Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии шарафу эътибори кишвар

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Устодону шогирдони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ҷидду ҷаҳд доранд, ки  30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро бо дастовардҳои шоиста истиқбол бигиранд. Маълум, ки дар устуворгардии пояҳои истиқлоли кишвар ва  эътирофи ҷаҳонии Ватани азизи мо дар радифи омилҳои дигар комёбиҳои варзишгарон нақши барҷаста доранд.

Пирӯзиҳои аҳли варзиши мамлакат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ номи ҷумҳуриамонро сари забонҳо мекунанд, парчами кишварро боло мебарадоранд ва садои Суруди миллиамонро баланд менамоянд. Воқеан ҳам,  варзиш муаррифи ҷумҳурист, шаъну шараф, шуҳрати онро меафзояд. Ба шарофати истиқлол варзишгарони тоҷикро имкони мусоид фароҳам омад, ки дар бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзидаву Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд. Ин ҳам далели фараҳафзост, ки сол то сол доираи ширкати варзишгарони тоҷик дар сабқатҳои ҷаҳонӣ вусъат меёбад, дастовардҳояшон афзунтар мегардад. Президенти муҳтарами кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди варзиш дар мамлакат ва фароҳам овардани шароити созгор барои варзишгарон тамоми тадбирҳоро менадешанд. Дар саросари мамлакат теъдоди варзишгоҳҳо, кохҳои варзишии бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз пайваста  мефазояд. Ин ҳам падидаи ҷолибу нишотбахш аст, ки зумрае дар созмонҳои хайрхоҳ ва соҳибкорону сарватмандони ватандӯст барои рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ менамоянд ва аз ҷумла, ширкати варзишгарони мумтозро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ менамоянд. Ин амри хайру манфиатбор аст. Ҳамагон бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки варзиш  ҳамбастагии доимӣ бо ифтихору нангу номуси миллӣ дорад, варзиш шаъну шараф ва эътирофу эътибори миллат аст.

Дар кишвари маҳбуби мо яке аз мактабҳои олии бонуфуз - Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ягона маркази таълиму тарбияи варзишгарон ва алоқамандони тарбияи ҷисмонӣ маҳсуб меёбад. Ин боргоҳи маърифат бисёр варзишгарони номию муваффақро тарбия намудаву ба камол расондааст, ки бо номи онҳо тамоми сокинони мамлакат ифтихор менамоянд. Дар омодасозии  омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва тарғиби варзиш низ донишкада  ҳиссаи сазовор дорад. Таҳияи барномаҳои таълимӣ, мураттабсозии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши таърихи варзиши миллӣ ва эҳёи бозиҳои варзишии миллӣ-ин ҳама самтҳои дигари фаъолияти кулли кормандони донишкада ба шумор мераванд, ки дар маҷмӯъ тақвиятбахши нуфузи ин мактаби олӣ дар кишвар мебошанд.

Солҳои охир сафи варзишгарони фаъоли донишкада боз ҳам афзудааст. Чунончи, паҳлавонони гӯштии намуди  дзю-до Шаҳбоз Саидаброров, Алӣ Сафаров, Разиаллоҳ Лоиқов, Муҳаммад Саъдуллоев, Оламафрӯз Абдураҳмонов, Ҳақназар Назаров, Ҳоҷимашраб Раҳимов, Абӯбакри Акобир ба чандин комёбии барҷаста даст ёфта, дар мусобиқаҳои байналмиалалӣ шарафи кишварро ҳимоя намуданд. Дар гӯштии намуди самбо шогирдону дастпарварони донишкада Аминҷон Холов, Сомон Сангов, Ҷомӣ Ҳасан,  Абӯбакр Боқиев, Алӣ Боқиев, Раҳмон Мансур, Ҳасан Исоқзода, Ҳусейн Исоқзода ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Ду дастпарвари дигари донишкада - Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар риштаи маъруфи  варзиш –бокс дар чандин мусобиқаи ҷаҳонӣ бомуваффақият ширкат варзидаву соҳибҷоиза гардиданд ва дар натиҷа ба имтиёзи ифтихорӣ соҳиб шуданд: онҳо ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар Олимпиадаи  Токио-2020 (ин олимпиада бинобар доманпаҳнкунии КОВИД-19 аз соли гузашта ба имсол интиқол дода шуд) иштирок ва ҷумҳурии моро муаррифӣ намоянд. Умедворем, ки ин ду варзишгари номии мо дар сабқатҳои сатҳи баланд шарафи варзиши Ватани азизамонро ба таври шоиста ҳифз менамоянд.

Ин ҳам паёми нишотафзост, ки панҷ тан аз паҳлавонони кишварамон – шогирдони донишкада, гӯштингирони тарзи дзю-до Темур Раҳимов, Шаббос Саидаброров, Алӣ Сафаров, Сомон Маҳмадбеков ва Раҳмон Мансур вобаста бо комёбиҳояшон дар давоми солҳои охир имтиёзи онро дарёфтанд, ки иштирокдори Чемпионати ҷаҳон оид ба дзю-до бошанд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ нимаи дуюми соли равон дар Будапешт (Венгрия) баргузор хоҳад гашт.

Далели ҷолиб ва ибратбахши дигар он аст, ки дар баробари донишҷӯён,  чанде аз устодони донишкада дар мусобиқаҳои варзишии  ҷумҳуриявию байналмилалӣ бомуваффақият ширкат меварзанд. Ин маврид ба сифати намуна метавон номи омӯзгори ҷавони донишкада Гулсунбӣ Шарифоваро ба забон овард.

Ӯ устод-мураббии пешқадам аст ва ҳамчунин, худ  пайваста машқу тамрин мекунаду ба варзиши сабук иштиёқмандӣ дорад. Ин ҷавонбонуи ҷасуру ғайратманд иштирокдору ғолиби чандин мусобиқаи бонуфуз мебошад ва ҷоизаҳои зиёдеро ба даст овардааст.

Аввали соли равон Гулсунбӣ Шарифова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, дар давидан ба масофаи 200 метр байни бонувон сазовори ҷои аввал гардид ва ҳамбаста ба ин комёбияш барои иштирок дар бозиҳои олимпии Токио (Ҷопон) роҳхат ба даст овард.

Умедворем, ки парчамафрози кишварамон дар ин сабқати бонуфузи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.

Ҳафтаи гузашта аҳли донишкадаро боз як комёбии навин шоду масрур сохт. Шогирди таълимгоҳ, донишҷӯи соли дуюми факултаи омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар сабқати Рӯзи дави миллӣ, ки 16 майи соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе баргузор гашт, дар давидан ба масофаи 10 км садҳо довталабро қафо гузошта, сазовори ҷои аввал гардид ва ҷоизаи асосии сабқатро ба даст овард Зухуршоҳ донишҷӯи фаъол асту боинтизом, ҷиддан ба тамрин машғул мебошад, нисбат ба худ хеле серталаб аст ва устодон бар он боваранд, ки ин ҷавони боғайратро комёбиҳои бештаре дар пешанд.

-Мо сарфарозу қаноатманд аз онем, ки таваҷҷуҳи ҷавонон, махсусан, бонувон ҳамасола ба варзиш, ба тарбияи ҷисмонӣ меафзояд,-мегӯяд ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, варзишгари собиқадор, профессор Шодӣ Сафаров

.-Аз комёбиҳои шогирдонамон хеле мамнунем. Вусъати варзиш дар мамлакат ва таваҷҷуҳу дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ ба ин соҳаи нуфузманд илҳомбахши мост ва водорамон мекунад, ки фаъолияти худро боз ҳам тақвият бубахшем.

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш