Нашрияи Омӯзгор

Рушди маориф марҳала ба марҳала

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дигаргунию пешравиҳои чашмрас ба амал омад.

Ҳарчанд ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ то муддатҳо раванди рушду такомул ва таҳаввули хоҷагии халқро боздошту монеаҳои сангин низ эҷод кард, аммо бо ба сари қудрат омадани сарвари боиродаву ҷасоратманд, фарзанди содиқу сарсупурдаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъ батадриҷ беҳтар гардиду сулҳу ваҳдат дар кишвар таҳким ва барқарор шуд. Нахустин иқдому талоше, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат аз пайи амалӣ кардани он камари ҳиммат бастанд, ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маориф ба шумор мерафт. Пеш аз ҳама, азнавсозии синфхонаю мактабҳо ва бунёди биноҳои нав барои муассисаҳои таълимӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ва давлат маҳсуб ёфта, дар ин самт бо дастгирии соҳибкорони ҳимматбаланд корҳои нахустин оғоз гардиданд. Тадриҷан, марҳала ба марҳала корҳои созандагию ободонӣ дар кишвар вусъат ёфта, дар соҳаи маориф, дар умум ислоҳоту дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм қарор дошт, таълифу таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва китобҳои дарсии созгор ба ормону ҳувияти миллӣ ва принсипу методологияи давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт. Чунонки маълум аст, то замони соҳибистиқлолӣ хонандагони таълимгоҳҳо аз рӯйи барномаю китобҳои дарсие, ки бевосита дар заминаи идеологияи аҳди Шӯравӣ таълиф гардида буданд, сабақ меомӯхтанд. Ба олимону педагогҳои тоҷик зарур буд, ки вобаста ба арзишҳову ормонҳои миллӣ ва таърихи пурифтихори гузаштаи халқи тоҷик, бо тақозои давру замон китобҳои дарсии пурмуҳтавою баландғояро таълиф намоянд.

Хушбахтона, китобҳои дарсии мазкур дар иртибот бо зинаҳои таҳсилот пайи ҳам таълиф ва нашр гардида, ба муассисаҳои таълимӣ интиқол ва дастраси омӯзгорону устодон гардиданд. Бо ҳидояту дастгирии Вазорати маориф ва илм барои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ муҳаққиқону педагогҳои соҳибтаҷриба китобҳои ҷадидро аз силсилаи «Китобҳои насли нав» (синфҳои 1-4) навиштаву чоп намуданд. Яке аз навигариҳое, ки аз ислоҳоти куллӣ дар раванди низоми таҳсилот шаҳодат медод, таълифи китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ бо усули таълими ҳамгиро ба шумор мерафт. Таври маълум, дар давраи Шӯравӣ таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва хониш ба тарзи алоҳида, аз рӯйи қолабҳои маъмул роҳандозӣ мегардид. Ба роҳ мондани таълими ин фанҳо бо усули ҳамгиро имкони бештаре дар фаҳму дарки қоидаҳои сарфу наҳв ва маъною муҳтавои матнҳо фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба баланд бардоштани сатҳу дониши хонандагон аз фанҳои дақиқ аҳамияти махсус зоҳир карда шуда, ҳамзамон, барои омӯзиши васоити технологии замони муосир (компютер, видеопроектор, тахтаҳои электронӣ ва ғайра) барномаи давлатӣ қабул гардид.

Чунин барномаҳои давлатӣ ҷиҳати омӯзиши фарогири забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла, забонҳои русӣ ва англисӣ), тақвияти таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул карда шудаанд. Чунонки маълум аст, тайи солҳои охир раванди иштироки толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ вусъати тоза ёфта, бахши зиёди хонандагони таълимгоҳҳои кишвар дар ин озмунҳо соҳиби ҷойҳои аввал ва медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ мегардад, ки дар ин озмун аксари иштирокдорон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ буда, дар даври ниҳоӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд.

Гулшода Давлатова,

омӯзгори забони англисии

мактаби №48, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш