Забони англисӣ яке аз забонҳои ғарбии гурӯҳи забонҳои германӣ мебошад ва имрӯз бештар аз 500 миллион сокинони сайёраи мо бо ин забон такаллум менамоянд.
Сарчашмаи пайдоиши забони англисӣ лаҳҷаҳои англҳо, саксҳо ва юдҳо қабилаҳои германии қадим мебошад, ки дар асрҳои V-VI дар Бритониё маскун гардидаанд. Маҳз ҳамин лаҳҷаҳо вобаста ба ташаккули халқияти англис, инкишоф ёфта, пояи забони англисии қадимро ташкил додаанд. Таҳаввули забони англисӣ дар давраи миёна ба воқеияти таърихӣ ва равобити гуногунсоҳаи мардуми англисзабон бо халқҳои ҳамсоя сахт марбут буда, бисёр калимаҳои иқтибосӣ аз забонҳои келтӣ, лотинӣ, скандинавӣ, фаронсавӣ ва ғайра ба таркиби луғавии он шаҳодати барҷастаи ин фарзия мебошад.
Дар асрҳои миёна марҳилаи навини таҳаввули забони англисӣ оғоз гардида, шакли адабии он ташаккул ёфт, ки бар пояи гуфтори мардуми Лондон такя мекард. Густариши минтақаи сукунати мардуми англисзабон дар даврони минбаъда боис гардид, ки вариантҳои забони адабии англисӣ ба миён ояд, ки он аз лиҳози талаффуз ва хусусиятҳои луғавии худ аз забони англисии бритонӣ тафовут дорад. Ҳоло дар ИМА, Канада ва Австралия чунин вариантҳои забони адабии муосири англисӣ мустаъмаланд. Аз асри XVIII сар карда нуфузи Бритониё ва сипас ИМА дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ афзоиш ёфт, ки боиси густариши забони англисӣ дар саросари олам гардид ва ин забон имрӯз чун забони муоширати байналхалқӣ ривоҷ ёфт.
Дар ин равандҳо забони англисӣ воситаи асосии робита ва муошират дар байни мардумони гуногунмиллати рӯи замин гардид.Чунин вазъият тақозо дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои ҳам қадам бо равандҳои инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан бо забони англисӣ ошно бошанд.
Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ дар бораи чуқур омӯхтани забонҳои хориҷӣ таъкид менамоянд, Вазорати маориф ва илм низ вазифадор карда аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣомӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда назорати қатъии сифати таҳсилро дар ин самт ба роҳ монад.
Мутассифона, дар ин самт камбудию норасоиҳо ҷой доранд ва паст будани сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён аз ин қабил аст. Омилҳои ин нуқсу камбудиҳоро бояд дар технология ва усули таълим, мазмун ва сифати китобҳои дарсӣ, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, муносибати омӯзгор ба хонанда ва мактаб, дар камбудии кори идораҳо шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату мақомоти дахлдор, мутахассисони соҳаи таълиму тарбия, беназоратии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва бепарвоии падару модарон ҷустуҷӯ кард. Дар хотир бояд дошт, ки то вақте ки хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсии бесифату бенуқсони бо забони давлатӣ таҳия ва нашршуда пурра таъмин нагарданд, масъалаи бардоштани сифат ва сатҳи таълим ҳалнопазир боқӣ мемонад.
Барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва хонандагон мо ҳам кӯшиш мекунем, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқу рағбати онҳоро бедор намоем. Бештар дар машғулиятҳо аз усулҳои фаоъли таълим, истифодаи техникаи муосир ва истилоҳотҳои тиббӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Дар ташкилоти аз ҳама бонуфузи олам - Созмони Милали Муттаҳид шаш забони байналмилалӣ- арабӣ, англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, немисӣ, испанӣ баробар истифода мешаванд. Имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ аҳамияти калон дорад. Бо донистани забони англисӣ ҳама дарҳои муошират бо мардуми дунё барои мо кушода мегарданд. Дар тамоми макотиби олии кишвар забонҳои хориҷӣ мувофиқи барномаҳои таълимӣ омӯзонида мешаванд. Барои омӯзиши забони англисӣ китобчаҳо, маҷмӯаи матну мисолҳо мувофиқи матлаб аст.
Донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 17 забони ҷаҳониро ба донишҷӯён меомӯзонанд. Таҷрибаҳо исбот карданд, ки омӯхтани дигар забонҳо ҳеҷ гоҳ имкониятҳо, ҳолат ва нақши забони давлатиро кам намекунанд, баръакс, ин метавонад равиши омӯхтани забони модариро вусъат бахшад.
Хурсандой Ашӯрова,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи
Ю.Б Исҳоқӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр