Нашрияи Омӯзгор

Шоҳкорие дар адабиёти ҷаҳон

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 842        Шарҳ: 0

 

Садаи бистумро дар адабиёти ҷаҳон метавон ҳамчун як давраи такомулу пешрафти наср ва тозакориҳои бесобиқа дар он муаррифӣ кард. Дар тамоми қитъаҳои олам адибоне арзи ҳастӣ бинмуданд, ки барои ба ҷараёни дигар кашидани наср ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд.

Ва бикӯшиданд, ки баъзе қолабҳои деринро бишкаста, доираи имконоти насрро густариш бубахшанд, онро таровату бандубасти дигаргуна эҳдо карда, пеш аз ҳама, ҷозибаашро биафзоянд. Воқеан, зумрае аз нависандагон дар ин азми заҳматталаб ба комёбӣ расида, шуҳратёр гаштанд ва асарҳое ба вуҷуд оварданд, ки ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро ғановати дигар бахшиданд, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба адабиёт афзуданд. Дар ин самт, махсусан, адибони Амрикои Ҷанубӣ бештар комёбу дастболо гаштанд.

Нависандаи бузургу тавоно Габриэл Гарсиа Маркес намояндаи ҳамин хиттаи дунёст. Ӯ тавониста, ки дар арсаи адаб тозакориҳо карда, сабку услуби хоси худро ба миён оварад ва равияи вижаи офариниши осори бадеӣ – реализми муъҷизаосо (ҷодуӣ)-ро ба кор гирад. Минбаъд ин равия дар саросари ҷаҳон доман густурд ва дар эҷодиёти бисёр адибон нақши муассир гузошт. Г.Г.Маркес имрӯз дар ҷаҳон чун муаллифи романҳои беназири «Хазони умри одамхудо» ва «Сад соли танҳоӣ» шинохта шудааст. Қиссаҳои марғуби ӯ «Ба полковник касе наменависад» ва «Тафсилоти як қатли эълоншуда» низ шуҳрату эътирофи зиёд пайдо кардаанд.

Романи «Сад соли танҳоӣ» ғулғулаафкан андар ҷаҳон гашт ва ба номи офаридгораш дар дунёи адаб муҳри ҷовидонагӣ зад. Бо ин романаш нависандаи мумтозу тозакори Колумбия ба равияи реализми муъҷизаосо заминаи қавӣ гузошт, имконоти беҳудуд ва неруи муассири онро собит кард ва ҳамзамон, таъкид бар он бинмуд, ки ҳанӯз бисёр тавонмандиҳои адабиёт истифода нашудаанд, адабиёт тозакорию кашфиётро интизор аст.

Гарчанде романи мазкур бори нахуст соли 1967 ба нашр расидааст (дар Буэнос – Айреси Аргентина), фикри эҷоди он хеле пештар – соли 1952, вақте ки адиб барои аёдати пайвандонаш ба зодгоҳаш деҳаи Араката меояд, пайдо мешавад. Барои навиштани «Сад соли танҳоӣ» Маркес ҳаждаҳ моҳ вақт сарф кардааст (дар доираи солҳои 1965-1966). Маркес нахуст азм дошта, ки романашро «Хона» ном гузорад, вале аз ин «Хонаи калон» ном романи дӯсташ, адиби муваффақ Алваро Самудио ёд карда, аз азмаш худдорӣ менамояд, то ду романи як кишвар номи ҳамгун надошта бошанд. Барои «Сад соли танҳоӣ»-яш адиби номавар сазовори Ҷоизаи Рамуло Галего ва баъдтар Нобилӣ гардидааст.

Ин роман комилан тозакорона ва сухани нав дар адабиёти ҷаҳон эътироф шудааст. Ҳодисаҳои он дар Макондо ном деҳае, ки офаридаи хаёли нависанда аст, ба вуқӯъ мепайванданд. Ин деҳа бори нахуст дар «Рӯзи пас аз шанбе» ном ҳикояи Маркес (соли 1952 эҷод шуда) ном бурда мешавад ва минбаъд дар эҷодиёти ӯ мавқеи устувор пайдо мекунад.

Романи «Сад соли танҳоӣ» асари калонҳаҷм буда, аз бист боби беном таркиб ёфтааст ва воқеаҳоеро дар бар мегирад, ки деҳи Макондо бо авлоди Буэндиа ба вуқӯъ мепайванданд. Дар се боби аввал сухан аз муҳоҷирати гурӯҳи одамон ба маҳалле меравад, ки минбаъд Макондо ном мегирад. Дар бобҳои чорум то шонздаҳум сухан аз рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Маконда аст. Дар бобҳои охирини роман ҳодисаҳое марбут ба таназзули ин деҳкада тафсир ёфтаанд. Дар нигориши роман адиби маъруф ба таври ҳайратангез воқеиятро бо тахайюл (фантазия) даромехтаву аз қиссаву ривоятҳои мардумӣ ва асотир басо моҳиронаву мавридшиносона истифода бинмудааст. Тамоми образҳои роман аз танҳоӣ ранҷ мекашанд, танҳоӣ ҳамбаста ба қисмати аҳли Макондо гардида ва онҳо аз ин пайваста ранҷ мекашанд. Омилҳои муайян боиси танҳоии маънавии мардуми ин маҳал шуда. Худ Макондо деҳест танҳо ва дурафтодаву бидуни робитаи фаъол монда аз дунёи муосираш…

Романи «Сад соли танҳоӣ» пас аз «Дон Кихот»-и Сервантес дуюмин шоҳкории адабии оламгир дониста шудааст ба забони испанӣ. Аз ин забон ва ба василаи забонҳои дигари маъруф романи Маркес то ин замон ба беш аз чиҳил забони ҷаҳон тарҷума шудааст. «Сад соли танҳоӣ» соли 1970 ба забони русӣ тарҷума гардида, дарзамон хонандагони зиёд пайдо кард. Дареғ буд, агар чунин асари барҷастаи адабӣ берун аз доираи тарҷума ба забони тоҷикӣ бимонад. Хеле дер бошад ҳам, ниҳоят, романи мазкур бо қалами адиб ва тарҷумони номвари тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор ба забони тоҷикӣ баргардон шуд. Ӯ қаблан қиссаи тозакоронаи «Ба полковник касе наменависад» ва ҳикояи дилчаспи «Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардаву ба ин васила ба андозае ба олами эҷоди адиби маъруф ворид гардида, таҷриба андӯхта буд. Ин ба А.Абдуҷаббор имкон фароҳам овардааст, ки романи бузургу танида аз воқеоти пургиреҳ ва хаёлоти бавусъатро ба таври шоиста ва бо камоли ҳунар тарҷума намояд. Ин тарҷума соли 2011 дар шакли китоби алоҳида (бо замимаи қиссаву ҳикояи мазкур) аз ҷониби нашриёти «Адиб» дастраси хонандагони тоҷик гардид. Чун ҳаводорони зиёд пайдо кард, зарурати батакрор чоп шуданаш ба миён омад ва инак, нашриёти нуфузманди кишвар – «Адиб» ин корро ба тозагӣ сомон бахшид. Ҳамакнун хонандагони тоҷик нашри навини китоби мазкурро рӯи даст доранд.

Борҳо таъкид шуда, ки тарҷумонӣ амалест хеле заҳматталабу дандоншикан. Тарҷумон бояд донандаи мумтози ду забон (забони модарӣ ва забони асари мавриди тарҷума)бошад. Саҳлу андак коре нест, ба вижа, муодили ифодаву ибораҳои рехта ва мақолу таркибҳои хоси забони дигарро дар забони худ дарёфтану бамаврид истифода кардан ва аз сактаҳои забонӣ эмин мондан.

А.Абдуҷаббор бо тарҷумаи осори Маркес аз забони русӣ ба тоҷикӣ собит кардааст, ҳам донандаи мумтози забонҳои мазкур асту ҳам муҳаббати беандоза ба забони модарӣ дорад, посдори муваффақи асолату назокати забони нобу ғановатбору овозаманди тоҷикист. Ҳар тарҷумаи хуб тавоноии забони моро бори дигар таъкиду собит мекунад, дороии луғавии онро меафзояд, ифтихорафзои соҳибзабонон мегардад. Хонандагони тоҷикро имкон фароҳам омада, ки шоҳкориҳои Маркеси бузургро ба забони равону самимӣ ва пуробуранги тоҷикӣ бароҳат мутолиа намоянд. Як силсила асарҳои барҷастаи шуҳратёфта, чун «Дон Кихот»-и Сервантес, «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов, «Палангинапӯш»-и Шота Руставели, «Дуроҳаи бӯронӣ»-и Чингиз Айтматов, «Чаманоро»-и Рашод Нурӣ… аз ҷониби адибону мутарҷимони варзида Сотим Улуғзода, Абдулло Зокир, Аслам Адҳам, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Раҳим Ҳошим ба забони тоҷикӣ баргардон шуда, мақбули ҳамагон гардидаанд ва ба як навъ моли адабиёти тоҷик табдил ёфтаанд. Тарҷумаи «Сад соли танҳоӣ»-ро низ метавон дар ин силсила ҷой дод. Адиби пуркор ва тарҷумони соҳибтаҷриба Абдуғаффори Абдуҷаббор бо тарҷумаи ин романи маъруфи нависандаи шуҳратёр Габриэл Гарсиа Маркес кори бузургеро фарҷом бахшидааст ва месазад, ки барои ин амали пурзаҳматаш барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бошад.

Абдурауф МУРОДӢ,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш