Нашрияи Омӯзгор

Аз хуб ба хубтар шитобем

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баҳри иҷрои дастурҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои муайян ба анҷом расонда мешаванд. Бояд қайд намуд ки барои таълими фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 4996 нафар омӯзгори фанҳои математика, технологияи информатсионӣ, физика, химия, биология ва география фаъолият доранд, ки 85 %-и омӯзгоронро ташкил медиҳанд. Эҳтиёҷоти кадрӣ аз фанҳои мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дида мешавад. Аз ҷумла, 65 нафар омӯзгори касбӣ аз фанҳои математика, алгебра ва геометрия, 33 нафар аз фанни химия, 36 нафар аз фанҳои физика ва астрономия, 24 нафар аз фанни технологияи иттилоотӣ ва 20 нафар аз фанни география намерасанд. Дар се соли охир 163 адад кабинети фаннӣ ташкил карда шудааст: аз ҷумла, кабинети физика-46, химия-34, биология-39, география-4, математика-7 ва технологияи иттилоотӣ-23 адад, ки бо воситаҳои аёнии техникии ҳозиразамон ва реактиву химикатҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Мушовири раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Б.Хидиров иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб 973 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 591 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 93 адад кабинети фаннӣ ва 71 адад синф-кабинети таълимии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фаъолият мекунад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва бо усулҳои муосир мусоидат менамояд. Дар олимпиадаи сатҳи вилоятӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ 14 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, барои иштирок намудан ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар муассисаи таълимии №1 директораш (Н. Ҳайдарова) таваҷҷуҳи омӯзгорону хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар байни хонандагони синфҳои 1-4 озмуни «Табиатшиносони ҷавон» ва дар байни синфҳои 5-11 озмунҳои «Риёзидони беҳтарин», «Биологи ҷавон» ва «Ихтироъкори ҷавон» гузаронида шудааст, ки дар он зиёда 650 нафар хонанда ширкат варзидаанд. Дар муассиса кабинетҳои фанҳои химия, биология, физика ва технологияи иттилоотӣ фаъолият дошта, бо воситаҳои аёнию техникӣ пурра таъмин мебошанд. Хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №5 Хушнудаи Сафарзода (омӯзгораш Х. Қаландаров) лоиҳаи «Неругоҳи барқӣ (дастгоҳ)-и хурд»-ро сохта, дар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони ҷавон» ширкат варзида сазовори ҷойи якум гардидааст. Дар 5 муассисаи таълимӣ нарасидани омӯзгорони ихтисосманд, мавҷуд набудани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба назар мерасад. Боиси нигаронист, ки имрӯз хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Масалан, соли ҷорӣ аз шумораи 1500 нафар хатмкунандаи синфи 11, ки тибқи ММТ аз қайд гузаштаанд, 385 нафар гурӯҳи фанҳои табиатшиносиро интихоб намуданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Насимҷон Ғоибзода дар суҳбат иброз дошт, ки ҷамъбасти олимпиадаи вилоятӣ нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз математика - 7 ҷой, физика - 4 ҷой, биология - 5 ҷой ва география – 4 ҷой-ро сазовор гаштаанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия ба 4 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва 3 нафар омӯзгори фанни физика ва астрономия эҳтиёҷ доранд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш