Нашрияи Омӯзгор

Гавҳаре дар садафи сухан

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 847        Шарҳ: 0

 

Абдуҷаббори Суруш аз шоирони насли нав аст, ки бо маҷмӯаи «Фарёди силсилаи хомӯшӣ» ба арсаи адабиёти муосири тоҷик ворид шуда, то имрӯз 14 унвон дафтари ашъорашро ба чоп расонидааст.

Суруш дар аксари навъҳои мутадовилу суннатии шеър, аз қабили ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, инчунин, шеъри нав – шеъри озод ва шеъри сафед табъозмоӣ намудааст. Мо дар ин ҷо мехоҳем дар бораи ашъори тозаи ӯ, ки дар маҷмӯаи тозаншари шоир Суруш, таҳти унвони «Корвон…Раҳ… Марғзор … Оҳу…» ҷой гирифтаанд, андешаҳои хешро мухтасар баён кунем.

Шеър дар коргоҳи хаёли Суруш «дуди дарде»-ст, ки аз «андӯхтаи хотираҳо» халқ мешавад (Оҳ ин шеър, ки андӯхтаи хотираҳост/Дуди дардест, ки аз ҷангалаки сӯхтаи хотираҳост) ва «фикри қаламсавораш» тани танҳо дар саҳфаҳои дафтар машғули шеърбозӣ мешавад. (Дар сафҳаҳои дафтар/ фикри қаламсавори мани танҳо/ машғули шеърбозист).

 Аз ин ҷост, ки шоир бо дили худ сухан мегӯяд, бо чидамони вожагони мутаносиб мисли уқоб бо пару боли худ ба «меъроҷи аҷибе» парвоз мекунад, ки гоҳе ӯро ба чархи барин ва гоҳи дигар ба замин мебарад:

Хобе, ки уқобе буд,

болаш ҳама боз аз розе,

розаш ҳама парвозе

меъроҷи аҷибе мекард,

гаҳ чархи баринам мебурд,

гоҳе ба заминам меовард.

Мусаллам аст, ки корбурди муҳимтарин лузум ё шохисаи шеър, чи суннатӣ ва чи нав, дар баробари унсурҳои шеърсоз (арӯзу қофия, тахайюл, муҳассиноти бадеъӣ ва анвои адабӣ) ҷасорати адабӣ мебошад. Шоири сапедсаро, пеш аз ҳама, саъй карда дар дарунмояи шеър таҳаввуле падид оварад. Ҳамин инсиҷоми ботинии шеър гӯяндаро ба уфуқҳои нав мерасонад, ки қабл аз ҳама, ба завқ, ҳиссомезӣ, тасвирсозӣ ва маъниофарӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Шоир бо «завқи баҳорӣ»-и хеш шеъри сапедашро «дар навдаи зеҳнаш», «навшукуфта» (Дар навдаи зеҳнаш/навшукуфта буд шеъри сапедашро/ завқи баҳорияш…) мебинад ва бо ҷасорат дар шеъри «Бими марг» тасвирҳои тоза ба кор мебарад:

Боғбони пир

                    сабади моҳро

пур аз ангури ситора кард

ва дастовез ба шабзиндадорон бурд…

Обҳо ҳомила аз ранги шаб

ва садошон

        ваҳмангез чун сиёҳӣ…

Сояи воҳима интишор меёфт

дар вазиши тарсноки насимаке

шабгард…

Офаридани тасвири тоза аз вижагиҳои асосии шеъри нав аст. Шоир ба табиат, манзара, ҳолат, лаҳза, ашё, яъне муҳити зист, ки ӯро фаро гирифта, бо диди нав менигарад ва бо онҳо сухан мегӯяд, онҳоро мухотаб қарор медиҳад, «ба ҳар чӣ дар чашмандози ӯст, сифоти инсонӣ медиҳад». Ин амал, яъне «шахсият бахшидан ба ашё»-ро дар адабиётшиносии муосир «таъмимсозӣ» гӯянд, ки қаблан онро дар адабиёти шӯроии тоҷик «типикунонӣ» меномиданд. Ин хасиса дар шеъри нав бештар ба мушоҳида мерасад ва маҳз ҳамин омил дар ваҳлаи аввал сухани шоирро мубҳам ба намоиш гузошта, таркибу таъбирҳоро мураккаб ҷилва медиҳад. Вазифаи асосии шоири сапедсаро падид овардани таҳаввулот дар таркибу сохтори шеър мебошад. Намодҳо (самбулҳо), мутаноқизнамоҳо (парадуксҳо), иможҳо (тасвирҳо), қаринасозиҳо, тамсилҳо ва истиораҳои наву бадеъ таҳаввулотро ба ҳадди камол ва ҳусни ҷамоли шеъри сапед мерасонанд. Машҳуртарин намоди шеъри ӯ «Ширин» аст, ки аз шеъре ба шеъри дигар интиқол меёбад, гоҳе Ширин ошиқ аст, аз ишқ лаззат мегирад, ба висоли ёри худ мерасад, бо ҳусни ҷавонӣ меболад, хушбахту саодатманд аст:

Дар тамомии умр

ба ҷуз аз чашми дилороми ту, эй Ширинҷон!

Ҳеч кас ишқи бузургамро

                    гандаву нағз надид.

Ҳеч оҳуе сурх

ҷуз лабони ту зи мобайни лабам

        лолаи бӯсаи сурхида начид.

Ҳеч кас чун ту ба ман ишқ наварзид.

Гоҳи дигар ба дарди ҷонсӯзи ишқ гирифтор аст, аз ҷудоии ёр менолад, аз ёри бевафои худ ҳасрат мекунад, қоҳиру ситезаҷӯ ва маъюсу ғамгин буда, «андуҳи зи ҳад берунаш ба ҳаҷми дил намегунҷад». «Ширин»-и шоир аз ҷумлаи он ишқпешагонест, ки ошиқона сухан мегӯяд, вале бо иҷтимоъ омехта, дардҳои замонро бозгӯ мекунад ва образи бадеъӣ мубаддал мешавад: 

Дили ман хонаи холист

        ва гӯре, ки надорад соҳиб,

Лаби ман заҳбур,

        аммо суханам заҳр надорад.

Нигаҳам ҳасрати чашм,

Сари ман санг, вале беахгар –

        яъне бе шуълаи андеша.

Рӯзи ман шаб,

        шаби ман ҳасрати беохир.

Зиндагиям марг,

        марги ман лоиқи мотам нест.

Дами ман дам нест,

                    дами одам нест.

Оҳ, эй Ширин!

Бе ту бемаъноям!

Мурдам аз дасти ҷудоӣ.

Кай ту меоӣ?

Ширин қаҳрамони имрӯзист, дар вуҷуди ӯ дили гарм метапад, вай бо набзи замон ҳамқадам аст, дардҳои ҷомеаро эҳсос мекунад, дар ҳар шеър ҳолати ҷудогона ва мушаххасро баён месозад, манзара меофарад, бо муҳити зисти худ муносибати неку маҳрамона дорад, дар замони муайян амал мекунад, бо ашёи беҷон ҳарф мезанад, дар радифи қаҳрамони ғаноӣ будан, иҷтимоъгаро низ ҳаст ва ба ин сабаб ғолибан дар бештари ашъори шоир лирикаи таҳкиявӣ ба мушоҳида мерасад.

Абдуҷаббори Суруш бахши «Боз аз ишқ сухан хоҳам гуфт…»-и  маҷмӯаи нави худро ба «Ширин» ихтисос додааст, ки аз 44 шеър иборат аст. Намоди «Ширин» аз бозёфтҳои шоиронаи Суруш аст.

Шеъри сапед ё мудерн рӯйкарди зеҳнӣ ва фитрист, бештар ба андешагароӣ мутамоил аст. Он ҳарчанд аз «қуюди вазн» раҳо шуда, ба шоир имкони гунҷоиши маъониро фароҳам меоварад. Албатта, барои шоир дар ин маворид ташхису тамйизи ашё, дарку эҳсоси вожагон ва тафаккуру тахайюли маъниҳо аз лузуми асосӣ мебошад. Таносуби калом ва пайванди мисраъҳо, бандҳо дар сохтори умумии шеър нақши калидӣ доранд. Чунонки дар ин пораи шеър таркибҳои «мавҷаҳои абр», «қуи сафеди рӯҳ», «парандаи нигоҳ» ва «симхори мижгон» вожагони усулӣ буда, васоили асосии тасвир ба шумор меоянд ва калимоти дигари ин пора, чун «бозӣ ба бод мекунаду ҷавлон», «оре, дар оби чашм шиновар нест» ва «к-онро намешавад қафасӣ кардан» вазифаи зертасвирро иҷро кардаанд:

Дар мавҷаҳои абр

        бозӣ ба бод мекунаду ҷавлон

        қуи сафеди рӯҳ.

        Оре, дар оби чашм шиновар нест

        Парандаи нигоҳ.

        К-онро намешавад қафасӣ

кардан

дар симхори мижгон.  

Шеъри сапед аз ҳайси сохтор бебанду бор нест, он оғозу анҷоми худро дорад ва мавзӯи мушаххас, ҳадафи муайян, манзараи хос, сужаи муназзам, баёни авзоъ, замони амиқро пайгирӣ мекунад. Бо лаҳза ва ҳолат низ тавъамон аст. Зеҳн намағоти мусиқии ғайриқарордодиро аз батни чунин шеърҳо эҳсос мекунад ва чунонки дар боло ишора рафт, зарбоҳанги махсус доранд.

        Шеъри сапед шеъри мудерн аст. Пас аз рӯи мантиқ метавон ба хулоса расид, ки дар ин сурат гӯяндаи шеър агар мудернист буда бошад, пас бояд аз фановариҳо, текнулужиҳо, абзорҳо, улуми гуногун ва танаввуъи шеъри муосир огоҳии комил дошта бошад, зеро шеъри сапед «таркибҳо, ибораҳо ва шеваҳои маъмули забонзадаву дилбазаншударо намепазирад, танҳо бо навгӯӣ ва тозабаёнӣ ҷараён меёбад ва ин ҳамаро аз ҷангали анбӯҳи зеҳн меҷӯяд. Аз миёни миллионҳо ҳуҷайраҳое, ки дар мағзи инсон маҳфузанд, ҳуҷайраҳое ҳастанд, ки ҳазорон танаввуи вожагонӣ, маъноӣ, отифӣ, мантиқӣ, зебоӣ ва шевоиро дар худ нуҳуфтаанд, пас онҳоро бояд кофт, бояд ёфт ва риштаҳое тоза аз инҳо бояд бибофт». Чунонки шоир дар шеъри «Симоби маҳбус» мегӯяд:

Ман об мешудам,

дунё ба рӯи мавҷи сиришкам

сабуксортар зи хас буд.

Дар ин пора тахайюл унсури асосии шеърсоз буда, шеърро аз лиҳози сохторӣ бо корбасти таркибҳо, истиораҳо ва парадокс инсиҷом бахшидааст.

Ба мушоҳида мерасад, ки ин тавфиқ ба Абдуҷаббори Суруш дар гуфтани шеъри сапед ё мудерн даст додааст.  

Суруш дар эҷоди шеъри чаҳорпора низ чирадаст аст, ки ба ин шеърҳои «Рӯзгори бенамак», «Барои зиндагӣ», «Бӯи баҳор», «Ангезаи дилмондагӣ», «Зимистонӣ», «Шеъри кабуди дуд», «Зиндагӣ, маро бубахшо», «Афсонаи нав», «Ҷои ту холӣ, модар!» мисол шуда метавонанд. Дар ин шеърҳо дар баробари риояти вазн, корбасти муҳассиноти бадеъ, офаридани тасвирҳои наву тоза аз мухтассоти умдаи онҳост. Барои мисол:

Дар баландии фахри шаршараҳо,

Об бар дор мекашад сари худ.

Дари дил қулф карда мардумҳо,

Кӯча сар додаанд бовари худ.

Бахши поёнии ин маҷмӯаи ашъорро ғазал ташкил мекунад. Суруш ғазалро зебо меофарад ва ҳамин аст, ки ҳофизони зиёде ғазалҳои ӯро ба адвори мусиқӣ даровардаанд. Ду байт чун намуна:

Дили зи ғусса чу кӯзачаи шикастаи

ман,

Ду дида аз аламат гашта обдастаи ман.

***

Кардам чу ба сина руст кӯзачаи дил,

Ғайр аз ту касе наҷуст кӯзачаи дил.

Маҷмӯаи «Корвон…Раҳ… Марғзор … Оҳу…», ки ба ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода пешниҳод шудааст, ба андешаи мо, шоистагии онро дорад, ки ба ин ҷоиза тақдир гардад. 

 

Абдухолиқ Набавӣ,

Умриддин Юсуфӣ,

Мубашшир Акбарзод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш