Нашрияи Омӯзгор

Тақвияти ҳамкориҳо дар доираи СҲШ

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  яке аз аввалин муассисаҳои таълимии олии касбӣ мебошад, ки дар минтақаи мазкур мутахассисони соҳаи саноату  хоҷагии қишлоқро тарбия намуда ба воя мерасонад. Маъмурияти донишкада, пеш аз ҳама, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, махсусан, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ роҳу усулҳои нави муосирро ҷустуҷӯ ва дар ҷараёни таълим онро амалӣ намуда истодаанд. Айни ҳол  дар 5 факулта ва 12 кафедраи омӯзиши рӯзона ва шуъбаи ғоибонаи донишкада 2539 донишҷӯ  таҳсил менамоянд. Заминаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ, озмоишӣ ва таълимии донишкада ҳамасола такмилу ғанӣ гашта, шароитҳои зарурии таълиму тарбия барои омӯзгорону донишҷӯён муҳайё гардидааст. Директори донишкада, номзади фанҳои филологӣ  А. Ниёзӣ зикр намуд, ки эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлонро ба инобат гирифта, бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷӣ кишвар,  аз соли 2009 то имрӯз  бо зиёда аз 40 донишгоҳи олии Федератсияи Россия ва хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкории судманд ба имзо расонидааст, ки тибқи он донишҷӯёни тоҷик имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳониро доранд. Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо Донишгоҳи Донхуа (Шанхай) ва Донишгоҳи Нормали Фуҷиан (Фуҷоу) бо дарназардошти робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин, созишномаи байни ҷумҳурии мардумии Чин ва ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ки ҳадафи дастгирӣ ва рушди муносибатҳои тарафайн ва баробарӣ мебошанд, ба имзо расонида шудааст. Ҳамзамон, дар доираи ин шартномаҳо мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, мубодилаи иттилоот дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ ва технологӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, барномаҳои муштараки тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои таълим, инчунин, баргузории конфронсҳо, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар ва ташкили намоишгоҳҳо дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади амалӣ гардонидани шартномаҳои ҳамкории донишкада бо Донишгоҳи Донхуаи Ҷумҳурии мардумии Чин моҳи октябри соли 2018 барои хондани лексия профессор Ванг-Хуа ташриф овард. Дар доираи ин сафар масъалаҳо оид ба таҳсил, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо раёсати донишкада баррасӣ ва дар толори фарҳангӣ бо ҳайати омӯзгорону профессорони донишкада вохурӣ доир  гардид. Раёсати Донишгоҳи Донхуа расман иброз доштанд, ки мубодилаи донишҷӯёну омӯзгоронро ба роҳ монда,  дар ҳамкорӣ бо корхонаи нассоҷии Кулоб-текстайл дар донишгоҳи мазкур мутахассисони варзидаро тайёр намоянд ва дар корхона кору фаъолият намоянд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш