Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши принсипҳои таҳсилоти фарогир

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе конфронси навбатии байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фарогир-роҳ ба сӯйи баробарҳуқуқӣ: ба омӯзгорон омӯзонидани принсипҳои таҳсилоти фарогир» баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва шарикони ҳамкори донишкада ташкил гардид. Дар конфронс намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба  номи А.Ҷомӣ, олимону мутахассисони соҳаи таҳсилоти фарогир, созмонҳи ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии конфронс имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат барои ҳама ва омӯзонидани принсипҳои он, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо маҳсуб меёфт.

Конфронс ҳам дар шакли фосилавӣ ва ҳам дар шакли амалӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар, аз ҷумла, намояндагон аз кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Финляндия мустақиман баргузор гардид.

Дар кори конфронс беш аз 32 маърӯзаи мутахассисони соҳа шунида шуд. Ҳамзамон, бо дарназардошти хулоса ва пешниҳоди мутахассисони соҳа тасмим гирифта шуд, ки ба мақомотҳои дахлдор пешниҳодҳои судманд баҳри фароҳам овардани шароит ҷиҳати расонидани кумаки равонӣ бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ин қишри ҷомеа манзур мегардад. Маърӯзакунандагон, ки аксар равоншиносон ва педагогҳои варзидаи касбӣ буданд, андешаҳои худро перомуни рушд ва дастгирии насли наврас, махсусан, нафарони имконияти маҳдуддошта пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми кори конфронс роҳбарият ва ташкилкунандагони ин чорабинии муҳим ба фаъолияти гурӯҳи корӣ, шарикони ҳамкор, меҳмонон изҳори сипос намудаанд.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш