Бадшавии ҳолати саломатии толибилмон дар вақти дарс, ба ҳолати ногувор бархӯрд кардан ва садама (шикастани даст ё пой, бардоштани захмҳои сабук) дар вақтҳои танаффус ва саривақт нарасонидани кумаки тиббӣ ба хонандагон аз масъалаҳоеянд, ки падару модарон ва масъулони мактабҳоро нигарон кардаанд. Хусусан, ҳолатҳои баландшавии ҳарорати бадан, аз ҳуш рафтан ва мубтало гардидан ба бемориҳои гуногун бештар мушоҳида мегардад. Мутаассифона, кумаки аввалияи тиббӣ на ҳамеша дар вақташ расонида мешавад.
Коршиносони соҳа яке аз сабабҳои асосии саривақт нарасидани кумаки тиббиро дар набудани ҳуҷраи тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ медонанд. Агарчи дар қисмате аз муассисаҳои таълимие, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бунёд гардидаанд, утоқи тиббӣ ба назар гирифт шудааст, вале дар дигар муассисаҳо чунин ҳуҷра ва ҳамшираи тиббӣ мавҷуд нест.
Алишери Муродалӣ, мутахассиси соҳаи маориф дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар баробари таълиму тарбия, яке аз самтҳои афзалиятноки кори мактаб ҳифзи саломатии хонандагон мебошад. Бо дарназардошти он ки мактаб макони ҷамъомад ва таълиму тарбияи кӯдакон аст, бояд дастгирии тиббӣ дар ҳар як мактаб ташкил карда шавад. Дар мактабҳо кӯдакон аз ҷониби духтур ва ҳамшираи шафқат бояд муоина карда шаванд ва дар ҳолати зарурӣ кумаки саривақтии тиббӣ ба онҳо расонида шавад.
Директори муассисаи давлатии Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар Музаффар Ғафуров изҳор дошт, ки бояд дар ҳар як муассисаи таълимӣ ҳуҷраи тиббӣ ба таври расмӣ ташкил карда шавад ва воҳидҳои махсуси корӣ ҷудо гардад, то корманди соҳаи тиб бе ягон мамониат ва дудилагӣ кори худро анҷом диҳад.
М.Ғафуров қайд намуд, ки дар ин масъала ду пешниҳод дорам. Аввал ин ки, бо ҳар роҳе набошад, ҳуҷраи тиббӣ дар мактаб ташкил карда шавад. Агар дар ин масъала мушкилӣ ҷой дошта бошад, пас, омӯзгорони муассисаҳои таълимиро аз омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати кумаки аввалияи тиббӣ гузаронидан лозим аст.
Сайфиддин Валиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш гуфт, ки дар 7 муассисаи таълимии ноҳия бо роҳҳои гуногун ҳамшираҳои тиббӣ ҷалб карда шудаанд.
- Мо тасмим гирифтем, ки дар литсей чунин утоқи тиббиро боз кунем. Зеро дар вақти таҳсили соли ҷорӣ ҳолати аз ҳуш рафтани хонандаеро худи ман мушоҳида кардам. Дарҳол ӯро ба беморхонаи марказӣ бурдем, - гуфт Маҳмадалӣ Самадов, директори литсейи давлатии ноҳияи Вахш. - Мо бо мошин таъҷилан ӯро ба беморхона бурдем. Агар мо дар ҳамин ҳол духтури мактабӣ медоштем, ба хонанда саривақт кумаки тиббӣ расонида мешуд. Ҳоло дар нақша дорем, ки ҳамшираи шафқатро аз ҳисоби маблағҳои иловагиамон ба кор ба мактаб ҷалб кунем.
Дар ноҳияи Кӯшониён якчанд муассисаи таълимӣ бо талошҳои зиёд ҳамшираҳои шафқатро ба кор ба мактабҳо ҷалб кардаанд, вале қисми зиёди муассисаҳо аз набудани ҳамшираи тиббӣ ба мушкилиҳо бархӯрд мекунанд, - гуфт Абӯбакр Файзализода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён. - Агар масъалаи таъмин гардидани муассисаҳои таълимӣ бо духтур ва ҳамшираи тиббӣ ҳалли худро пайдо кунад, пас, гуфта метавонем, ки дар ин соҳа боз як қадами устувор гузошта тавонистем.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр