Нашрияи Омӯзгор

Тарбия неруи тавоност

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Аз ин сабаб бояд тарбияи фаъолро аз кӯдакистон шурӯъ кард.

Аз асосҳои фанҳои педагогикаю психология ва методикаи таълиму тарбия бохабар будани кормандони муассисаҳои томактабӣ муҳим ва гарави асосии комёбии онҳову такмили фаъолияти кӯдакистонҳост. Дар муассисаҳои томактабӣ дар шумори самтҳои дигари омӯзишу парвариш ба тарбияи ватандӯстии кӯдакон бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Вазифаи мураббияҳо дар кӯдакистон аз он иборат аст, ки бояд бикӯшанд, то машғулиятҳояшон аз воситаҳои гуногун ва бамавриду пурсамар иборат бошанд ва диққати кӯдаконро ба омӯзиш вусъат бахшанд. Барои самаранок гаштани машғулиятҳо мураббияҳо бояд аз ҳикояву афсона, шеъру суруд, аёниятҳои гуногун, намоишҳои видеоӣ ва монанди инҳо васеъ истифода намоянд. Таҷриба бозгӯи он аст, ки дар машғулиятҳо бо кӯдакон истифода аз намунаҳои эҷодиёти мардумӣ-фолклор (эҷодиёти шифоҳии халқ) натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоварад. Эҷодиёти мардумӣ тарғибгари некию накукорӣ, дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, далерию шуҷоат ва зебоию тавоноӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар эҷодиёти мардумӣ афсонаҳо мавқеи калон доранд. Ин жанри фолклорӣ ба дарку фаҳми кӯдакон ва ба шавқи онҳо басо мувофиқ аст. Дар афсонаҳо бештар устуворию далерӣ, паҳлавонӣ ситоиш мегардад. Ин хислатҳоро ҳар як кӯдак дар дил мепарварад.

Дар мактабҳои таҳсилоти миёна омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳангоми баргузории дарсҳо бояд ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии мавзӯъҳо диққати махсус диҳад. Ҳамчунин, дар машғулиятҳои тарбиявӣ, зимни тавзеҳу тафсири мавзӯъҳои пешниҳодшуда кӯшиш кунад, то шогирдон бо дарку фаҳмиши худ хулосаҳои дуруст бароранд ва рафтору амали хубро аз бад фарқ карда тавонанд. Барои ба ҳадафҳои худ расидан, машғулиятҳои тарбиявиро бо ҳаллу фасл ва баррасии мавзӯъҳое, аз қабили «Адаб», «Одоби наку», «Дар баёни ҳурмати падару модар», «Пиронро ҳурмат кунем», «Қадр кунӣ-қадр бинӣ” ва ғайра ба роҳ монад. Дигар омиле, ки ба тарбиявии маънавии шогирдон таъсири судманд мерасонад, одоби мутолиа ва дӯст доштани китоб маҳсуб меёбад. Дар синфҳои 3-4 хонандагон бояд одоби таҳсил дар мактабро аз худ кунанд, роҳҳои илму донишомӯзиро ҷустуҷӯ ва бо кумаки омӯзгор ёд гиранд.

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон,  аз амалҳои муҳимми волидайн ва омӯзгорон ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, ин яке аз талаботи муҳимми Консепсияи миллии тарбия аст. Агар нигоҳе ба таърих андозем, чунин ба назар мерасад, ки бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк намудаанд.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан, насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян карда  яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад.

 Дидавар БЕКОВ,

 ходими илмии АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш