Нашрияи Омӯзгор

Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ - ғолиби озмун

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 863        Шарҳ: 0

 

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ВМИ ҶТ дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода иштирокдорони озмунро аз номи ҳайати мушовараи вазорат бо баргузории ин чорабинӣ шодбош гуфт. Номбурда афзуд, ки чунин иқдом аз ҷумлаи силсилаи чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни умумимиллии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба ҳисоб рафта, ҳадафи он дар ниҳоди шогирдон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби илму дониш, азхуд кардани илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ маҳсуб меёбад.

Довталабони озмун аз шаш фанни таълимӣ – забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, химия ва биология имтиҳон супориданд.

Бояд гуфт, навиштани иншо, нақли хаттӣ ва ҳалли масъалаҳо аз фанҳои табиӣ – риёзӣ чандон мушкилӣ надошт. Зеро ҳамаи супоришҳо аз доираи барномаҳои таълимӣ ба таври озод буда, довталабони озмун бо муҳтавои онҳо ошно буданд.

Бояд зикр кард, ки қисми зиёди иншонависҳо аксарият аз 65 нафар (61 нафар иштирок карданд, 55 нафар мавзӯи озодро) интихоб намуданд. Ин шояд аз он дарак медод, ки хонандагон бештар  ба эҷодкорӣ  завқу шавқи беандоза доранд.

 Бино ба ақидаи узви ҳайати озмун – мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии ДМТ, номзади илми физика ва математика Сафаргул Одинаева, аз фанни технологияи иттилоотӣ (аз рӯйи 100 бал, ки ҳамагӣ 30 саволи тестӣ дошт) 54 нафар имтиҳон супориданд. Мутаассифона, аз ин теъдод танҳо бо гирифтани 36 бал масъалаҳои тестиро ҳал намуданду халос. Ду нафар 24 ва 1 нафар 20 бал ба даст оварданд. Боқимондаҳо камтар аз 12 балро соҳиб гардиданд.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки иштирокдорони озмун  масъулият ҳис накарда, бе тайёрӣ ба озмун омадаанд. Ҳол он ки шогирдонро бояд на танҳо ҳангоми дарсҳо, балки дар маҳфилҳо низ бояд ба ин фан ҷалб менамуданд.

Аз фанни забони англисӣ аз рӯйи матни «Шаҳри кӯчак бар муқобили шаҳри азим» (341 калима)  довталабон диктант навиштанд. Чунонки узви ҳайати ҳакамон - омӯзгори забони  англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, номзади илми филология  Мирато Комилов гуфт, аз диктант (61 нафар иштирокчӣ) танҳо як нафар баҳои аъло  гирифт, ҳол он ки матн чандон душвор набуд.

Озмун нишон дод, ки аз  фанни биология довталабон нисбатан дониши хуб доштаанд. Инро узви ҳайати ҳакамон Алиҷон Ваҳҳобов – дотсенти кафедраи анатомия ва физиологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, номзади илми биология тасдиқ намуд. Аз теъдоди 53 нафар (бали умумӣ  60), як нафар  56 балро соҳиб гардид. Ҳамин тавр, бали се нафари дигар аз 50 боло буд, ки нишондиҳандаи хуб аст. Омӯзгори химияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Умаралии Сафаралӣ  ҳамчун узви ҳайати ҳакамон иброз дошт, ки натиҷаи озмун аз фанни химия нисбат ба солҳои пешин хушҳолкунанда аст.

Номзади илми филология, дотсенти ДДЗТ ба номи С. Улуғзода Мушкинисо Раҳимова аз дониши довталабон чандон қаноатманд набуд. Аз ҷамъи довталабон аз фанни забони модарӣ танҳо як нафар баҳои 5/5 гирифтааст. Аз бисту як нафаре, ки аз ин имтиҳон апеллятсия навиштанд, баҳояшон ба ҷойи 3/2 ба 2/2 ва ба ҷойи 4/3 ба 4/2 поин фароварда шуд. Ниҳоят, озмун ҷамъбаст гардид ва ғолибон эълон гардиданд. Ҷойи аввал насиби коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе гардид.  Ҷойи дуюм ба коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар – «Даво» ва ҷойи сеюм ба коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи шаҳри Душанбе муносиб дониста шуд. Ғолибон бо Диплом, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш