Нашрияи Омӯзгор

Риёзидоне аз Хоруғ

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Ақлимо Муминшоева ҳанӯз аз даврони дар синфҳои ибтидоӣ хонданаш фанни математикаро дӯст медошт. Дар ҳалли мисолу масъалаҳои математикӣ ба ҳамсинфонаш ёрдам мерасонд, то аз муаллимон сарзаниш нашунаванд.

Ҳамин меҳру муҳаббат ба фанни математика буд, ки Ақлимо дар ин ҷода соҳибдиплом гардид ва роҳ ба зодгоҳаш гирифт. Нахуст корро (соли 1977) аз мактаби №23и ноҳияи Шуғнон оғоз кард ва ба шогирдон аз фанни математика дарс мегуфт. Сипас, ба мактаби №8-и шаҳри Хоруғ омад ва ӯро хуш истиқбол гирифтанд.

Ҳам дар Хоруғ ва ҳам дар Душанбе дар мактабҳои гуногун кор карданаш аз рӯи касби дӯстдоштааш Ақлимо Муминшоеваро соҳибэҳтиром гардондааст ва ифтихор аз он дорад, ки аксар шогирдонаш имрӯз касби ӯро ихтиёр кардаанд...

Аз соли 2016 то соли 2020 дар вазифаи муовини директори мактаби №74-и шаҳри Хоруғ кор кард ва ин фанро дар дили ҳазорҳо шогирдон ҷой намуд.

Хидматҳои муаллима бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, (с. 2004), ифтихорномаҳои раиси ВМКБ, раиси шаҳри Хоруғ, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва раёсати маорифи ВМКБ  қадрдонӣ гардидааст. Беҳтарин ва волотарин мукофоту ҷойиза барои муаллима он аст, ки шогирдонаш аз ӯ ба накуӣ ёд мекунад ва ҳар ҷо ки ӯро бубинанд, бо чеҳраи хандону оғӯши боз истиқбол мегиранд.

Тарбияи насли наврас аз зинаҳои аввали ҳаёт оғоз гардида, барои дар самти илмҳои дақиқ тайёр намудани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд эътибори махсус дода шавад, ки маҳз аз ҳамин омӯзишу ҷаҳонбинии наврасон оғоз мешавад.

Омӯзгори варзида Ақлимо Муминшоева ба синни нафақа расидаасту давлати пирӣ меронад, вале аз касби  дӯстдоштааш-омӯзгорӣ дур нашудааст...

Меҳримо Аловатова,

сардори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи

маорифи шаҳри Хоруғ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш