Нашрияи Омӯзгор

Исфара: дастовардҳои соҳаи маориф афзун мешаванд

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

 

Фаъолияти маорифи шаҳри Исфара шоистаи омӯзиш ва баҳрабардорист. Сардори раёсати маорифи шаҳр Саидзода Бобохон Маҳмуд изҳор дошт, ки дар ҳудуди шаҳр 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи умумии асосӣ, 1 мактаб-интернати махсус барои бачагони қувваи босираашон суст, 1 мактаби ибтидоии хусусӣ бо унвони «ТОРУАН», 1 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, «Академияи контакт Интернешнл» фаъолият менамоянд. Хуллас, 86 муассисаи таҳсилоти умумии Исфара 50 032 нафар толибилмро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст, ки 24567 нафарашон духтарон мебошанд. Ба ғайр аз ин, ба фаъолияти пурсамари таълиму тарбия 3 маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази технологияи иттилоотии компютерӣ машғуланд.

Дар баробари мактабҳо, фаъолияти бомароми 31 адад муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо низ боиси зикру ифтихор аст. Аз онҳо 27 адад тобеи раёсати маориф, 2 адад тобеи корхонаҳои «Кимиё» ва «Тамохуш» ва 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ маҳсуб меёбанд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур 2966 нафар тарбиятгиранда ҳамвора ҳарфу ҳиҷои нахустини илм ва Ватану миллат меомӯзанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Исфара 3267 нафар омӯзгор ба шогирдон сабақи илм меомӯзонанд.

Аз теъдоди умумии омӯзгорон 995 нафарсч  бо тахассуси олӣ фаъолият мебаранд. Ин шумораро метавон шаҳсутунҳои таҷрибаи мактабдории маорифи шаҳри Исфара  ҳисобид.

Таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ дар аксари муассисаҳо боиси қаноатмандист. Аз сабаби ба нафақаи синнусолӣ рафтани омӯзгорони алоҳида дар муассисаҳои ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳ ба 2-нафарӣ омӯзгори фанҳои забони русию физика ва як нафар омӯзгори забони англисӣ эҳтиёҷи кадрӣ ба назар мерасад. Ин мушкилот аллакай ҳалли худро ёфтааст. Омӯзгорони ин фанҳо аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар дар оғози соли нави таҳсил ба ҷойи кор, маоши хуб ва як қатор имтиёз фаро гирифта мешаванд.

       Нақши кабинетҳои фаннӣ, воситаҳои аёнӣ, гузаронидани  таҷрибаҳои илмӣ-амалӣ дар раванди  таълим хеле бузург аст. Аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Исфара дар муддати солҳои 2018-2020 бо маблағи 72930 сомонӣ 20 кабинети фаннӣ харидорӣ карда шуд, ки ин барои пешбурди кори таълиму тарбия омили хеле муҳим аст. Дар амалӣ намудани нуқтаҳои ин барнома саҳми муассисаҳои таълимии №39,5,4,27,6,43,32,1, 25,72,13 ва литсейи №5 калон аст. Дар ин муддат аз тарафи ин муассисаҳо кабинетҳои фаннии мусиқӣ, физика, биология, география, технологияи иттилоотӣ, химия ташкил гардида, муассисаҳои дар боло номбаршуда бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ҳатто 2 ва 3 кабинети фаннӣ ташкил намуданд.  

     Дар раёсати маорифи шаҳри Исфара фаъолияти кабинети методӣ хеле назаррас ва боиси таҳсин аст. Мутахассисону мушовирони кабинети фаннӣ таҷриба ва малакаи баланди касбӣ доранд.

Иқдому ташаббуси кабинети методӣ дар самти баланд бардоштани малака ва маҳорати омӯзгорон натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Танҳо дар давоми соли таҳсили 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 ба курсҳои такмили ихтисос ва  бозомӯзӣ қариб 900 нафар директору ҷонишини онҳо ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Аз курси 48-соатаи омӯзиши муносибатҳои салоҳиятнокӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ зиёда аз 110 нафар омӯзгор гузашта, таҷрибаи худро сайқал доданд.

     Замони ҳозира замони инкишофи босуръати илму техника, хусусан, технологияи иттилоотӣ ва дастгоҳҳои рақамӣ аст.

Ба ҳамин хотир, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 443, аз 29-09-2017 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Исфара зиёда аз 90 компютер харидорӣ карда шуд. Шумораи тахтаҳои электронӣ ба 69, принтерҳо ба 286, проекторҳо ба 77, китобхонаи электронӣ ба як, сомона ба 2, компютерҳо ба 2069 адад расонида шуд. Айни ҳол дар 86 муассисаи таълимӣ 2069 адад компютер мавҷуд аст ва дар давоми соли 2020 ва семоҳаи аввали 2021 206 адад компютер аз таъмири хушсифат бароварда шудааст. Ин иқдому омилҳо боиси он гаштаанд, ки омӯзиши назарияи технологияи иттилоотӣ дар ҳамаи муассисаҳо хуб ба роҳ монда шавад.

     Забондонӣ бешак ҷаҳондонӣ аст. Бо мақсади омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар шаҳри Исфара марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ба монанди «Муассисаи хусусии «ТОРУАН», «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо», «Ҷаҳони боз», «Донояк», «ЁДГИР» амал карда истодаанд. Дар гӯшаи амрикоии «Ҷаҳони боз» шаш нафар омӯзгор ва ҳашт нафар ихтиёрӣ аз ҳисоби хатмкардагони барномаи “ACCESS» бо хонандагон машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд. Дар марказ озмунҳои “Spellin Bee” ва шабнишиниҳои «Баҳс»-Debate” “WEB CHAT” ташкил ва гузаронида мешавад. Саҳми муассисаи ғайридавлатии “Мактаби омӯзиши иловагии зеҳнӣ”, ки бо роҳбарии омӯзгори забони англисӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Маҳмудова амал менамояд, дар забономӯзии шогирдон хеле калон аст. Дар ин боргоҳи маърифат ба 10 гурӯҳ аз забони англисӣ ва ба 2 гурӯҳ аз забони русӣ машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд.

 Омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои ниёгон кайҳост, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди раёсати маориф касбу ҳунарҳои гуногун дар 42 маҳфил ва 126 гурӯҳ омӯзонида мешавад. Дар ин маҳфилҳо 1260 нафар хонанда касбу ҳунар меомӯзанд, ки 890 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

      Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи шаҳри Исфара Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025”-ро сармашқи кори худ намуда, дар тарбияи хонандагони соҳибистеъдод нақши муҳимро иҷро мекунад. Дар марказ аз 6 фанни таълимӣ маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст. Дар ду моҳ як маротиба сатҳу сифати дониши хонандагон санҷида мешавад. Дар ин даргоҳи маърифат мунтазам гузаронидани озмунҳои фаннӣ, викторинаҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои илмӣ – амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Роҳбарии ин муассисаро бонуи донишманд Қаноатхон Абророва ба дӯш дорад. Моҳи январ ва феврали соли 2021 даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 8-11 баргузор гардид. Дар он 223 нафар толибилм аз шаҳри Исфара иштирок намуда, дар синфҳои 11 ҳашт нафар ҷойи якум, 7 нафар ҷойи 2-юм ва 17 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дар синфҳои 9-10 6 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм насиби шогирдони муассисаҳои шаҳри Исфара гардид. Хонандагони синфҳои 8 ум 9 нафар ба ҷойи якум, 2 нафар ба ҷойи дуюм ва 21 нафар ба ҷойи сеюм мушарраф гардиданд, ки ин дар миқёси вилоят мақоми беҳтарин аст.

     Дар асоси Низомномаи олимпиадаи “Spelling Bee”  (забони англисӣ байни синфҳои 5-7) ва фармоиши сардори раёсати маорифи вилояти Суғд  № 310 аз 30-12-2020 дар марказ даври минтақавии олимпиадаи Spelling Bee барои ғолибони даври шаҳрии олимпиада баргузор гардид. Дар он хонандагон аз шаҳрҳои Исфара ва Конибодом иштирок намуданд. Дар натиҷа аз шаҳри Исфара 4 нафар ва аз шаҳри Конибодом 2 нафар ғолиб омаданд.

Моҳи марти соли равон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои дақиқ барои хонандагони синфҳои 11-ум баргузор гардид. Дар он 24 нафар толибилми муассисаҳои шаҳри Исфара ширкат варзида, сазовори 8 ҷойи 2 ва 5 ҷойи сеюм гардиданд. 

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ аз 14 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара 10 нафарашон ҷойҳои 1-ум ва 3-юмро соҳиб шуданд.

     Дар давоми 3 моҳи соли 2021 ба раёсати маорифи шаҳри Исфара 13421 нусха китоби дарсӣ ва 73 нусха “Раҳнамои омӯзгор” ворид шуда, ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шудааст. Дар китобхонаи ҳар як муассиса 14 ҷузвдон оид ба фаъолияти он ташкил карда шудааст. Дар 3 моҳи соли равон ба китобхонаи 10 муассисаи таълимӣ ёрии методӣ расонида шудааст. Фонди умумии китобхонаҳои раёсати маориф 784292 нусха китобро ташкил медиҳад. Аз ин 580660 нусха китоби дарсӣ, 150 ҳазор нусха китоби бадеӣ, 26932 нусха маводи методӣ ва барномаи таълимӣ, 26700 нусха маҷаллаю рӯзномаҳо мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара 84 китобхона мавҷуд аст. Дар 31 муассисаи томактабӣ низ китобхонаю гӯшаҳои китоб ташкил карда шудааст.

     Моҳи апрели соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи адабиёти кӯдакон ва наврасон баргузор гардид. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шогирдони муассисаҳои шаҳри Исфара фаъолона иштирок мекунанд. Соли гузашта хонандаи синфи 4-и мактаби №10 Муродҷон Бойсаризода дар номинатсияи адабиёти бачагона мақоми 3-юм ва хонандаи синфи 4-и литсейи №1 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд. Дар озмуни беҳтарин китобхонаи бачагона «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», ки бо дастгирӣ ва ҳамкории лоиҳаи ЮСАИД  «Ҳамроҳ бихонем» доир карда шуд, китобхонаҳои мактабҳои №1,24,17 иштирок намуданд. Дар даври вилоятӣ китобхонаи мактабҳои №24 ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Варзиш кафили тандурустӣ ва солимии насли наврас аст.

Аз 86 муассисаи таълимии шаҳри Исфара дар 64-тояш майдончаҳои футбол, дар 84 тояш майдончаҳои волейбол, дар 64 муассисаи таълимӣ майдончаҳои баскетбол, дар 42 муассиса толори варзишӣ ва як ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Дар давоми 3 соли охир дар 10 муассисаи таълимӣ майдончаҳои футболи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй сохта шудааст.

Дар таътили зимистона даври вилоятии мусобиқаҳои футбол, волейбол, шоҳмот ва даври шаҳрии волейбол байни писарон баргузор шуд. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ варзишгарони муассисаҳои шаҳри Исфара ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Умуман, варзишгарони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара бо маҳорати баланди худ дар ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ ном баровардаанд. Мушовири соҳаи варзиши раёсати маориф Илҳомҷон Махкамов ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҷавонону наврасон ва омӯзгорони муассисаҳо ба варзиш машғул гашта, тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои ҳар як омӯзгор ва падару модар раҳнамои беминнат аст. Раёсати маорифи шаҳри Исфара бобати дар амал тадбиқ намудан банду бобҳои ин Қонун аз рӯзи нахустини қабул гардиданаш корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 3 пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд, 4 пешниҳоди прокуратураи шаҳри Исфара ва 8 пешниҳоди ШВКД-1 оид ба қонунвайронкуниҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ноболиғон ба раёсати маориф ворид шуд. Дар  маҷлисгоҳи раёсати маориф 13 нафар хонандаи муассисаҳои № 1,7,10 ва литсейи №6 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар пешравии фаъолияти раёсати маорифи шаҳри Исфара нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, хусусан муассисаи таҳсилоти иловагии №1 бузург аст. Ин марказ таҳти роҳбарии директори он Зулайхо Марупова пайваста кӯшиш менамояд, ки шаъну эътибори маорифи Исфараро дар вилояту миқёси ҷумҳурӣ муаррифӣ намоянд. Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар ин марказ зиёда аз 10 чорабинӣ ташкил карда шуд. Ин чорабиниҳо дар толори марказ, толори қасри фарҳанги шаҳр ва ҳудуди вилоят баргузор гардиданд. Чун анъана шогирдони муассисаҳои шаҳри Исфара ғолибият ба даст оварда, соҳиби сипосномаву ифтихорномаҳо гаштанд. Метавон гуфт, ки муассисаи таҳсилоти иловагии №-1 эҳёгари бозиҳои миллӣ мебошад.

Раванди рӯзафзуни демографӣ, ташкилу таъсиси маҳаллаю ҷамоатҳои нав, васеъ шудани ҳудуди  шаҳру деҳот, маъниҳои илҳомбахши даврони истиқлолият тақозо менамояд, ки дар баробари рушду вусъати тоза бахшидан ба кори таълиму тарбия, дар фикри ояндаи насли наврас низ бояд буд. Шумораи рӯзафзуни насли наврас тақозо менамояд, ки мактабҳои нав,биноҳои таълимӣ сохта шаванд. Бо иқдоми неки омӯзгори варзида, Аълочии маорифи Тоҷикистон Мавлудахон Маҳмудова  мактаби хусусии забономӯзии «ТОРУАН»  (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) бунёд гардид. Ҳоло дар 7 синфи он 63 нафар хонанда таҳсил дорад. Аз тарафи омӯзгори мактаби № 2 Рисолат Яҳёева дар кӯчаи «50-солагии Октябр»-и шаҳр бунёди кӯдакистони хусусӣ идома дорад. Соли хониши 2020-2021 бо иқдоми бародарон Исроил ва Нарзулло Улмасовҳо мактаби хусусии «Академияи Контакт Интернешнл» сохта шудаву ба фаъолият оғоз кард. Дар 11 синфхонаи он 136 нафар хонанда ба омӯзиши илм машғуланд. Инчунин, бо ташаббуси бародарон, айни ҳол мактаби байналмиллалии «Ориён» барои 800 нафар толибилм бо маблағи 30 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Аз ҷониби соҳибкори муваффақ Абдуваққос Нишонов дар деҳаи Гулистони ҷамоати Навгилем ва маҳаллаи Зебуннисои маркази шаҳр кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 150 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шуд. Дар маҳаллаи Холисони Ҷамоати Чоркӯҳ соҳибкор Парвиз Каримов барои 100 нафар кӯдак кӯдакистони хусусӣ бунёд менамояд, ки дар арафаи ҷашни 30-солагӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара як силсила биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шуданд. Бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар рӯзҳои ташрифи Пешвои миллат ба ҷамоати Ворух дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 хонанда мактаби нав ва дар мактаби №23-и Ҷамоати деҳаи Ворух 8 синфхона барои 240 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Дар мактаби № 72 ва № 66 сохтмони 4 синфхона ба анҷом расида, дар мактаби № 55 сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад. Сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст дар мактаби №28 дар назар дошта шудааст.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш