Нашрияи Омӯзгор

Пайвандгари робитаҳои адабӣ

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 861        Шарҳ: 0

 

Дар адабиётшиносии муосири тоҷик таҳқиқу баррасии равобити адабӣ миёни халқҳо ва адабиётҳо яке аз самтҳои нави таҳқиқ маҳсуб гардида, дар ҳоли ташаккулу такомул қарор дорад.

Дар ин миён аз ҷумлаи онҳое, ки дар даҳсолаҳои охир оид ба таҳқиқи равобити адабии тоҷикон бо халқҳо ва тамаддунҳои дигар хидмати арзишманд кардаанд, Муртазо Зайниддинзода мебошад. Мавсуф аз ҷумлаи он муҳаққиқони пуркорест, ки навиштаҳояш масъалаҳои равобити адабии тоҷикон бо адабиёти рус, украин, белорус, арман, ӯзбек, туркман, қирғиз ва дигар халқҳоро фаро гирифтаанд. Таҳқиқоти М. Зайниддинзода дар пажӯҳиши пайвандҳои адабии тоҷикону тоторҳо хеле густарда буда, дар ин масъала ӯро дар адабиётшиносии тоҷик яке аз донишмандони муваффақ метавон эътироф кард.

Беш аз 35 сол аст, ки Муртазо Зайниддинзода фаъолияти илмии худро ба таҳқиқу пажӯҳиши равобити адабии халқҳои тоҷику тотор сарф менамояд. Ӯ иштирокчии конфронсу симпозиум ва ҳамоишҳои илмӣ дар шаҳрҳои Қазон, Оренбург, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Украина ва кишварҳои Англия, Туркия буда, дар ин ҳамоишҳо доир ба иртиботи баҳамоии адабиётҳо, ба вижа, иртиботи таърихии халқҳои тоҷику тотор суханронӣ карндааст.

Фаъолияти адабиётшиносии М.Зайниддинзода танҳо бо пажӯҳиши робитаҳои адабӣ маҳдуд нагардида, балки масъалаҳои таърихи адабиёт, назария ва нақди адабӣ ва тарҷумаву тарҷумашиносӣ низ аз дигар самтҳои таҳқиқотии ӯ мебошанд. Дар баробари таълифи асару мақолаҳои марбут ба рӯзгору осори адибони гузаштаву муосир вай паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Ҳайдаршо, Қ. Киром ва дигаронро нақду баррасӣ намудааст.

Ба қалами Муртазо Зайниддинзода беш аз 400 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ тааллуқ дошта, ӯ муаллифи китобу маҷмӯаҳои «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Ёде аз бузургон» (2010, 2018), «Адабиёти ҷаҳон» (2011), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (дар ду қисм 2005-2014), «Гулчанбари муҳаббат» (2017, бо ҳаммуаллифӣ), «Ҳақиқатро бараҳна бояд дид» (2017), «Пайкари накуӣ» (2017, бо ҳаммуаллифӣ), «Паёми бародарӣ» (2018), «Песнь единства» (2018, бо ҳаммуаллифӣ) мебошад.

Маҷмӯаи «Ёде аз бузур-гон»-и М.Зайниддинзода ба шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва сиёсии ватанию хориҷӣ Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Б. Ғафуров, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Гёте, Чингиз Айтматов, Зарринкӯб, Мӯсо Ҷалил, В. Асрорӣ, Ш. Ҳусейнзода ва Х. Мирзозода барин олимони шинохта бахшида шуда, маҳсули эҷоди адабӣ ва ҳам таҳқиқи илмии муаллиф аст. Маҷмӯаро мусоҳибаи муаллифи китоб бо духтари нависандаи номии гурҷӣ Нодар Думбадзе - Манана Думбадзе таҳти унвони «Падарам ба «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ саҷда мекард» хотима мебахшад. Маҷмӯаи фавқуззикр ба таҳқиқу омӯзиши проблемаю робитаҳои адабӣ бахшида шуда, барои робитаҳои адабиётшиносии тоҷику тотор як дастагули хубе мебошад.

Як силсила мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – оммавии Муртазо Зайниддинзода, ки солҳои 2019-2020 дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашр гардидаанд, ба мавзӯъҳои мубрами адабу фарҳанги ватанӣ ва хориҷӣ бахшида шуда, хонандаи тоҷикро ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати ин миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ҳидоят менамояд. Дар ин ду сол танҳо дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» 23 мақолаи ин олими пуркор ба табъ расидааст. Мақолаҳои “Таровиши ангезаҳои ҳамнавоӣ” (оид ба ашъори Саидҷон Ҳакимзода), “Дилро ба дил раҳест” (бахшида ба 110-солагии Ҷалол Икромӣ), “Ҳамдарди қалам, ҳамдӯши алам” (ба хотираи неки тарҷумони заҳматкаш Аслам Адҳам), “Қатраи дурахшони шеър” (ба хотираи шоири боистеъдод Амонбек Шоҳзода) ва “Бозтоби ҳақиқати таърихӣ дар насри муосир” (оид ба саҳифаи зиндагӣ, роҳи тайкарда ва фаъолияти илмию эҷодии шахсиятҳои маъруфи кишварамон) дар сатҳи баланд нигошта шудаанд.

Қисме аз мақолаҳои силсилаи мазкур ба робитаҳои адабӣ иртибот дошта, аз ҷумла, мақолаҳои “Азизи мардум”, “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт”, “Чу узве ба дард оварад рӯзгор”, “Сухан аз тарҷумаи “Довуди Сосунӣ”, “Бозтоби фарҳанги тоҷикӣ дар романи туркӣ” таъсирпазирии мутақобилаи адабиёту фарҳанги халқҳои Машриқзамин бо санаду далелҳои муътамад ва раднашаванда баён гардидааст. Профессори зиндаёд Абдушукури Абдусаттор мақолаҳои дар давоми соли 2020 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чопнамудаи М. Зайниддинзодаро ба таҳлил гирифта, менависад: “Дар таҳқиқи масъалаҳои робитаҳои адабӣ саҳми М. Зайниддинзодаро бояд таъкид кард, ки дар тӯли соли гузашта чандин мақолаи ӯ дар иртибот бо ин мавзӯъ ба табъ расиданд. Алалхусус, мақолаи ӯ “Бозтоби фарҳанги тоҷикӣ дар романи туркӣ” (дар бораи таъсири унсурҳои фарҳанги тоҷикӣ дар романи нависандаи турк Орҳан Памук таҳти унвони “Номи ман сурх аст”) ва “Сухан аз тарҷумаи Довуди Сосунӣ” дар таҳқиқи робитаҳои адабӣ арзиши муҳим доранд. Аз ҷумла, дар мақолаи дувум масъалаи бо вуҷуди саъйю кӯшишҳои мутарҷим А. Адҳам ва адабиётшинос А. Давронов соли 1984 аз арманӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудани асари гаронбаҳо “Довуди Сосунӣ” ва то имрӯз чоп нашудани он ба миён гузошта шудааст, ки аз хунукназарии масъулон ба кори тарҷума ва тарҷумонӣ гувоҳӣ медиҳад”. Дар ҳақиқат, мақолаҳои ба робитаҳои адабӣ бахшидаи муаллиф аз нигоҳи мазмуну муҳтаво басо омӯзанда буда, боиси афзунии донишу малакаи хонандаи тоҷик мегарданд.

Умуман, мақолаҳои М. Зайниддинзода, ки дар солҳои 2019-2020 дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба табъ расидаанд, бо мазмуну муҳтаво ва рӯҳи қавии иҷтимоии худ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа таъсир расонида, дар вуҷуди алоқамандон эҳсоси таваҷҷуҳ ба адабиёту фарҳанги миллиро тақвият мебахшанд.

Аз ин рӯ, иқдоми ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” барои силсилаи мақолаҳояш дар солҳои 2019-2020 пешниҳоди ба адабиётшинос, мунаққид ва робиташинос Муртазо Зайниддинзода ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қобили дастгирӣ мебошад.

 

Абдулҳай МАҲМАДАМИНОВ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор,

Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,

доктори илмҳои филологӣ,  профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш