Нашрияи Омӯзгор

Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Сана: 2021-05-29        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Байни ҶДММ  «Днепро-энергостал»-и Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Он аз ҷониби директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Украина Вадим Осипенко ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ ба тасвиб расид.

Роҳбарияти ҶДММ «Днеп-роэнергостал»-и Украина ба директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ изҳор дошт, ки ширкат омода аст, ки донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзии амалӣ дар фаъолияти рӯзмарраи корхона ҷалб намоянд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалишавии бандҳои шартнома аз соли хониши 2021-2022 сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо дастовард ва аз раванди таълиму тарбияи ин махзани илм ошноӣ пайдо намуда буданд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи шарикии дарозмуддати истеҳсолӣ ва илмӣ ба таҳия ва татбиқи технологияи муосир ҳамкорӣ намоянд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш