Нашрияи Омӯзгор

«Паланги қуллаҳои барфпӯш»

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон  дорои кӯҳсорони зиёд аст. Аз ин рӯ, дар кишвари мо соҳаи кӯҳнавардӣ рушд карда, минтақаҳои зебоманзари диёрамон диққати сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб кардааст. Ба қарибӣ рӯзноманигор ва адиби шинохта – Ворис (Ӯруни Назар) доир ба фаъолияти густурдаи табиб ва кӯҳнаварди машҳур, сокини шаҳри Ҳисор  Маҳмурод Ашӯров очерки шарҳиҳолиеро тавассути нашриёти «Шарқи озод» ба хонандагон пешкаш гардонид. 

М. Ашӯров нахустин тоҷикест, ки баландтарин қуллаи Тоҷикистон  (ҷойе, ки зимистони абадӣ ҳукмрон аст) -  қуллаи «Исмоили Сомонӣ» (собиқ «Коммунизм») - ро фатҳ намудааст. Кас ҳангоми  мутолиаи асар на танҳо бо нозукиҳои пешаи кӯҳнавардӣ шинос мешавад, балки бо зиндагӣ ва корномаҳои онҳое низ шинос мегардад, ки ҳаёти хешро бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон пайваста,  ҳамроҳ бо қаҳрамони асар барои расидан ба ҳадафҳои худ талош варзидаанд.

«Паланги қуллаҳои барфпӯш» фаъолияти устоди М. Ашӯров – Владимир Сергеевич Машков – рӯзноманигори суратгир ва кӯҳнаварди шинохтаро низ  инъиикос кардааст.      

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш