоси онҳо, ворид гардидани эшон бо телефонҳои мобилӣ, ҳисобкунаки электронӣ, соати дастӣ ва дастурҳои ёрирасони имтиҳонӣ зери назорати қатъии аъзои гурӯҳи муҳофизон қарор дода шудааст. Ҳангоме ки мо бо масъулони маркази имтиҳонӣ суҳбат доштем, довталабе аз ноҳияи Шаҳринав каме ба имтиҳон дер монда, банди эҳсосоту ҳаяҷон худро гум карда буд. Кормандони марказ ӯро, ки Шаҳло ном дошт, дилбардорӣ карда, бо лутфу меҳрубонӣ баҳри дар имтиҳон иштирок карданаш мусоидат намуданд. Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо падару модарони довталабон, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба маркази имтиҳонӣ ҳозир шуда буданд, суҳбат намуда, андешаю мулоҳизаҳои  онҳоро дар хусуси  раванди  баргузории  имтиҳонҳо пурсон гардидем.

Г.Аббосова, сокини  шаҳраки Сомониёни  ноҳияи Рӯдакӣ, иброз дошт, ки духтараш Муаззама дар маркази зикршуда имтиҳон месупорад.

- Ман ҳамчун модар мехоҳам, ки духтарам ҳамшираи шафқат шуда, оянда ба мардум хизмат намояд. Дар маркази ноҳия бемористони  замонавӣ бо тамоми дастгоҳҳои зарурӣ  муҷаҳҳаз мавҷуд аст. Мехоҳам Муаззама дар ҳамин бемористон  кор кунад. Шодибек Ҷабборов, аз деҳаи Сайёди  ноҳияи Варзоб қайд кард, ки бародараш Ҳакималӣ имрӯз имтиҳон месупорад. Ҳакималӣ Ҷабборзода мактаби рақами 58-и ноҳияро хатм кардааст. Ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик шавқу рағбати зиёд дорад. Вай чор ихтисос аз Донишгоҳи  аграрӣ ва чор ихтисоси  дигарро  аз Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  интихоб намудааст. Ба таъкиди Шодибек, бародараш аз имтиҳони маҳорат 85 бал ба даст овардааст.

 Мавсуф орзу дорад, ки оянда корманди мақомоти низомӣ шуда, ифои вазифа намояд. Шодибек ба баргузории имтиҳонҳо тариқи низоми тестӣ баҳои баланд дода, гуфт, соли 2014 вақте ки ин низом роҳандозӣ гардид, аслан бе ягон душворию мамониат ва пардохти маблағҳои  зиёдатӣ ба донишгоҳ бо саводи худаш дохил шудааст. Системаи санҷиши компютерӣ фиребу сохтакорӣ надорад. Ҳамин субҳ директори Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ Икромӣ Хуршед бо падару модарон вохӯрда, зикр намуд, ки шаффофият дар раванди имтиҳонот комилан риоя карда  мешавад.

Омӯзгори литсейи №55-и шаҳри Душанбе Матлуба Маматқулова  ба ҳаводории писараш Ғайбулло Раҳматзода, ки хатмкардаи ҳамин литсей мебошад, омадааст. Дониши фарзандаш хуб буда, мехоҳад ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил гардад. Мавсуф аз раванди баргузории имтиҳонот тариқи низоми тестӣ қаноатманд буда, ин равандро ҷаҳиши бузурге дар маорифи кишвар мешуморад.

Истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт, нафақахӯр Тоҷиддин Гулов духтараш Оминаро, ки мактаби №73-ро хатм намудааст, сифат карда, гуфт, ки ҳамаи фарзандонаш дар мактаби олию коллеҷҳо таҳсил карда, дар соҳаҳои гуногун фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Омина табиб шуданист, аз ин рӯ, ба коллеҷи тиббии пойтахт ҳуҷҷат супурдааст. Сокини ноҳияи Фирдавсӣ Нигина Оймаҳмадова иброз дошт, ки ман аз низоми тестии имтиҳоноти дохилшавӣ хеле розиям, чунки довталаб бо саводу дониши худ, бе ҳеҷ мушкилие метавонад ба донишгоҳ ё донишкадаи писандидаи худ дохил шавад. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд: «Он чӣ ки дар дег бошад, дар кафлез хоҳад омад», - гуфт Н.Оймаҳмадова. Ҳамин андешаро истиқоматкунанди  шаҳри Турсунзода  Санам Тоҳирова тақвият бахшида, гуфт, ки ҷиянаш Умедҷон Алимардонов имрӯз имтиҳон месупорад. Ӯ донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шуданист.

Мо ба волидони довталабон баҳри аз рӯи ихтисосҳои қабулкардаи фарзандонашон барои дохил гардидан ба донишкадаю донишгоҳҳои  писандидаашон барору комёбиҳо орзу намуда, аз маркази имтиҳонӣ берун шудем. Хотиррасон  менамоем, ки натиҷаи ниҳоии имтиҳонҳои  дохилшавӣ тариқи низоми тестӣ моҳи августи соли равон ҷамъбаст мегардад ва беҳтаринҳо соҳиби номи донишҷӯ мегарданд.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш