Маълум, ки бе рушди технологияи муосир ва кадрҳои баландихтисос ба пешравӣ ва дастовардҳои назаррас ноил гардидан имконнопазир аст.
Амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кӯшишҳои зиёди интеллектуалӣ, чорабиниҳои аниқ, маблағгузории зиёд, ҷалби сармояи хориҷӣ, саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ ва дигар омилҳоро талаб мекунад.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки аз лиҳози зиёдшавӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Ин, дар навбати аввал, талаботи афзоянда ба мактаб ва синфхонаҳоро ба миён меорад. Маълум, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин мушкил кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Бо вуҷуди ин, аз меъёр зиёд будани хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ андешидани тадбирҳои таъҷилии иловагиро тақозо мекунад. Ба касе пӯшида нест, ки дар қисми зиёди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи хонандагон на кам аз 40 нафарро ташкил медиҳанд. Ин нукта низ муҳим аст, ки дар таълимгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо ҳар сол шумораи синфҳои якум ба 10-12 адад мерасад. Ба ҳар синф на кам аз 40 нафар хонанда рост меояд, ки ин омил ба сифати таълиму тарбияи хонандагон таъсири манфӣ мерасонад, хусусан, дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ.
Маълум аст, ки баъди 5-6 сол шумораи синфҳои болоии мувозӣ дучанд зиёд мешавад, он гоҳ мушкилоти нарасидани мактабҳо, синфхонаҳо, омӯзгорони баландихтисоси риёзӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва китобҳои дарсӣ ба миён меояд. Ба ин хотир, тезонидани суръати сохтмони бинои нави мактабҳо, вобаста ба ин, тайёр намудани омӯзгорони баландихтисос, нашри китобҳои дарсӣ талаби замон мебошад.
Такмили дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо дар таълимгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ба роҳ мондани маҳфилҳои фаннӣ аз физика, кимиё, риёзӣ вобаста мебошад.
Барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои саноат, сохтмон ва ғайри майлу шавқи насли наврасро ба меҳнат ва эҷодкорӣ бедор бояд кард. Ҳамчунин, ташкили комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолиро дар назди мактабҳо ва ҳамкории заводу фабрика ва дигар корхонаҳои истеҳсолиро бо мактабу донишкадаҳо барқарор намудан лозим аст. Амалӣ гаштани ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки мактаб ба хонаи дуюми хонандагон табдил ёбад. Илова бар ин, омили мазкур меорад, ки ҷавонон аз пайи ҷустуҷӯи илму дониш шаванд, фикрронии аналитикӣ ва техникии онҳо такомулу ташаккул ёбад.
Барои боз ҳам баланд бардоштани омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар таълимгоҳҳо, ба қадри имкон кам кардани соатҳои дарсии дигар фанҳо ва аз ҳамин ҳисоб зиёд намудани соатҳои фанҳои зикршуда имконияти бештар азхудкунии онҳоро ба вуҷуд меорад. Дар донишкадаву донишгоҳҳо ду маротиба кам кардани фанҳое, ки ба ихтисоси донишҷӯ камтар алоқа дорад, ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин ба он маъност, ки агар донишҷӯ ихтисоси муҳандис, агроном ва ғайраи дигарро, ки ба истеҳсолот алоқаманд аст, интихоб карда бошад, соатҳои омӯзиши фанҳои тахассусиро зиёд карда, омӯзиши фанҳои гуманитариро кам намоем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, хатмкунандагоне, ки аз фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ баҳои аъло гирифтаанд ва завқу шавқи дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ (саноат, нақлиёт, сохтмон ва ғ.) фаъолият карданро доранд, бо қарори якҷояи шӯрои педагогӣ ва падару модарон, бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бе имтиҳон ба шуъбаҳои буҷавӣ қабул гарданд. Инчунин, барои боз ҳам васеътар аз худ намудани фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар ҷумҳурӣ, ба таври алоҳида таъсиси донишгоҳҳои физика-техникӣ, механикаю математикӣ ва кимиё-технологӣ аз ҳисоби факултаҳои номбурдаи донишгоҳҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Албатта, дониши хонандагони мактабҳо, толибилмони донишкадаву донишгоҳҳо ба малака ва таҷрибаи омӯзгорон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, давра ба давра гузаронидани аттестатсия аз тарафи комиссияи босалоҳият бо иштироки мутахассисон ва экспертҳои хориҷӣ ва вобаста ба ин, муайян кардани музди меҳнати прогрессивии омӯзгорон ба пешрафти кор мусоидат менамояд.
Бо мақсади ташаккул ёфтани фикрронии техникии ҷавонон, тарғиб намудан, ҳаматарафа омӯхтани фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, барои дар сатҳи баланд азхудкунии ин фанҳо таъсиси «Маркази илмӣ-техникии ҷавонон» дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Шамсиддин Тоштемиров,
омӯзгори математикаи мактаби №28-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр