Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми наку

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Чанде пеш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳри Душанбе барои бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам санги асосро гузошта, ба масъулини соҳа дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат сохтмони ин муассисаи таълимӣ дар асоси дастовардҳои миллии меъморӣ ба анҷом расонида шавад.

Ин иқдоми Сарвари мамлакат саҳифаи тозаеро дар рушди сиёсати маорифпарваронаи мамлакат боз намуд ва боиси фараҳмандии устодону кормандони ин муассиаи таълимии таҳсилоти олии кишвар гардид. Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам зиёда аз 10 сол аст, ки дар низоми илмию таълимӣ ва иҷтимоии мамлакат ба ҳайси муассисаи давлатии таълимӣ дар низоми кунунии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин муддат раёсати ДИТ барои омода кардани мутахассисон, устодони варзида ва муҳаққиқони дараҷа ва унвонҳои илмидор ҷаҳду талошҳои зиёде кардааст. Роҳбарияти муассиса дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии мамлакат дар самти тайёр кардани мутахассисони дараҷаи илмидор то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Тамоми нақша ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои роиҷи ин донишкада дар асоси Стандартҳои давлатии таълимӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи давлатии таълимӣ дар баробари таҳсил дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ободонию ободкориҳо иштирок менамоянд ва дар рушду инкишофи илму таълим ва сарсабз гардонидани муҳити зист саҳми назарраси худро мегузоранд.

Ҳамасола бо дастури Вазорати маориф ва илм нақшаҳои таълимии донишкада мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешаванд ва зина ба зина онҳо бо талаботи имрӯзаи ҳаёти иҷтимоию маънавии мамлакат мувофиқ гардонида мешаванд. Тибқи нақшаҳои амалкунанда ҳар як ихтисосе, ки ҷанбаи динию исломӣ дорад, бо ихтисосҳои дар низоми таълимии мамлакат роиҷбуда ҳамгиро карда шудаанд. Аз ҷумла, ихтисоси улуми ислом бо матни классикӣ, улуми Қуръон бо мероси хаттӣ, забони хориҷӣ (арабӣ) бо информатика. ҳоло дар ДИТ донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифта, дар асоси низоми таълимии ҳамгиро фаъолият менамоянд. Чунин ташаббус боиси он мегардад, ки хатмкунандагон дар баробари аз худ кардани илмҳои динӣ ва мутахассиси соҳаи диншиносӣ гардидан соҳиби ихтисоси дуюм низ бигарданд ва дар муассисаҳои гуногуни илмию таълимӣ ва давлатӣ кору фаъолият карда тавонанд.

Бунёди бинои нави таълимӣ бо хобгоҳ ва фарогирии тамоми шароитҳои муосир раёсати ДИТ-ро вазифадор менамояд, ки дар самти рушду инкишофи низоми таълим, кушодани ихтисосҳои нави барои ҳаёти маънавию иҷтимоии кишвар муҳим ва зинаҳои магистратураю докторантура чораҳои бештаре андешад. Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён ин иқдоми накуи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳадафҳо ва ғамхорию меҳрубониҳои бепоёни ӯ нисбат ба афкору ақида, дину имон ва мазҳаби поку беолоиши ҳанафии мардуми тоҷик арзёбӣ намуда, бунёд ёфтани бинои нави таълимии Доишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро туҳфаи сазоворе ба ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мешуморанд.

 

    Л.Сафаров,

муовини аввали ректори ДИТ ба номи Имоми

Аъзам оид ба таълим, номзади илмҳои

филология, дотсент,

М.Саломов,

мушовири ректор, номзади

илмҳои филология,

дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш